Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон хостори таҷлили байналмилалии ҷашни Ҳисор шуд


Ҳукумати Тоҷикистон аз ЮНЕСКО хостааст, то таҷлили 3000-солагии Ҳисорро ба феҳрасти санаҳои таърихиву фарҳангии ин созмон шомил кунад.

Музаффар Азизов, сардори шӯъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихии вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 24-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамаи санадҳои лозимиро ба ЮНЕСКО, идораи илму фарҳанг ва маорифи СММ, пешниҳод кардаанд. Ҷаноби Азизов гуфт, талаботи созмони ЮНЕСКО барои эътирофи як ёдгории таърихӣ зиёд аст ва аз ҳама бештар онҳо ба ин таваҷҷӯҳ мекунанд, ки ҳукумат барои ҳифзи ин ёдгорӣ чӣ тадбирҳо меандешад?

Музаффар Азизов мегӯяд, барои Қалъаи Ҳисорро ҳамчун ёдгории таърихӣ пешниҳод кардан дар 104 саҳифа бо аксу расмҳо ба созмони ЮНЕСКО ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23-юми октябр зимни машварати корӣ роҷеъ ба омодагиҳо барои таҷлили 3000-солагии Ҳисор, таъкид кард, ки “ҳадафи асосӣ аз таҷлили ин ҷашн ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ин диёри маъруфи бостонӣ, ободу зебо намудани он ва ба шаҳри зебои муосир табдил додани маркази ноҳияи Ҳисор аст.” Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, дар ин нишаст иттилоъ дода шуд, ки "барои таҳти васояти ЮНЕСКО таҷлил намудани ин ҷашни таърихию фарҳангӣ ба ин созмон дархости ҳукумати Тоҷикистон ирсол шудааст."

Ин манбаъ меафзояд, ки дар ҷорчӯби таҷлили 3000-солагии Ҳисор аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва дигар захираҳо, даҳҳо иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла варзишгоҳи марказӣ барои 20 ҳазор ҷой, мактаби президентӣ, бемористони нав, китобхонаву осорхона ва чойхонаи миллӣ сохта хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Музаффар Азизов мегӯяд, барои анҷоми корҳои таҳқиқотӣ ва омода кардани ҳуҷҷатҳо дар чунин як мавзеъи таърихӣ то 60 ҳазор сомонӣ маблағ сарф мешавад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар машварати корӣ гуфтааст, ки "дар омодагӣ ба ин ҷашни пурифтихор тамоми мардуми ноҳия, ба хусус соҳибкорони он бояд саҳмгузор бошанд." Вай афзуд, “омодагӣ бояд аз ҳар як хона, кӯча, деҳа, ҷамоати деҳот ва тамоми ҳудуди ноҳия оғоз ёбад.” Ба гуфтаи мақомот, бархе аз соҳибкорони ноҳияи Ҳисор ҳам ваъда кардаанд, ки дар сохтмону бунёди чандин иншоот саҳми худро мегузоранд.

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 1 марти соли ҷорӣ қарор кард, ки 10-уми сентябри соли 2015 дар ноҳияи Ҳисор ҷашни 3000-солагии ин мавзеъи таърихиву фарҳангӣ бо тантана ва бо ширкати меҳмонони хориҷӣ таҷлил кунад.

Қалъаи Ҳисор, дар 30-километрии ғарби шаҳри Душанбе, дар масоҳати 86 гектар воқеъ мебошад, аз ёдгориҳои муҳими таърихиву фарҳангии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин маҷмаъи таърихӣ дар поёни асри 19 аз ду мадраса, даҳҳо масҷид, чор дарвозаи шаҳрӣ ва як бозори марказӣ иборат будааст. Ҳоло аз он ҳама танҳо як дарвозаи арк, як мадраса ва корвонсарой боқӣ мондааст, ки ҳамагӣ сохтаҳои ҳамагӣ чанд асри пешанд

Қалъаи Ҳисор дар тақрибан 7-километрии ҷануби маркази маъмурии ноҳияи Ҳисор воқеъ аст. Ин шаҳрак, ки қаблан Хонақоҳ ном дошт, дар замони Шӯравӣ ба шаҳрак табдил ёфт ва номи Ҳисорро гирифт. Дар натиҷа, Ҳисори таърихӣ - макони қалъаи бостонии ин минтақа зери сояи маркази ноҳия монд ва дар забони мардум ҳоло бо номи Қалъаи Ҳисор маъруф шудааст. Ҳарчанд аҳолии бумиаш то имрӯз аз ин русто бо исми Ҳисор ном мебаранд.

Дар Тоҷикистон баргузор кардани ҷашни таърихии ин ё он маҳал ба ҳукми анъана даромадааст. 2700-солагии Кӯлоб, 2500-солагии Истаравшан ва инак, 3000-солагии Ҳисор аз ҷумлаи чунин ҷашнҳоянд. Ҳамин тавр, дар Шуғнон аз 3700-солагии ин минтақа сӯҳбат мекунанду бо кашфи минтақаи Карон гумон меравад, ки Дарвоз дигар ба таҷлили дастикам 4000-солагиаш омода шавад.

Аммо мунтақидон мегӯянд, "синни таърихӣ"-и маҳалли худро нисбат ба маҳаллҳои дигар болотар нишон додану дам аз таърихи бостонии минтақаи худ задану ба он нозидан дар Тоҷикистон мисле ки ба як сабқат табдил ёфтааст. Мунтақидон мегӯянд, барои муқоиса, Санкт-Петербург, яке аз шаҳрҳои таърихии Русия, ҳамагӣ 300 сол пеш бино ёфтааст, вале вақте маконҳои таърихии ҳамагӣ 200 ё 300-солаи Петербургро бо мавзеъҳои гӯё чандҳазорсолаи Тоҷикистон қиёс мекунанд, ин ҳарфи Ҳофиз ба зеҳн мерасад, ки "Бубин, тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо?"
XS
SM
MD
LG