Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шарҳи ВКД дар бораи марги як сокини шаҳри Ваҳдат


Бунёд Мирзоев

Бунёд Мирзоев

Вазорати корҳои дохила мегӯяд, сокини шаҳри Ваҳдат Бунёд Мирзоев танҳо бозпурсӣ шуда, мавриди шиканҷа қарор нагирифтааст. Ин ҷавони 29-сола шаби 3 апрел худро овехтааст.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон барои бозпурсӣ ба шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Ваҳдат даъват шудани сокини ин шаҳр Бунёд Мирзоевро тасдиқ мекунад, вале мегӯяд, ки ӯ мавриди ягон фишору зӯроварӣ қарор нагирифта буд ва баъди озод шуданаш худкушӣ кардааст. Гуфта мешавад, Бунёд Мирзоев шаби 3 апрел дар коҳдони хонаашон дар шаҳри Ваҳдат худро ба дор кашидааст.

Вазорати корҳои дохила рӯзи 5 апрел бо нашри як раддия дар сомонаи расмиаш гузориши сомонаи интернетии “Паём.нет” дар бораи гӯё бар асари латукӯби кормандони милиса ҳалок шудани ин сокини шаҳри Ваҳдатро рад кард ва гуфт, ки «маълумотҳои овардашуда ягон асоси воқеӣ надошта, бе таҳлил ва бо мақсади иғвоангезӣ нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пахш гардидааст.»

Бино ба гузориши вазорати корҳои дохила, «аз ҷониби кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ вобаста ба санҷиши далелҳои гумонбарии як гурӯҳ ҷавонони шаҳри Ваҳдат барои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, рӯзи 02 апрели соли 2016, шаҳрванд Мирзоев Бунёд Маҳмадиевич, таваллудаш 28 феврали соли 1987, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Кишоварз хонаи 17,

Бунёд Мирзоев

Бунёд Мирзоев

оиладор, соҳиби як фарзанди хурдсол, бо ҳамроҳии падараш Мирзоев Маҳмадӣ Тағоевич, соли таваллудаш 1963, ки дар бозори марказии шаҳри Ваҳдат дӯкони гӯштфурӯшӣ дорад, бинобар сабаби мутобиқат намудани ному насабаш бо ному насаби яке аз шаҳрвандоне, ки қасди сафар намудан ба кишвари Сурия ва иштирок дар ҷангҳои мусаллаҳонаро дошт, ба шӯъбаи милитсия даъват карда шуда, пас аз гузаронидани сӯҳбат дар ҳузури падараш ба хонаашон ҷавоб дода шудааст.»

Сомонаи вазорати корҳои дохила аз қавли падари Бунёд Мирзоев овардааст, ки аз тарафи маъмурони милиса нисбат ба фарзанди ӯ ягон хел зӯроварӣ, лиатукӯб ё фишору муносибати дағалона зоҳир нагардида, «кормандони милитсия фарзандашро дар ҳузури ӯ пурсон шуда, пас ҷавоб додаанд.»

Бино ба ин манбаъ, қазияи худкушии Бунёд Мирзоев аз сӯи додситонӣ мавриди санҷиш қарор дорад.

Рӯзи 5 апрел дар додситонӣ ва шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Ваҳдат низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳар навъ бадрафторӣ нисбат ба Бунёд Мирзоев дар ҷараёни бозпурсиаш аз сӯи кормандони милисаро рад карданд.

Аъзои хонаводаи Бунёд Мирзоев аз сӯҳбат бо хабарнигорон ва шарҳи сабабҳои худкушии ӯ худдорӣ мекунанд. Манобеи Озодӣ қаблан хабар доданд, ки як тоҷири бозори марказии ноҳияи Ваҳдат шаби 3-уми апрел худро ба дор овехтааст. Бунёд Мирзоев, сокини 29- солаи сокини маҳаллаи Бохтари шаҳри Ваҳдат, ки дар бозори марказии ин шаҳр ба тиҷорати телевизор машғул буд, пас аз давъат ба ШКД даст ба худкушӣ задааст.

Наздиконаш мегӯянд, он шаб ягона писари Бунёд рӯзи таваллуд дошт, вале ӯ пас аз бозгашт аз шӯъбаи милиса дар коҳдон худро ба дор овехт.

Абдукарим Садриддинов, яке аз дӯстони ин ҷавон 5-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро рӯзе қабл аз ин ҳодиса ба ШКД-и Ваҳдат даъват карда буданд.

«Ӯ дар бораи он ки чӣ чиз аз ӯ пурсиданд, чизе нагуфт, вале каме зиқ менамуд. Мо ҳам зиёд напурсидем, ки туро дар он ҷо чӣ пурсиданд. Аниқ намедонам, ки чаро ӯ худкушб кард, вале ӯ пас аз даъваташ ба ШКД ба чунин кор даст задааст” - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Дар моҳи сентябри соли 2015 қазияи марги мармузи Умар Бобоҷонов, як сокини шаҳри Ваҳдат дар пайи моҷарое бо маъмурони милисаи шаҳри Ваҳдат низ расонаӣ шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG