Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулияти марги се сокини Кӯлоб бар дӯши кист?


Гулчеҳра Одинаева ва духтари ҳаштсолааш Нисо
Гулчеҳра Одинаева ва духтари ҳаштсолааш Нисо

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҳанӯз иллати марги се сокини шаҳри Кӯлобро, ки пушти сари ҳам даргузаштанд, маълум накардааст.

Се сокини шаҳри Кӯлоб баъд аз тановули ғизои шом мариз шуданд ва дар тӯли 18 соат пушти сари ҳам аз дунё даргузаштанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҳанӯз иллати марги ин се нафарро маълум накардааст. Аммо Вазорати дохилии Тоҷикистон гуфт, ки ин се нафар аз помидору бодиринги шӯр заҳролуд шудаанд.

Ин беморӣ "ботулизм" ном дорад ва дар сурати истифодаи саривақтии доруи зидди заҳролудшавӣ бемор наҷот меёбад.

Аҳлиддиншо Қандаков, мутахассиси Идораи вогиршиносии Вазорати тандурустӣ
Аҳлиддиншо Қандаков, мутахассиси Идораи вогиршиносии Вазорати тандурустӣ

Аммо Аҳлиддиншо Қандаков, мутахассиси Идораи вогиршиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, 7 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи корӣ намунаи ғизои фавтидаҳоро барои ташхис ҳозир кардааст ва ҳоло талош доранд, то сабаби марги онҳоро маълум кунанд.

Ҷузъиёти марги се узви як хонавода дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

"Вақте модарам ҷон медод..."

Аммо пайвандони афроди фавтида аз пизишкони дармонгоҳи Кӯлоб, ки натавонистанд, иллати маризии наздикони онҳоро саривақт ташхис диҳанд ва ба осебдидаҳо кумаки аввалия расонанд, домангир ҳастанд.

Рустам Одинаев, дар бораи он шаби ваҳшатнок, ки хоҳараш ҷон дод гуфт, ки шаби 4 январ хоҳараш ногаҳон аз дарди дил шикоят кард ва онҳо ӯро ба бахши маризиҳои қалби бемористони шаҳри Кӯлоб бурданд. Ӯ мегӯяд, ки духтурҳо ба мариз бепарвоёна рафтор карданд, ӯро дуруст ташхис накарданд, танҳо як мусаккин ё доруи оромбахш доданд ва хона фиристоданд.

Гулчеҳра баъди як соати баргаштан аз бемористон дар рӯи дастони додараш ҷон дод. Ба дунбол дарди Шарифа Бадарғаева, модар ва Гулнисои ҳаштсола, духтари Гулчеҳра хуруҷ кард. Гулнисоро ба беморхонаи кӯдакона ва Шарифамоҳ Бадарғаеваро ба беморхонаи вилоятӣ дар Кӯлоб бурданд. Рустам Одинаев, писари ин хонавода мегӯянд, дар ҳоле, ки пизишкон аз даргузашти як узви ин хонавода огаҳ буданд, вале ҳамоно ба модари ӯ таваҷҷӯҳ накарданд.

“Духтуре, ки модарамро қабул кард, чизеро намефаҳмид. Охир худаш намефаҳмид, наход як духтури мефаҳмидагиро занг зада напурсид, ки чӣ кор кунам. Модари маро саҳар дар як ҳуҷра танҳо гузоштанд ва ҳама пайи “пятиминутка” шуданд. Ин бепарвоии онҳо вақте буд, ки аллакай хоҳарам аз дунё рафта буд. Наход, “пятиминутка” аз ҷони одам боло бошад? То омаданд, ки аллакай модарам аз дунё гузашта буд. Ҳеҷ коре барои наҷоти наздикони мо накарданд.” - гуфт Рустам Одинавев.

Марги Гулниссо ва иддаои пизишкон

Умед Бадарғаев
Умед Бадарғаев

Умед Бадарғаев, узви дигари ин хонавода мегӯяд, Гулниссои 9 сола, духтари Гулчеҳраро ӯ ба беморхонаи кӯдакона бурд, вале инҷо низ касе ба бемор таваҷҷӯҳ накард. “Гулниссо дар рӯи дастонам дилаш суст шуд. Гириста гуфтам, ки аққалан як валериянка диҳед. Духтур бепарво мегӯяд, ки надорем. Соати 2 шаб буд. Намегӯянд, ки чӣ дору лозим аст, ки аққалан мо худамон биорем”. - гуфт Умед Бадарғаев.

Дилшод Холматов
Дилшод Холматов

Аммо Дилшод Холматов, пизишки бемористони вилоятӣ дар Кӯлоб, ки он шаб навбатдор будааст, ин иддаоро рад мекунад. Ӯ мегӯяд, аз соати аввал барои наҷоти ҷони Шарифамоҳ Бадарғаева талош кард: “Соати 12 шаб буд. Бемор бетоқатӣ мекард. Аз фишори баланд, дарди сар ва беҳолии умумӣ шикоят мекард. Мо ин занро дар шӯъбаи амрози даруна хобонида, ба табобат оғоз кардем. Мо ташхисро он замон гузошта натавонистем, зеро барои мо хулосаи баъзе ташхисҳо лозим буд. Аммо дарди ӯ ба илтиҳоби шадиди зери меъда монанд буд. Фишораш баланд буд ва нафасаш танг мешуд. Мо барои поин кардани фишору нафасаш боз шудан кӯмак кардем. Ба ӯ доруҳои заруриро додем.” Ин бемор низ бе он ки илаллати маризиаш мушаххас шавад, аз дунё даргузашт.

Тибқи иттилои расмӣ шоми 4 январ Бадарғаева Шарифамоҳи 61-сола, ҳамроҳи фарзандонаш Одинаева Гулчеҳраи 32-сола, наберааш Гулнисои 8-сола ва се аъзои дигари хонавода пас аз тановули хӯроки шом худро нотоб ҳис карданд ба таббони муроҷиат карданд. Давоми 24 соат се узви ин хонавода аз дунё даргузашт, се нафари дигар баъди истифодаи доруи зидди ботулизм аз бемористон ҷавоб шуданд. Фосилаи байни ин маргҳо ҳудудан 8 соат будааст. Дар ин муддат табибони шаҳри Кӯлоб натавонистанд, иллати беморӣ ва марги ин се нафарро ташхис диҳанд ва ҳоло ҳам ба ин суол посух надоранд.

Гуфта мешавад, ки пулиси минтақаи Кӯлоб ба тафтиши ин ҳодиса оғоз кардааст ва ҳоло мунтазири посухи расмии вазорати беҳдошт аст, ки бояд натиҷаи пажуҳишро эълон кунад. Ҳоло ин суол беҷавоб мондааст, ки чаро баъди даргузашти Гулчеҳра Одинаева дар таърихи 4 январ, табибони бемористони Кӯлоб натавонистанд сабаби марги ӯро ташхис диҳанд ва чаро натавонистанд аз марги духтари ӯ дар таърихи 5 январ ва баъдан модари Одинаева рӯзи 6 январ ҷилавгирӣ кунанд?

Солона даҳҳо нафар бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо ба бемористонҳои кишвар интиқол меёбанд ва дар аксар маврид аз баракати таҷрибаи табибон ва амалҳои саривақтии онҳо ҷон ба саломат мебаранд. Аммо бахти ҳамшираи шафқат, Гулчеҳра Одинаева, ки чанд соли ахир дар нооромтарин нуқтаи дунё - Яман фаъолият дошт, омад накард ва ӯ аз дарде, ки шояд худаш даҳҳо нафарро аз он наҷот дода буд, даргузашт.

XS
SM
MD
LG