Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз ҳамлаи аъзои "Давлати исломӣ" дар Душанбе


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳамкорӣ бо нирӯҳои интизомии Русия аз ҳамлаи аъзои "Давлати исломӣ" дар рӯзи 9 май дар Душанбе ва Маскав ҷилавгирӣ кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмӣ гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо нирӯҳои интизомии Русия аз амали террористии аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар рӯзи 9 май дар Душанбе ҷилавгирӣ кардааст.

Ин вазорат рӯзи душанбе аз боздошти Менглиқулов Достон Ҳасанович хабар дода ва гуфт, ин сокини 22-солаи деҳаи Навбаҳори ноҳияи Қубодиён рӯзи 6 май қасд доштааст, аз Маскав ба Душанбе омада, амалҳои террористиро роҳандозӣ кунад. Аммо, ба гуфти Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ, Менглиқулов дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шудааст.

Ба қавли Садриддинов, "аз рӯи нишондоди Менглиқулов се нафар ҳаммаслакони ӯ аз ноҳияи Қубодиён низ дастгир карда шуда, ҳангоми азназаргузаронии манзили онҳо дар Қубодиён як ноутбук, 6 флешкорт, 30 диск, 10 китоби экстремистӣ, 1 харитаи Тоҷикистон, 1 компас, инчунин ду мухобира ва ду таппончаи дарсомӯзӣ дарёфт ва мусодира гардид."

Ба қавли сухангӯи ВКД, боздоштшудаҳо аз ҷониби мубаллиғони созмони "Давлати исломӣ" раҳнамоӣ шуда, ин амалиётро бо номи "Красная свадьба" ё "Тӯйи сурх" номгузорӣ ва таҳрезӣ кардаанд. "Айни ҳол нисбат ба номбурдагон чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома дорад," – гуфт Ҷалолиддин Садриддинов.

Ин афрод аз шарикони гурӯҳе будаанд, ки ҳафтаи гузашта аз сӯи нерӯҳои интизомӣ дар Русия боздошт шуданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар изҳороти расмияш мегӯяд, рӯзи 2 майи соли 2016, ҳангоми корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар Маскав Саидов Ойбек Солеҳҷонович (соли таваллудаш 1984), зодаи Қирғизистон, шаҳрванди Тоҷикистон, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, миллаташ узбек ва Тошболтаев А.А., ки шаҳрвандии Қирғизистон ва Русияро дорад, дастгир шуда, аз онҳо ду автомат, ду тирдон бо тирҳояш мусодира гардидааст.

Ҳафтаи гузашта ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – хабар дод, ки дар ҷараёни як амалиёти вижа дар шаҳри Маскав 12 зодаи Осиёи Марказиро бо гумони омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар рӯзҳои таҷлили иди Ғалаба дастгир кардааст. Ин ниҳод гуфт, ки дар байни боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон будаанд.

Мақомоти амниятии Русия мегӯянд, ин афрод узви созмони мамнӯи Ҳизб-ут-Таҳрир буда, барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Маскав аз раҳбарони гурӯҳҳои тундрав дар Сурияву Туркия фармон, пул ва ҳатто силоҳ гирифтаанд.

Ҳарчанд дар хабари расмии ФСБ ному насаби боздоштшудаҳо оварда нашудааст, вале нашрияи “Московский комсомолец”-и чопи Маскав бо такя ба манобеи худ Ойбек Саидовро раҳбари гурӯҳи “террористҳо” ном бурда, навишт, ки ӯ зодаи Қирғизистон аст. Ба гуфтаи манобеи ин нашрия дар мақомоти интизомӣ, Ойбек Саидов зану чор фарзандашро дар Тоҷикистон гузошта, ба Маскав барои коркунӣ омадааст. Вале ӯ дар инҷо тавассути шабакаи “Одноклассники” бо гурӯҳҳои ҷангҷӯ дар Сурия робита барқарор кардааст.

Саидов баъди боздошт қасди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ доштани ӯву шариконашро эътироф карда, гуфтааст, омода ҳаст бо тафтишот ҳамкорӣ кунад. Ӯ гуфтааст, миллаташ узбак аст ва эҳтиёҷи рӯзгор, яъне бепулӣ маҷбураш кард, ки бо ҷангҷӯён дар Сурия тамос бигирад.

Дар поёни моҳи март низ дар шаҳри Маскав ҳудуди 20 нафар бо иттиҳоми ҷалби афрод ба сафи ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” дастгир шуданд.

Дар моҳи феврал дар шаҳри Екатеринбурги Русия 7 нафар, бо шумули 5 шаҳрванди Тоҷикистону Қирғизистон аз сӯи маъмурони ФСБ бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дастгир шуданд. Мақомоти амниятӣ гуфтанд, ки ин афрод узви созмони тундрави “Давлати исломӣ” буда, барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва вилояти Свердловск тайёрӣ медиданд.

Ҳамин тавр, рӯзи 8 апрел дар Волгоград ду нафаре дастгир шуд, ки ба гуфтаи ФСБ, низ аз тарафдорони “Давлати исломӣ” буда, ба анҷоми ҳамлаи террористӣ дар ин шаҳр омодагӣ мегирифтанд.

«Давлати исломӣ» як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки ду сол пеш қисматҳое аз қаламравҳои Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин сарзаминҳо эълони ба ном «хилофат» кард. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба асирону дигарандешон ва пайравони мазҳабҳои ғайр ном баровардааст.

Фаъолияти «Давлати исломӣ» дар кишварҳои зиёди дунё, аз ҷумла дар Русия ва Тоҷикистон расман манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG