Пайвандҳои дастрасӣ

Ба масҷид – барои нашрияхонӣ?


Дар Тоҷикистон обуна ба ҳафтанома ва маҷалла дар байни мардум роиҷ нест.

Дар Тоҷикистон обуна ба ҳафтанома ва маҷалла дар байни мардум роиҷ нест.

Масъулони масҷидҳои Суғд имсол ба маъракаи обуна ба нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳамроҳ шуданд. Аз ҳоло дар бархе масҷидҳо байни сафи намозгузорон дастархон гардонда, барои обуна пул ҷамъ меоранд. Фарҳод, як сокини Хуҷанд, рӯзи 27 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар намози ҷумъаи гузашта дар масҷиди "Тақво" имом-хатиб таъкид кардааст, ки масҷид ба 1 ҳазор сомонӣ бояд ба нашрияҳо обуна шавад ва намозгузорон хайр кунанд.

Абдусаид Амонзода, аз масъулони умури дин дар ҳукумати Суғд, рӯзи 27 сентябр гуфт, ҷалби мардум ба обуна ба нашрияҳо ихтиёрист ва масҷидҳо худашон ба ин ташаббус ҳамроҳ шудаанд. "Масъулони масҷидҳо бо хоҳиши худ ба маъракаи обуна ҳамроҳ шуданд ва ба маҷаллаи "Дин ва ҷомеа" ва нашрияҳои дигари кишвар бо маблағҳои хайрияи худ обуна мешаванд", – гуфт мусоҳиби мо.

Намозгузорон ҳам аз мутолиа баҳравар мешаванд, чунки ҳамаи онҳо имкони дастрас намудани ҳама газетаву нашрияҳоро надоранд.

Ӯ афзуд, ҳадафи асосӣ аз обунаи масҷидҳо ба хотири "бохабар намудани намозгузорон аз фазои кишвар, навгониҳо ва пешрафтҳои Тоҷикистон аст." Ба қавли Амонзода, масҷидҳои вилояти Суғд аз соли таъсиси маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” дар соли 2014 ба ин ягона нашрияи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва бархе расонаҳои расмӣ обуна мешаванд.

Масҷидҳо ҷойи ибодат ва мутолиа

Соли равон дар бархе масҷидҳои вилоят “Гӯшаҳои матбуоти даврӣ” пайдо шуданд, ки тақрибан холӣ ба назар мерасиданд. Намояндагии “Почтаи Тоҷикистон” дар Хуҷанд мегӯяд, соли 2015 низ масҷидҳо ба нашрияҳои даврӣ обуна шуда буданд, вале имсол аз моҳи август иттиҳодияҳои динӣ ба нашрияҳо зиёд обуна мешаванд.

Масҷидҳо умдатан ба рӯзномаҳои расмӣ обуна мешаванд, на мустақил

Масҷидҳо умдатан ба рӯзномаҳои расмӣ обуна мешаванд, на мустақил

"Ҳоло, баръакси давраи Шӯравӣ, дар газетаву маҷаллаҳо дар бисёр мавзӯъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла дар мавзуъҳои динӣ низ мақолаҳои таҳлиливу тафсирӣ нашр мешаванд. Хондани онҳо бе шубҳа, ба вусъат ва рушди ҷаҳонбинии ҳар шахс манфиат мерасонад", - гуфт Ибодуллоҳ Калонзода, имом-хатиби масҷиди ҷомеи "Нури ислом" дар Хуҷанд.

Калонзода дар мавриди ин ки баъзе намозгузорон гузоштани маҷаллаву газетаҳои суратдорро дар дохили масҷид нораво медонанд, гуфт, ин афкори қадимиро бояд иваз кард. "Мо, албатта, рӯзномаву маҷалла ва китобҳоро дар назди меҳроби масҷид намегузорем. Дар гӯшае болои миз гузоштани онҳо бок надорад", - афзуд ӯ.

Обуна ихтиёрист, ё маҷбурӣ?

Маъракаи обунаи масҷидҳо ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ дар ҳоле роҳандозӣ мешавад, ки соли равон мақомоти Суғд чандин имом – хатиби масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи вилоятро бо ҷурми фаъолият дар созмони "Ихвон-ул-муслимин" ба зиндон андохтанд. Мақомот масҷидҳои кишварро дар паҳн кардани ғояҳои тундгароӣ дар байни аҳолӣ муқассир эълон карданд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи васеи ҳукумати кишвар дар рӯзи 21 январи имсол гуфт, "тибқи таҳлилҳо макони асосии ҷалби аҳолӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро масҷидҳо, муассисаҳои динии дохил ва хориҷи кишвар, инчунин сомонаҳои мухталифи интернетӣ мебошанд."

Ба масҷидҳо дар Тоҷикистон умдатан пиронсолон мераванд.

Ба масҷидҳо дар Тоҷикистон умдатан пиронсолон мераванд.

Роҳандозӣ шудани маъракаи обунаи масҷидҳо ба рӯзномаву маҷаллаҳо ба бовари рӯҳониён барои ҷалби таваҷҷӯҳи ходимони масҷидҳову намозгузорони қаторӣ аз вазъи Тоҷикистон ва ҷаҳон ва огоҳии бештар пайдо кардан аз сиёсати давлат сурат мегирад.

Дар Тоҷикистон ҳар сол обуна ба нашрияҳои даврӣ, умдатан нашрияҳои ҳукуматиро мақомот бо баргузории маърака ба роҳ мемонанд. Муассисаву идора ва корхонаҳо ба таври ихтиёрӣ – маҷбурӣ ба нашрияҳо обуна карда мешаванд. Бо ин ҳама теъдоди нашри онҳо аз як то чанд ҳазор боло намеравад.

Дар вилояти Суғд ҳазор масҷид аст ва обуна шудани ҳар кадоми онҳо ба ҳади аққал ба 2- 3 рӯзномаву маҷалла барои бақои фаъолияти расонаҳои чопӣ дастгирии чашмгире мешавад. Бахтиёр Насруллоев, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, дар ташвиқу тарғиби рӯҳониён барои обуна дар масҷидҳо, ки “иттиҳодияҳои динӣ” маҳсуб меёбанд, кори ғайриқонуние намебинад. Вале ба назари вай, агар онҳоро ба хариди рӯзномаҳо маҷбур кунанд, пас амалашон берун аз чаҳорчӯби қонун аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG