Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қонуни гирдиҳамоиҳо боз шадидтар мешавад


Ин акс аз гирдиҳамоие дар Миср аст

Ин акс аз гирдиҳамоие дар Миср аст

Як вакили парлумони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ба гирдиҳамоиҳо овардани силоҳ ва маводи тарканда ва заҳролудкунанда қонунан манъ шавад.

Саттор Холов, вакили Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон, бо пешниҳоди тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи милитсия” мехоҳад, истифода аз силоҳи сарду маводи тарканда, заҳролудкунанда ва худсохт дар ҷараёни гирдиҳамоӣ ё роҳпаймоиву намоишҳо манъ шавад. Ин тарҳи иловаҳо, ки бештар ба моддаи 15-уми қонун “Дар бораи милитсия” рабт дорад, рӯзи 13 октябр дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагон баррасӣ шуд ва интизор меравад, рӯзи чоршанбе қабул гардад.

Холов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи ин пешниҳодаш гуфт, афроде, ки дар намоишҳову гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳо бо чунин мавод ё силоҳ боздошт мешаванд, бар асоси Кодекси ҷиноии кишвар муҷозот хоҳанд шуд. Ӯ афзуд, лоиҳаи иловаҳо бо ҳадафи пешгирӣ ва бартараф намудани бетартибиҳои оммавӣ таҳия шудааст.

Саттор Холов

Саттор Холов

“Мо илова кардем, дар гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо шахсе, ки бо силоҳ, маводи тарканда ва заҳролудкунанда меояд, боздошт шавад. Ин ба хотири амнияти мардум аст,” - таъкид дошт Саттор Холов. Мавзӯи ислоҳи қонуни гирдиҳамоиҳо дар ҳоле дигарбора ба рӯзномаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон роҳ ёфтааст, ки се рӯзи пеш гурӯҳи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ гуфта буданд, дар майдони “Дӯстӣ” ба гирдиҳамоӣ даст мезананд. Ҳарчанд ин гирдиҳамоӣ баргузор нашуд, аммо чораҳои амниятӣ дар пойтахти кишвар шадид шуда, дар посгоҳҳои атрофи Душанбе нерӯҳои зиёди пулис ва амниятӣ, инчунин, зиреҳпӯшҳо мушоҳида шуданд.

​Аз ин пештар, видеоҳое дар шабакаи Ютюб нашр шуданд, ки тамрини нерӯҳои давлатӣ барои пахши тазоҳургарон дар яке аз майдонҳои маркази Душанберо намоиш медод. Дар ин наворҳо дидан мумкин буд, ки чӣ гуна аз тариқи пошидани об эътирозгаронро пароканда мекунанд. Мақомот дар шарҳи ин гуфтанд, ин тамрин ба эълони гирдиҳамоӣ иртибот надорад, балки як тамрини маъмулист.

Раҳматилло Зоиров

Раҳматилло Зоиров

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва раҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, мегӯяд, ин қонун озодиҳои сокинонро маҳдуд карда, баръакс барои саркӯб намудани намоишҳои осоишта ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ дасти дарозтар медиҳад. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле ки бар асоси қонунҳои Тоҷикистон таҷаммӯи осоишта тақрибан номумкин шудааст, аммо боз ҳам ҳукумат чораҳои пешигрӣ аз ҳар гуна намоишҳои эътирозиро шадидтар мекунад: "Ин маънои онро дорад, ки ҳукумат ҳам аз эҳсоси норизоии мардум огоҳ аст ва мехоҳад, бо қабули чунин қонунҳо ҳушдор диҳад, ки мардум эътироз накунанд. Аммо роҳи ҳал ин нест, балки бояд арзи мардумро гӯш кард ва иҷозат дод, то онҳо ҳарфашонро бигӯянд. Вақте онҳо маҳдуд мешаванд ва суханашон гуфта намешавад, ин хатарноктар мешавад, ки дигар ҳеч қонуне пеши роҳашро нахоҳад гирифт.”

Раҳбари ҲСДТ афзуд, дар ҳоле ки бар асоси қонунҳои Тоҷикистон гирдиҳамоӣ бо дарёфти иҷозаи мақомот мумкин аст, аммо мегӯяд, давоми 20 соли ахир ба касе чунин ҳаққи конститутсионӣ дода нашудааст.

Қироншоҳ Шарифзода

Қироншоҳ Шарифзода

Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари Шӯрои Васоити ахбори омма мегӯяд, дар қонунҳои қаблӣ ҳам ин банд, ки бо силоҳ ва маводди зиёновар ворид шудан ба гирдиҳамоиҳо манъ аст, вуҷуд дошт. Аммо бори дигар баррасӣ ва тағийроти ҷузъӣ ворид кардан ба ин қонун як навъ ҳушдор ба мардум аст, ки аз ҳар навъ эътирозу ҷамъомад парҳез кунанд. “Маълум аст, ки ин як баҳона аст. Мо дидем, ки ҳарчанд дар қонун озодии баён бояд манъ нашавад, аммо дар пайи як овозаи гирдиҳамоӣ ҳукумат аксари сомонаҳоро баст. Кореро кард, ки дар қонун набуд. Баррасии қонун ва тағийру илова фақат ёдоварӣ аст, ки мардум парҳез кунанд. Мо аз он хавф дорем, ки чунин маҳдудияти иттилоотиро ҳам қонунӣ нагардонанд”,-илова кард ӯ.

Қонуни гирдиҳамоиҳои Тоҷикистон дар соли 2011, дар пайи силсилаи эътирозҳои маъруф ба "Баҳори Араб", ки мунҷар ба тағйири режимҳои ҳоким дар чанд кишвари арабӣ шуд, мавриди бозбинӣ қарор гирифта буд. Бар асоси он тағйирот, ки дар роҳи ширкат дар тазоҳуроти эътирозӣ маҳдудиятҳои бештар эҷод мекард, муҷозот барои чунин аъмол дар Кодекси ҷиноиро ҳам шадидтар карданд. Аз он ба баъд барои "вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо»(моддаи 160), ҷарима ба андозаи аз 250 то 360 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробари 10 000 - 14 400 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол ҷазо дода мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG