Пайвандҳои дастрасӣ

6,8 миллиард $ сармоя ба ... иқтисоди Тоҷикистон?


Қодири Қосим зимни нишасти матбуотӣ.

Қодири Қосим зимни нишасти матбуотӣ.

Раҳбари Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, ҷалби наздик ба 7 миллиард сармояи хориҷӣ ба кишвар дар ҳоле мумкин аст, ки ба сармоягузорон имтиёз ва сабукиҳое дода шавад.

Қодири Қосим, роҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал дар нишасти хабариаш гуфт, ниҳоди зери роҳбариаш барои ҷалби 6,8 миллиард доллар ба кишвар дар кӯтоҳфурсат кор карда истодааст: «Мо алакай бо супориши ҳукумат бо 6 ширкати сармоягузори хориҷӣ барои бастани шартнома вохӯрӣ намуда, барои ҷалби 6,8 миллиард доллар кор карда истодаем. Лоиҳаҳои сармоягузориро омода намуда истодаем. Аммо гап сари он аст, ки то куҷо ин лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба манфиати иқтисодии миллии мо аст. Чунки бисёре аз ширкатҳо ҳоло корро оғоз накарда, имтиёзҳои бисёре талаб карда истодаанд.»

Ҷаноби Қосим афзуд, ки қонунгузории Тоҷикистон ба сармоягузони хориҷӣ имтиёзҳои зиёде медиҳад, то ҳадде, ки сармоягузори хориҷиву дохилӣ дар кишвар тақрибан ҳуқуқи баробар доранд. Дар ҳоле ки мақомдорони тоҷик аз ҷалби сармояҳои даҳ адада сухан мегӯянд, оморҳои воқеӣ дар қиёс бо нақшаҳои эшон хеле хоксоронатар аст.

Барои мисол, ба иттилоъи худи Кумитаи сармоягузорӣ ва амволӣ давлатӣ дар соли 2013 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 486 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст, ки аз ин танҳо 287 миллионаш сармояи мустақим будааст. Дар ин ҳол оё ваъдаи ҷалби 6 миллиарду 800 миллион доллар метавонад аломати беҳбуди куллии фазои сармоягузорӣ дар кишвар шумурда шавад?

Давлати Усмон, вазири пешини рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, нияти мақомодорони кишвар ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ хуб аст, аммо воқеаҳои охире, ки дар нисбати соҳибкорони алоҳида иттифоқ афтод, фазои самоягузориро тира кардааст: «Хостан аз ҷалб шудан, албатта, фарқ мекунад. Он соҳибкороне, ки дар ин авохир дар кишвар дучори мушкил шуданд, шарикони хориҷӣ низ доштанд ва ин ба ҷалби сармояҳо таъсири манфӣ мерасонад. Қонунҳои Тоҷикистон хеле ислоҳ шудаанд ва барои ҷалби сармояи хориҷӣ то андозае мусоиданд, амният ҳам таъмин аст дар кишвар. Аммо мушкил дар татбиқи қонунҳои кишвар аст, ки барои ҷалби сармоя чандон мувофиқ нест.»

Коршиносон дар ин росто аз қазияҳои пурсарусадои соҳибкори муваффақи тоҷик Зайд Саидов ва сармоядори эронитабор Бобаки Занҷонӣ ёдовар мешаванд, ки ҳарду боиси коҳиши эътимоди сармоягузорон ба Тоҷикистон шудааст.

Дар нишасти хабарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва маволи давлатии Тоҷикистон Қодири Қосим ҳамчунин зикр шуд, ки Чин, Русия ва Эрон сармоягузорони асосии Тоҷикистон боқӣ мондаанд. Дар ҳоле ки қаблан Тоҷикистон бо Русия ва Эрон сари қарзҳои калони нерӯгоҳҳои барқи обӣ мушкил дошт, аввали ин ҳафта парвандаи махфӣ кардани даромади ҳақиқӣ ва надодани андоз дар корхонаи муштараки тилошӯии Чину Тоҷикистон бо номи «Зарафшон» расонаӣ шуд. Ин қазия аввалин мушкил миёни Душанбе ва сармоягузори асосии иқтисодаш – Чин шумурда мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG