Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пизишкон: “Дар Мӯъминобод Эбола нест” (3 АКС ва ВИДЕО)


Акс аз бемористони Мӯъминобод

Акс аз бемористони Мӯъминобод

Якбора гирифтори беморӣ шудани 22 сокини ноҳияи Мӯъминобод сарусадоҳои мухталиферо дар ин минтақа ба бор овард, вале мақомоти тандурустӣ мегӯянд, дар Мӯъминобод танҳо бемории роҳҳои нафас сабт шуда ва аксари ин беморон алакай шифо ёфтаанд.

Дар ду ҳафтаи охир гирифтори бемории сироятӣ шудани 22 сокини ноҳияи Мӯъминобод дар ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла 18 сокини як маҳалла, боиси пайдо шудани сару садоҳои мухталифе дар бораи табиати ин беморӣ шудааст. Азбаски ҳоло як мавзӯивирди забони расонаҳои дунё бемории сироятии Эбола аст, дар Мӯъминобод низ сару садоҳое дар ин бора баланд шудаанд. Аммо мақомоти тандурустӣ мегӯянд, дар Мӯъминобод танҳо як навъи шадидтари бемориҳои роҳҳои нафас мушоҳида шуда, аксари беморонро алакай шифо ёфтаанд.

Садриддин Ғаюров, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Мӯъминобод, рӯзи 23 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ овозаҳо дар бораи ба бемории домана ё Эбола сироят шудани 22 сокини ин ноҳияро рад кард. Ӯ гуфт, теъдоде аз сокинони ноҳия бо гирифтории бемории шадиди роҳи нафас дар бемористон бистарӣ шуда буданд.

Акс аз бемористони Мӯъминобод

Акс аз бемористони Мӯъминобод

Ба гуфтаи ҷаноби Ғиёсов, ин беморӣ рабте ба доманаву Эбола ва дигар сару садоҳо надорад, чун таби беморон зуд, дар муддати 5- 6 рӯз пойин рафт ва аксарияти онҳоро алакай аз бемористон ҷавоб додаанд.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ ба Озодӣ гуфт, “бо қотеъият мегӯям, ки дар Тоҷикистон на танҳо бемории Эбола, ҳатто нишонаҳои он вуҷуд надорад.” Ба гуфтаи ҷаноби Ҷаъфаров, “аз 15 октябр бо таваҷҷӯҳ ба тағйир хӯрдани боду ҳаво марҳалаи сироят ба бемориҳои шадиди роҳи нафас оғоз шудааст ва баъид нест, ки баъзе афрод ба ин беморӣ гирифтор шаванд.”

Ҳамзамон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон таъкид кард, ки “вазъи бемориҳои сироятӣ дар қаламрави кишвар таҳти назорат аст ва ҳеҷ гуна нигаронӣ дар ин замина вуҷуд надорад.“

Акс аз бемористони Мӯъминобод

Акс аз бемористони Мӯъминобод

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта дастур дод, то тамоми меҳмононе, ки аз кишварҳои Аврупо ва Африқо меоянд, мавриди ташхис қарор гирифта, 12 рӯз баъд аз сафарашон низ таҳти назари табибон бошанд. Мақомот мегӯянд, дар тӯли ин муддат бештар таби меҳмонон санҷида шуда, дар сурати рӯ назадани нишонаҳои ибтидоии бемории Эбола, сипас, онҳоро ба ҳоли худ хоҳанд гузошт.

Мақомот аз ҷумла ҳудуди 30 донишҷӯи африқоиро, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон машғули таҳсиланд, мавриди ташхис қарор дода, дар фурудгоҳ низ афроди масъулеро гузоштаанд, ки ҳарорати бадани мусофиронро чен кунанд.

Ин видео рӯзи 21 октябр дар фурудгоҳи Душанбе ҳангоми тафтиши ҳавопаймои навбатӣ бо зоирони тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба навор гирифта шудааст:

Эбола бемории марговарест, ки дар ғарби Африқо шуйӯъ карда, даро зарфи 10 моҳи охир мунҷар ба ҳалокати беш аз 4500 нафар шудааст. Эпидемилогҳо мегӯянд, ки дар бештари мавридҳо ин маризӣ дар байни хешу табори шахси бемор пахш мешавад. Беморӣ метавонад баъди танҳо 8-10 рӯзи сироят карданаш ба хуни инсон аз худ дарак диҳад. Нишонаҳои аввалинаш дарди сари шадид, қай кардани хун, шикамравӣ, дарди мушакҳои бадан, ҷоришавии хун аз чашм, гӯш, бинӣ, зираи дандон будааст. Ҳарорати бадан то 38-40 дараҷа боло рафта, беморро сулфаи хушк ва дарди шадиди қафаси сина пахш мекунад.

XS
SM
MD
LG