Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ "душманони" Талко-ро ба зиндон маҳкум кард (ВИДЕО)


Додгоҳи олии Тоҷикистон баъд аз 5 моҳи боздошт, ҳукми муттаҳамон ба қасди бомбгузорӣ дар "ТАЛКО" ва дигар иншооти муҳим дар шаҳри Турсунзодаро эълон кард.

Ҳарчанд айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ нисбати афроди муттаҳам ба қасди бомбгузорӣ дар ТАЛКО ва дигар иншоот аз 11 то 25 соли зиндонро хост, Додгоҳи олӣ, аъзои ин гурӯҳи ҳафтнафариро ба мӯҳлатҳои аз 18 то 22 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аз онҳо Турабой Равшанов ва Абдуллоҷон Раҳимов ба 22 сол, Аскаралӣ Бӯриев ва Азамат Абдуллоев ба 20 сол ва се нафари боқимонда -- Толиб Шодиев, Аҳмадҷон Маҷидов ва Умар Урманов ба 18 соли зиндон маҳкум шуданд.

Додрас гуфт, гуноҳи онҳо исбот шуда, ҳангоми кофтуков аз манзили ин афрод аслиҳа, маводи тарканда ва адабиёти динии дар Тоҷикистон мамнӯъ пайдо кардаанд. Як нафар аз фиристодагони хадамоти махсус давоми як сол дар миёни ин афрод зиста, нақшаҳои онҳоро ба мақомот хабар додааст. Гуфта мешаванд, ин шахс дар гузашта бо иттиҳоми қаллобӣ муддатеро дар зиндон ба сар бурдааст.

Бо эълони ҳукми додгоҳ аз сӯи додрас Маҳмадалӣ Абдулҳақов, пайвандони афроди муттаҳам дар толори додгоҳ ба нишони эътироз сару садо баланд намуда, ҳатто рӯканию муйканӣ карданд. Онҳо аз ҳукми додгоҳ ба шиддат изҳори нагаронӣ намуда, онро ноодилона хонданд.

Абдураҳмон Шарифов, вакили дифоъ

Абдураҳмон Шарифов, вакили дифоъ

Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеъ аз Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки дар ин мурофиа Толиб Шодиев, яке аз маҳкумшудагонро ҳимоят мекард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «дар асоси он далелҳое, ки мо пешниҳод ва исбот кардем, бояд ҳукм дигар хел мешуд. Бинобар бегуноҳ будани онҳо, мо хостем, ки додгоҳ онҳоро "сафед" кунад. Мо дар нисбати шиканҷа шуданашон дархостҳо супорида будем, аммо аз тарафи суд ягон амал оид ба татбиқ кардани чораи санҷиши ҳолатҳои шиканҷа нашуд. Мо нисбати ин ҳукм ҳатман шикоят хоҳем бурд.»

Мағфират Раҳимова, хоҳари Абдулло Раҳимови 47-сола, ки дар таҳияи амалиёти таркондани корхонаи алюмини «Талко» муҷрим шинохта шуд, мегӯяд, бародари ӯ солиёни зиёд, дар ин корхона кор карда, мебоист баъд аз се соли дигар аз ин ҷо ба нафақа мерафт. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле, бародараш Абдулло раҳбари ин гурӯҳ дониста мешавад, ки вай ягон нафаре аз ин афродро намешиносад ва ҳатто биноии чашмонаш низ суст шудааст.

Мағфират Раҳимова афзуд, «бародари ман нисфи умрашаро дар заводи «Талко » гузаронидааст ва тамоман бегуноҳ аст. Ӯро дар ҳамин завод дар вақти кор боздошт мекунанд ва ба шӯъба бурда дар сараш мезананд ва 11 бор дар ток мемонанд. Охир вай худаш як марди майдаи лоғар, қариб бознишаста аст, аз вай террорист намебарояд. Баъди чунин лату кӯб вай маҷбур мешавад, ки ба гардан гирад, ҳарчанд ҳеҷ гоҳ чунин корро накардааст.»

Ғайрат Абдуллоев, бародари Азамат Абдуллоеви 24-сола мегӯяд, бародари ӯро ба он айбдор мекунанд, ки вай мехостааст, ҳукумати ноҳияи Турсунзодаро тарконад. Вале ба иддаои Ғайрат Абдуллоев, бародараш аслан аз чунин корҳо дур аст ва ҳамагӣ соле пеш аз хидмати ҳарбӣ баргаштааст. Ба гуфтаи Ғайрат, бародари ӯ дар яке аз устохонаҳо ба таъмири мошин машғул буд ва кормандони интизомӣ ӯро аз ҷойи кораш бурдаанд. Ғайрат Абдуллоев ҳамчунин афзуд, баъд аз боздошти бародараш, манзили онҳоро тафтиш мекунанд ва аз он ҷо ду китоби марбут ба «Ҳизбу-таҳрир" ва "Салафия» - ро пайдо мекунанд. Дар ҳоле, ки мегӯяд, Ғайрат Абдуллоев, бародараш аъзои ҳизбу гурӯҳ набуда, ин китобҳо дар хонаи онҳо то анҷоми кофтуков вуҷуд надоштаанд.

Ин мусоҳиби мо гуфт, «бародарам гумон кард, ки онҳо кормандони андозанд, зеро аз ӯ дар бораи ҳуҷҷати андоз пурсидаанд. Вақте вай гуфтааст, чунин ҳуҷҷатро надорад, ӯро бо худ бурданд. Ва баъд аз лату кӯби зиёд гуфтанд, ки ҳамин гуноҳро ба гардан мегирӣ. Вай то ҳанӯз дар ҳама нишондодҳояш мегӯяд, ки чунин қасдро надоштааст ва бегуноҳ аст. Дар аввал ҳудуди 40 нафарро боздошт мекунанд, аммо онҳое, ки пул доштанд, халос мехӯранд ва танҳо онҳое, монданд, ки камбағаланд. Ҳама ин корҳо барои нишон додани натиҷа аст. Бародарам мегӯяд, ки агар ман аз ин ҷо зинда бароям, ҳатман ба ҷаноби олӣ муроҷиат мекунам, то ин корро дида бароянд.»

Муҳокимаи додгоҳии ҳафт нафар аз сокинони узбактабори ноҳияи Турсунзода, ки ба таркондани корхонаи алюминиуми Тоҷикистон - "ТАЛКО" муттаҳам дониста мешуданд, як моҳ пеш дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон шурӯъ шуда буд.

Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Абдулҳақов, додраси парванда, ин гурӯҳ қасд доштанд, корхонаи "ТАЛКО" - ро мунфаҷир кунанд ва дар назди биноҳои ҳукумати шаҳр, додситонӣ, шӯъбаи милиса ва Кохи фарҳанги шаҳри Турсунзода низ таркишҳо анҷом диҳанд.

Ҳарчанд ин гурӯҳро рӯзҳои 25 ва 26 марти имсол дастгир кардаанд, вале онҳо тайи як сол ҳадафи пайгарди мақомоти амниятии Тоҷикистон будаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод рӯзи 18 -июл гуфта буд, ки дар маҷмӯъ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 49 узви созмонҳои террористиву ифротгароӣ дар қаламрави кишвар боздошт шудаанд, ки бархе аз онҳо узви ҷунбиши «Толибон» будаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG