Пайвандҳои дастрасӣ

5 миллиарди созмонҳои ғайридавлатӣ куҷо меравад?


Акс аз як ҷаласаи созмонҳои ғайридавлатӣ

Акс аз як ҷаласаи созмонҳои ғайридавлатӣ

Пушти талоши назорати бештари ҳукумати Тоҷикистон бар манобеи молии созмонҳои ғайридавлатӣ чӣ меистад? Таъмини шаффофият? Ё мубориза бо "хидматгорони хоҷаҳои хориҷӣ"?

Тайи 9 моҳи соли 2013 ба ҳисоби созмонҳои ғайриҳукуматии дохиливу хориҷӣ ва байналмилалӣ тақрибан 5 миллиарду 521 миллион сомонӣ, муодили беш аз 1 миллиард доллар ворид шудааст. Ин маълумотест, ки Радиои Озодӣ аз тариқи яке аз иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дастрас кард. Ин манбаъ таъкид кард, ки ин маблағҳо танҳо ҳисоботи молии ҳудуди 30 дарсади созмонҳоест, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд.

“Мо аз куҷо медонем, ки ин маблағҳо дар куҷо сарф мешаванд? Гумоне ҳам вуҷуд дорад, ки ин маблағҳо ҳатто барои сармоягузории терроризм ва экстремизм истифода шаванд,” - гуфт як манбаъи наздик ба мақомоти Тоҷикистон. Ӯ мегӯяд, ходимони хориҷии бархе созмонҳои байналмилалӣ то 100 ҳазору 200 ҳазор доллар дар сол маош мегиранд ва ба таъбири ӯ, аз ин ҳама кӯмакҳои бузург "қаҳва"-аш боз ба хориҷиҳо баргашта, танҳо "брейк"-аш ба Тоҷикистон мемонад.

Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки масъулияти кор бо созмонҳои ғайриҳукуматиро бар дӯш дорад, дурустии ин рақамро на таъйид кард ва на такзиб, аммо ин вазорат чанде пеш тарҳи тағйирот ба қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятиро омода кард, ки ба гуфтаи намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ, ҳадафаш таҳти назорат гирифтани манобеъи молии ин ташкилотҳост. Ҳоло даҳҳо созмони ҷамъиятии дохиливу хориҷӣ ва байналмилалӣ аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардаанд, ки тағйиру иловаҳоро қабул накунад.

Қурбоналӣ Бобоев, муовини раёсати бақайдгирӣ ва сабти созмонҳои ҷамъиятиву аҳзоби сиёсӣ рӯзи 26 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои “Озодӣ” нигарониҳоро аз иловаҳо ба қонуни “ ташкилотҳои ҷамъиятӣ” рад кард. “Мо ҳеҷ касро таҳти назорат гирифтанӣ нестем. Ба ин зарурат ҳам надорем. Ҷаноби Олӣ ҳамеша мегӯянд, ки созмонҳоро дастгирӣ кунем,”- гуфт Қурбоналӣ Бобоев.

Бино ба тарҳи тағйирот ба Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳамаи гранту кӯмакҳое, ки созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон аз манбаъҳои хориҷиву байнулмилалӣ мегиранд, бояд дар реести давлатии кӯмакҳои башарӣ сабт шаванд. Танҳо баъд аз ин созмонҳо метавонанд барномаҳои худро пиёда кунанд. Сабти номи маблағҳо ба ҳамаи созмонҳои ғайридавлатӣ пахш мешавад.

Ҳоло 62 созмони ғайриҳукуматӣ аз Тоҷикистон ва 5 созмони байналмилалӣ, ба шумули Афви байналмилалӣ, Бунёди байналмилалии зидди шиканҷа, ва 24 созмони хориҷӣ аз 17 кишвари ҷаҳон (Гурҷистон, Белорус, Молдова, Украина, Болгария, Литва, Қазоқистон, Русия, Белгия, Нидерландия, Норвегия, Қирғизистон, Олмон, Озарбойҷон, Арманистон, Лаҳистон, Туркманистон) зимни як муроҷиатнома ба ҳукумати Тоҷикистон навиштаанд, ки ин тасмим бар хилофи меёрҳои байналмилалӣ буда, дастрасии созмонҳоро ба манобеъи молӣ маҳдуд мекунад. Ба қавли онҳо, тарҳи тағйири қонун аломати пайравии Тоҷикистон аз кишварҳои дигари собиқ Шӯравӣ аст, ки ба созмонҳои ғайридавлатӣ фишор меоранд ва онҳоро хидматгори “манофеъи сиёсӣ” мехонанд.

Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, яке аз созмонҳое, ки зери ин муроҷиатнома имзо гузоштааст, мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон бо ин восита мехоҳад аз рушди ҷомиаи шаҳрвандӣ ҷилавгирӣ карда, созмонҳоро ба низоми бюрократӣ ва фасодзада ворид кунад: “Тавре мегӯянд, “дарди кампир ғӯза аст”, дарди мақомоти Тоҷикистон ҳам ин аст, ки воридоти маболиғи созмонҳои ҷамъиятиро таҳти назорат гирифта, онро ба як василаи дигари даромад табдил диҳанд. Ҳол он ки ягон созмон ё сарпарасти аҳмақе дар дунё нест, ки ба созмонҳо софу сода бароварда пул диҳад. Созмонҳо ин пулҳоро асоснок карда мегиранд ва харҷи ҳар тини онро ҳисобот медиҳанд.”

Созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон бар ин нукта ҳам ишора мекунанд, ки солона ба вазорати адлия ҳисоботи молиявии худро пешниҳод намуда, ҳамаи арқомро пешниҳод менамоянд ва пешниҳоди аз қабл ба қайд гирифтани онро фишори дигаре сари худ меҳисобанд. Аммо манобеъи ҳукуматӣ мегӯянд, онҳо танҳо ҳисоботи андози худро пешниҳод мекунанд.

Ҷамшед Қаҳҳоров намояндаи Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, созмонҳои ғайриҳукуматӣ фақат 13 дарсад андози маош ва 25 дарсади андози ҳифзи иҷтимоиро месупоранд, ҳамчунин андози муомилаҳояшон бо корхонаҳои кишварро ахириҳо пардохт мекунанд: “Агар онҳо ба ин ё он корхона чизе супориш дода, маблағ месупоранд, андози ин маблағро он корхона пардохт мекунад. Аммо агар аз маблағи грант чизеро харида, фурӯшад, аз ин фурӯш маблағ месупорад. Дар акси ҳол, ба ҷуз аз маош барои дигар маблағҳои худ пул намесупоранд.”

Ба ҳамин минвол, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бақияи маблағ куҷо ва чӣ тавр харҷ мешавад, ба касе маълум нест. Ба қавли онҳо, ҳатто аҳзоби сиёсӣ низ ба ҳамин тариқ сармоягузорӣ мешаванд. Яъне аъзояш созмонҳои ҷамъиятӣ ташкил карда, аз хориҷа пул мегиранд ва як қисмашро дар корҳои ҳизб истифода мебаранд. Онҳо бар инанд, ки агар созмонҳо ба худу фаъолияти шаффофи худ эътимод дошта бошанд, набояд аз тасмими нави вазорати адлия битарсанд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар инанд, ки ҳукумати Тоҷикистон пас аз таҳти назорат гирифтани сармоягузории аҳзоб нигоҳе ба муҳосиботи созмонҳои ҷамъиятӣ низ мекунад. Ба бовари онҳо, ин ҳол агар итминони ҳукуматро ба амнияти кишвар бештар мекунад, ҳич ҷои баҳс ҳам надорад, ки фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматиро ҳам кунд хоҳад кард.

Бино ба иттилои вазорати адлияи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 2800 созмони ғайриҳукуматӣ фаъолия дошта, аз ин шумор 191 намояндагии созмонҳои хориҷиву байналмилалӣ мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG