Пайвандҳои дастрасӣ

Наҷмиддин Қаюмов -- як сарбози вазорати дифои Тоҷикистон, ки 20 рӯз қабл захмӣ шуда буд, мегӯяд, қасди худкушӣ надошт, балки аз беэҳтиётӣ тир ба манаҳаш бархӯрдааст.

Наҷмиддин Қаюмов, сарбози қисми ҳарбии ”17 651”-и вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 26 феврал барои бори нахуст сабаби захмӣ шуданашро шарҳ дода ва ба таври хаттӣ баён кардааст, ки қасди худкушӣ надошт ва аз беэҳтиётӣ ва муомилаи нодуруст бо силоҳ, тир холӣ шуда, ба ӯ асобат кардааст.

Ӯ рӯзи 26 феврал дар беморхонаи Қарияи боло дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки агар қасди худкушӣ медошт, тирро ба сараш мезад, на зери манаҳаш ва афзуд, ки аз беэҳтиётӣ вақте, ки автоматро қабл аз ба "оружейник" гузоштан санҷиданӣ мешавад, ноогоҳ аз Калашников тир холӣ шуда, ба зери манаҳаш бармехӯрад.

Сӯҳбат бо Наҷмиддин рӯи варақ сурат гирифт ва ӯ дар робита ба сабаби захмӣ шуданаш, аввал дасташ тарафи сараш бурда, бо ангушташ нишон дод, ки “агар аз безорӣ худкушӣ мекардам, тирро ба сарам мезадам" ва навишт, "дар ҳар хабаре, ки аз аз қасди худкушии ман гап рафта бошад, хат занед.”

Вай бо имову ишора гуфт, ки аз хизматаш дар қисми ҳарбӣ шикоят надорад ва падараш низ фаҳмонд, ки бо маҳзи барқарор шудани саломатиаш, Наҷмиддин боз хизматро идома хоҳад дод.

Вазорати дифои Тоҷикистон ва наздикони Наҷмиддин Қаюмов ба расонаҳои хабарӣ то кунун мегуфтанд, ки то замони ба гап даромадани ин сарбози маҷруҳ, сабаби захмӣ шуданаш номаълум боқӣ хоҳад монд.

Пизишкони Наҷмиддин Қаюмов гуфтанд, ки хушбахтона садояш пайдо шудааст ва вақте талоши ҳарф задан мекунад, фақат овозаш шунида мешавад, вале бинобари захми забон, калимаҳо дуруст талаффуз намешаванд.

Насимҷон Қаюмов, падари Наҷмиддин гуфт, ки манаҳи поёниашро пизишкҳо табобат карданд ва дандон ҳам шинониданд ва писараш ҳоло бидуни найча (шлянг) аз ғизоҳо фақат метавонад шир истеъмол кунад.

Вай гуфт, ки бо анҷоми табобати манаҳу гулу ва дандонҳояш, аз Корпуси 4-уми бемористони Қаряи Боло то бегоҳи имрӯз писарашро дубора ба бемористони Вазорати дифоъ воқеъ дар маҳалаи 46-и пойтахт интиқол медиҳанд ва дар онҷо то пурра барқарор шудани саломатиаш, табобатро идома хоҳанд дод.

Падари Наҷмиддин гуфт, ки ҳоло омодагӣ дида истодаанд, ки муфаттишони додситони низомӣ барои пурсиши писараш ба беморхона биоянд. Мақомоти вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 10 феврал гуфта буданд, Додситонии низомӣ якҷоя бо муфаттишони ҳайатҳои ҳарбии Вазорати дифоъ, ба тафтиши ҳодисаи шурӯъ кардаанд.

Наҷмиддин Қаюмов, ки шаш моҳи пеш ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста ва дар қисми ҳарбии 17651-и Вазорати дифоъ хидмат мекард, дар авоили моҳи ҷорӣ бо истифода аз автомати “Калашников” худро захмӣ карда буд .

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG