Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони гуфтугӯ бо Ғарб: “Мо нигаронем”


Тундравони Эрон аз музокирот бо давлатҳои Ғарбӣ бар сари барномаҳои ҳаставии кишвар нигарон шудаанд ва мехоҳанд, ки мақомот ин нигаронии онҳоро бидонад.

Ин гурӯҳ таҳти шиори “Мо нигаронем” ба ҳам омада ба ҳукумат пайғом медиҳанд, ки аз гузаштҳои Эрон дар баҳси барномаҳои ҳаставӣ дар ташвишанд. Дар фосилаи як ҳафта аз сафари нозирони Созмони Милали Муттаҳид ба Эрон в гуфтугӯҳои фаннӣ дар заминаи баррасии ҷузъиёти созишномаи дарозмуддат дар Ню Йорк, ин гурӯҳи “нигарон” авохири ҳафтаи гузашта (3-4 май) дар рӯбарӯи сафорати собиқи Иёлоти Муттаҳаида дар Теҳрон, ки онро дар ин кишвар маъмулан “лонаи ҷосусӣ” мехонанд, сарҷамъ шуданд.

Ин гурӯҳ созиши муваққати Эрон бо қудратҳои ҷаҳониро, ки моҳи ноябр дар Женева тасвиб шудааст ва ҳамчунин талошҳои ҳукумати Рӯҳонӣ барои дастрасӣ ба муомилоти бардавомро танқид мекунанд. Дар ҳоле, ки ҷамъомадагони мулоқоти авохири ҳафта худро мансуб ба ҳеҷ гурӯҳе намедонанд, аммо гуфта мешавад, ки гирдиҳамоӣ бо ибтикори донишомӯзони узви созмони тундрави Басиҷ ташкил шуд.

Фаршӣ Ҷаъфарӣ, сарвари гурӯҳе бо номи “Ҷунбиши донишҷӯёни адолатхоҳ” дар сӯҳбат бо хабаргузории "Форс" гуфтааст, ки бо ташкили ин ҷаласа ҳеҷ ҳадафи сиёсиро пайгирӣ намекунанд ва танҳо барои ҳимояти ҳуқуқу манофеи кишвар вориди саҳна шудаанд. “Мо гузашт намехоҳем”- гуфтааст Фаршӣ Ҷаъфарӣ. Чанде аз мақомоти давраи раёсати Маҳмуд Аҳмадинажод ва якчанд тан аз вакиломи тундрави порлумони Эрон дар ин ҳамоиш ҳузур доштанд.

Фаридун Аббосӣ, раиси собиқи созмони энержии ҳаставии Эрон яке аз онҳо буд. Аббосӣ аз нафаронест, ки аз силсилаи талоши сӯиқасд ба ҷони донишмандони соҳаи ҳастаии Эрон ҷон ба саломат бурдааст. Эрон дар ин ҳуҷумҳо аз Исроил ва Иёлоти Муттаҳида домангир аст.

Аббосӣ дар шарҳи худ мустақиман президент Рӯҳониро ҳадаф қарор дод, ки дар ҷараёни маъракаи интихоботяш гуфта буд, “хуб аст, ки сентрафугҳо бичарханд, аммо зиндагии мардум ва иқтисод низ бояд чарх бизанад”. Аббосӣ муқоисаи чархиши сентрофугҳо бо зиндагии мардумро иштибоҳи стратегии Рӯҳонӣ унвон кард. “Агар шумо аз пайи беҳбуди зиндагии мардум ҳастед, пас саросемавор тасмим нагиред”- гуфт Фаридун Аббосӣ.

Дигарон дар суханронии худ ба таври ғайримустақим ба раисҷуҳмур ва тими музокироти ҳаставӣ, таҳти сарварии вазири умури хориҷии Эрон Ҷавод Зариф зарба заданд.

Меҳдӣ Муҳаммадӣ,
узви собиқи тими музокироти ҳаставии Эрон мегӯяд, тими феълӣ дар бораи масъалаи ҳаставӣ таҷрибаи кофӣ надорад: “Нигаронии мо аз ин аст, ки оё ин дӯстон ҳадафи худро медонанд ва бо чӣ абзоре мехоҳанд ба он ҳадаф бирасанд?”

Содиқ Кушкӣ, профессори Донишгоҳи Имом Ҳусайн созиши Женеваро бо масоили калидии Ҷумҳурии Исломӣ пайванд дод. Ӯ гуфт, пазируфтани созиши Женава баробар бо пазируфтани дини “Баҳоӣ” аст, ки дар Эрон эътироф намешавад ва дар ниҳояти роҳ мушкил эҷод мекунад. Оқои Кушкӣ ба хабаргузории ИСНО гуфтааст, “як рӯз баъди дигар ҳиҷоби исломӣ мамнӯъ мешавад, агар мо хомӯш бимонем, шиори “Марг ба Амрико” низ ҷиноят унвон мешавад”

Дар аксҳои ин ҷамъомад, ки дар сомонаҳои тундравон нашр шудааст, ширкатдорон постерҳои зидди созиши Женеваро нишон доданд. Ин созиш, ки моҳи ноябр имзо шуд, ба ивази баъзе гузаштҳои Теҳрон, аз ҷумла қатъи баъзе фаъолиятҳои ҳаставӣ баъзе таҳримҳоро алайҳи Эрон нармтар кард.

Иштирокдорон бо талаби эътирофи ҳаққи Эрон барои ғанисозии ураниум дар созишҳои оянда ва аз байн бурдани ҳамаи таҳримот дархост имзо карданд. Нашрияи ислоҳотталаби Эрон “Шарқ” навишт, ки дар ин ҳамоиш танҳо мақомоти собиқи даврони Аҳмадинажод ва тарафдорони сарсупурдаи ӯ иштирок доштанд.

“Онҳое ки мегӯянд барои ҳуқуқи эрониҳо ва манофеи кишвар нигарон ҳастанд, чаро нигаронии худро ба бетаҷрибагии ҳукумати Аҳмадинажод баён накарданд?”- менависад “Шарқ”. Маҳмуд Аҳмадинажод ва ҳукумати ӯ дар заминаи маъмурияти беҳунарона борҳо танқид шудааст.

“Чаро аз байни ҳамаи чолишҳои хурду бузург, ки Рӯҳонӣ аз ҳукумати қаблӣ ба мерос гирифтааст, танҳо дипломатияи ҳастаии Руҳонӣ, ки таҳримотро коҳиш дод ва баъзеҳоро ки дар таҳримҳо даст гарм мекарданд ноумед кардааст, мавриди “нигаронӣ шудааст?”- суол гузоштааст нашрияи “Шарқ”.

Дар ҳоле, ки баъзе сухаронҳои ин ҷамъомад мегӯянд, ки мардуми Эрон тарафдори онҳост, вале гуфта мешавад, эрониҳо аз талошҳои Ҳасан Рӯҳонӣ барои расидан ба созиши ҳастаӣ ва раҳоӣ аз таҳримот, ки ба ҷайб ва зиндагии онҳо зарба ворид кардааст, пуштибонӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG