Пайвандҳои дастрасӣ

Пайвандон ва вакили дифои Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди миллӣ ва раиси пешини Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир, ки бо ҷурми кӯшиши табаддулоти давлатӣ ба ҳабси абад маҳкум шудааст, аз парлумон хостаанд, то бар асоси қавонини кишвар парвандаи ӯ бозбинӣ шавад.

Ғаффор Мирзоев, ки ба ҷурми қасди ташкили табаддулоти давлатӣ, хариди ғайримуҷози силоҳ, нигаҳдории он, сӯиистифода аз мақоми хидматӣ ва дигар ҷиноятҳои сангин ба ҳабси абад маҳкум шудааст, ҳамакнун 12 соли зиндонашро паси сар кардааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки моддаи 13 –и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҳаққи таҷдиди назар дар парвандаи Ғаффор Мирзоевро медиҳад. Зеро дар моддаи 13-и Кодекси ҷиноӣ гуфта шудааст, ки “қонуни ҷиноятие, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад, ҷазоро сабук ё ба тариқи дигар вазъи шахси ҷиноят содиркардаро беҳтар мекунад, яъне ба шахсоне татбиқ мегардад, ки мўҳлати ҷазоро адо мекунанд ё кардаанд, вале доғи судӣ доранд.”

Ҷамила Комилова, вакили дифои Ғаффор Мирзоев, рӯзи ҷумъаи 17 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин моддаи қонуни ҷиноятӣ мафҳуми “қувваи бозгашти қонуни ҷиноятӣ”-ро дорад ва ба ҳамин далел ба Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон бо ариза муроҷиат кардем, то дар нисбати зерҳимояам Ғаффор Мирзоев ин модда мавриди баррасӣ қарор бигирад.”

Хонум Комилова, ки ҳамчунон ба ҷазои ҳабси абад маҳкум шудани зерҳимояаш Ғаффор Мирзоев розӣ нест, мегӯяд, “моддаи 13-и Кодекси ҷиноӣ дар ҳолати сабук кардани ҷазои муҷрим қувваи бозгашт мегирад ва бояд нисбати Ғаффор Мирзоев низ он татбиқ шавад. Зеро вай дар муддати 12 сол дар зиндон ҳеҷ қонуншиканӣ накарда ва даст ба ҷиноят низ назадааст. Балки рафтори шоиста аз худ нишон додааст”.

Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев низ, ки ба тозагӣ дар зиндон бо бародараш мулоқот кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, “худи бародарам муроҷиат ба парлумон ва дигар ниҳодҳои зирабти қонуниро барои бозбинии парвандааш тақозо дорад. Вай ба ҷурми ҳабси абад розӣ нест ва барои ҳамин ба бозбинии парвандааш таъкид дорад. Албатта борҳо ба парлумон, Додгоҳи Қонуни Асосӣ ва дигар ниҳодҳо нома навиштааст, аммо тавре худаш мегӯяд, номаҳояш ҳатто аз бинои зиндон берун намераванд.”

Оиша Мирзоева.

Оиша Мирзоева.

Оиша Мирзоева мегӯяд, “Ғаффор гуфт, ки агар аз зиндон баромадам ҳатман собит хоҳам кард, ки ҳеҷ гуноҳе накардаам, вале агар набаромадам ҳам, бояд гӯям, ки гунаҳкор набудам”. Ҳамчунин Оиша Мирзоева дар робита ба вазъи саломатии бародараш гуфт, ба ҷуз чанд дандони маризаш дигар ҳолаш хуб аст ва шикояте надорад ва шукри Тоҷикистони оромро мекунад.

Аммо нигаронии хонум Мирзоева он аст, ки бо гузашти 12 сол дар зиндон, вакили Ғаффор Мирзоев боре ҳам натавонистааст бо зерҳимояяш мулоқот кунад. Мақомот танҳо ба Ойша Мирзоева иҷозат додаанд, ки тибқи қонун бародарашро бубинад.

Масъулони Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон гуфтанд, ки ҳанӯз нома ва ё дархосте дар иртибот ба масъалаи Ғаффор Мирзоев ба дасти онҳо нарасидааст, аммо дар сурати дарёфти ҳамчунин нома, ҳатман онро баррасӣ хоҳанд кард.

Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди раёсати ҷумҳурӣ, собиқ раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир ва раиси пешини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз ҷониби ниҳодҳои интизомии кишвар дар августи соли 2004 боздошт шуд ва Додгоҳи Олӣ соли 2006 ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Генерали собиқ Мирзоев ба ҷурми қасди ташкили табаддулоти давлатӣ, хариди ғайримуҷози силоҳ, нигаҳдории он, сӯиистифода аз мақоми хидматӣ ва дигар ҷурмҳои вазнин гунаҳкор дониста шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG