Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Инсулини бепул барои беморони қанд дар Тоҷикистон танҳо то моҳи июн кифоят мекунад. Дар буҷаи имсола барои таъмини маризон бо инсулин ва дигар давоҳои бемории диабет пул ҷудо накардаанд.

Дар буҷаи имсолаи Тоҷикистон барои таъмини беморони қанд бо инсулин ва дигар давоҳои зарурӣ маблағ ҷудо накардаанд. Ин беш аз 34 ҳазор маризи ҳисобшудаи диабет дар ин кишварро, ки тақрибан 3500 нафараш инсулин истифода мебаранд, дар вазъи мушкиле қарор медиҳад.

Қаблан маризони диабет бо кӯмаки созмони байналмилалии НОРЕ доруҳои барояшон лозимро бепул дастрас мекарданд. Аммо барномаҳои кӯмакҳои созмони НОРЕ ба Тоҷикистон, ки 10 сол давом кард, аз соли 2016 қатъ шудааст ва дар буҷаи давлатӣ низ ихтисоси маблағ барои пур кардани ин холигоҳро “фаромӯш” кардаанд.

Маълум мешавад, инсулини бепул дар Тоҷикистон танҳо то моҳи июн кифоят мекунад ва аз он ба баъд маризон маҷбур мешаванд бо пули худ даво бихаранд. Ин дар ҳолест ки нархи инсулин дар дорухонаҳо 25 доллар аст, яъне баробари нафақаи миёна дар ин кишвар.

Саидамо Абдулшоева, як маризи қанд дар Душанбе мегӯяд, ки додани инсулину сӯзандоруро ба маризон аз ҳоло маҳдуд кардаанд. Дафъаи охир дар бемористон ба ин зан ҳамагӣ ду сӯзандору дода, гуфтаанд, ки бақияашро бояд аз пули худаш бихарад. Ӯ мегӯяд: “Вақте шунидам, ки додани доруи бепул бас мешавад, хеле зиқ шудам. Охир, бо ин нафақае, ки ман мегирам, магар метавонам дору бихарам?”

Амриддин Абдураҳмонов, намояндаи Маркази клиникии ҷумҳуриявии эндокринологӣ мегӯяд, “созмонҳои имдодие, ба мисли НОРЕ дар тӯли 10 сол Маркази мо ва тамоми ҷумҳуриро бо давои маризии қанд таъмин мекарданд, вале ин барномаи доимӣ набуд. Ва дар соли гузашта барномаи ироаи инсулин ба тариқи ройгон қатъ шуд.”

Видеои "Настоящее Время":

Мақомоти Тоҷикистон, ки ба дарёфти давои маризиҳое, чун диабет, аз тариқи созмонҳои байналмилалӣ одат кардаанд, фаромӯш кардаанд, ки дар буҷа барои таъмини маризони қанд тақрибан 600 000 доллари лозимро ҷудо кунанд. Ҳоло мақомоти тандурустии Тоҷикистон талош доранд, тавассути музокирот бо созмонҳои имдодӣ барои идомаи барномаи таъмини беморони диабет бо давои лозим донорҳои нав пайдо кунанд.

Моҳи ноябр ҳангоми баррасии тарҳи қонуни буҷаи соли 2016 вакили парлумон Абдуҳалим Ғаффоров аз вазири молия пурсид, “чаро гирифторони бемории қанд дар Тоҷикистон ройгон табобат карда намешаванд ва барои хариди инсулин аз ҳисоби буҷа пул ҷудо намегардад?”

Дар посух Насимҷон Олимов, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, ки дар парлумон ҳузур дошт, гуфт, барои хариди ин дору, дар маҷмӯъ 5, миллион сомонӣ зарур аст, ки вазорат ин гуна маблағ надорад.

Дар ҷараёни баҳс раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мавзӯи табобати бепули беморони қанд ва хариди инсулин аз ҳисоби пули буҷа, бахусус барои он маризонеро, ки дар зери хатти фақр ба сар мебаранд, муҳим номид. Аммо бо гузашти инак се моҳ аз ин баҳси парлумонӣ, то ҳол рӯшан нашудааст, ки оё баъди тамом шудани захираҳои инсулин маризони диабетро дар Тоҷикистон кӣ бо давои лозим таъмин хоҳад кард?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG