Пайвандҳои дастрасӣ

Санъати заргарии тоҷикӣ аз ҳунарҳои бостониест, ки дар тӯли асрҳо тағйири шакл, сурат ва мазмун кардааст, вале ба гуфтаи заргарони тоҷик, вижагиҳои миллии тоҷикиашро то ҳол нигоҳ медорад.

Санъати заргарӣ, ки ба гуфтаи донишмандон, ҳанӯз аз асри биринҷ оғоз мегирад ва таърихи дастикам 15 000-сола дорад, вобаста ба минтақаҳову кишварҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам фарқ мекунад. Ҳунари заргарии тоҷикӣ, ки бахше аз санъати заргарии Осиёи Марказист, низ вижагиҳои худро дорад ва дар тӯли роҳи тӯлонии таърихиаш вобаста ба талаботи замон ва тағйири сохту низоми зиндагии сокинони ин қаламрав тағйири шаклу сурат ва мазмун кардааст.

Абдураҳмон Назирматов, устоди фанни заргарӣ дар коллеҷи ҷумҳуривии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов рӯзи 28 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, заргарии тоҷикӣ асосан дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ва шаҳрҳои тоҷикнишини Узбакистон шакл гирифтааст: “Вале ҳунари заргарии баъзе минтақаҳои дигари Узбакистон ва ҳамин тавр, Туркманистону Қирғизистон куллан аз мо фарқ мекунад. Заргарони тоҷик бештар ба тарзи симгарӣ (филиграни) кор мекунанд, вале заргарони қирғиз ё туркман аз варақаҳо коркард мекунанд. Услуби коркарди бадеии фулузоташон низ фарқ дорад. Овезаҳояшон дар гӯшвор, дар қулфи гиребон фарқ мекард.”

Абдураҳмон Назирматов

Абдураҳмон Назирматов

Абдураҳмон Назирматов, ки касби заргариро дар солҳои 80 дар мактаби заргарии шаҳри Павловои вилояти Нижний Новгороди Русия омӯхтааст, мегӯяд, заргарӣ дар вилояти Суғд ҳатто аз ҳунари заргарӣ дар Кӯлоб фарқҳое дорад: “Дар Кӯлоб, ки заргарӣ хеле рушд ёфта буд, овеза барои қӯлфи гиребонро ба шакли гирд бо рамзи офтобу ситораҳо месозанд. Ё дар Рашту Кӯлоб зира маъруф аст, ки аз занҷираҳои борик сохта мешуду овезаҳои зиёд дорад. Дар Суғд ин ду услуб камтар истифода мешавад.”

Вижагии дигари маҳсули дасти заргарони тоҷик ба сангҳои қиматбаҳое, ки дар бистари хоки ин кишвар нуҳуфтаанд, низ бастагӣ дорад. Заргарони тоҷик дар кори худ аз сангҳои нодири маҳаллӣ, ба мисли ёқуту лаъл, фирӯза, лоҷувард ва амсоли ин зиёд истифода мебаранд. Дар гузашта дар ҳунари заргарии тоҷикӣ, ба гуфтаи мусоҳиби мо, нуқра назар ба тило бештар истифода мешуд, чунки нуқра зиёдтар тавлид мешуд ва барои заргарону муштариёни онҳо дастрастар буд.

Раванди ҷаҳонишавӣ ва боз шудани марзҳо, меафзояд устоди фанни заргарӣ, ба ҳунари заргарии тоҷикӣ низ бетаъсир набудааст: “Вале ба ҳар ҳол, талабот ба заргарии тоҷикӣ гум нашудааст. Дар тӯю арӯсиҳо боз ҳам маҳсули заргарони тоҷикро ба бар мекунанд, чунки ба либоси миллии тоҷикӣ инҳо мувофиқтаранд.”

Муҳаққиқи тоҷик Зарина Умарова дар рисолааш бо номи “Таърихи рушди санъати заргарии тоҷикӣ” менависад, ба бар кардани маснуоти заргариву ҷавоҳирот дар асрҳои қадим бештар такя ба боварҳои мардум мекард ва одамон сангҳоеро ба либоси худ медӯхтанд ё маснуоти заргариеро ба дасту гардан меовехтанд, ки ба бовари онҳо, инсонро аз чизҳои бад, аз ҷумла аз чашми бад, аз бало, аз маризиҳо эмин нигоҳ медоранд. Дар асрҳои миёна, ба навиштаи Зарина Умарова, дар санъати заргарӣ паҳлуҳои эстетикӣ боло гирифт ва маснуоти заргариро дигар натанҳо ҳамчун “балогардон”, балки ба хотири зебоияш ба бар мекарданд. Ҳамин тавр, дар тӯли асрҳо доштани ҷавоҳирот ва маснуоти заргарӣ ҳамчун аломати сарватмандии хонавода ва василаи намоиши дороии хонаводаҳо ҳам ба шумор мерафт.

Вале бо вуҷуди чунин тағйири шаклу мазмун, менависад Зарина Умарова, хусусияти ибтидоии чунин маснуот, яъне хосиятҳои “балогардонӣ”-и сангҳову фулузоте, ки дар сохтани гӯшвору ангуштариву бозубанду дастпона ва дигар маснуоти заргарӣ истифода мешуд, аҳамияти худро ҳеҷ гоҳ гум накардааст.

Аз тарафи дигар, ҷавоҳирот, аз ҷумла маснуоти тилоививу нуқрагӣ як навъи сармоягузорӣ ҳам боқӣ мемонад. Нархи тило, ба гуфтаи заргарҳо ҳамеша боло меравад ва бисёриҳо талош мекунанд, то пасандозҳои худро на бо пулҳои қоғазӣ, ки қурбаш дар бозор болову поён мечархад, балки бо тило ҳифз бикунанд, чунки тило ҳамеша тилост.

Муди маснуоти заргарӣ низ ҳар сол дигар мешавад ва ба гуфтаи Абдураҳмон Назирматов, ҳоло таваҷҷӯҳи мардум ба маснуоти нуқрагӣ ва аз тилои сафед бештар шудааст: “Мудро дар мо бештар тақлид муайян мекунад ва вақте як нафар мебинад, ки дигаре чӣ маснуоти заргарӣ ба ба бар кардааст, аз паси хариданаш мешавад. Дар ҳар сурат, ҳоло мушоҳида мешавад, ки бештар аз нуқра мехаранд ва аз тилои сафед, чунки ҳамранги нуқра аст.”

Дар ҳоли ҳозир, дар коллеҷи рассомии Душанбе, донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, донишгоҳи технологии Кӯлоб, коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан гурӯҳҳои вижаи заргарӣ вуҷуд доранд, ки заргарони ояндаи тоҷикро тарбия мекунанд. Абдураҳмон Назирматов шӯхиомез мегӯяд, “то вақте ки дар рӯи дунё зан ҳаст, заргар бекор намемонад.”

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG