Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё ҳукумат "лаҷом"-и адвокатҳоро ба даст мегирад?


Дар ҳоле, ки бино бар тарҳи нави Қонуни фаъолиятҳои адвокатӣ, Вазорати адлия мехоҳад, вакилони дифоъро зери назорат гирад, адвокатҳои Тоҷикистон мехоҳанд, барои ҳифзи истиқлолияти худ як иттиҳоди умумиҷумҳурӣ таъсис диҳанд.

Ба қавли адвокатҳо, тарҳи нав онҳоро ба таври комил вобастаи вазорати адлия мекунад. Аз ҷумла дар моддаи 13- и тарҳи қонун омадааст, ки аз ин ба баъд танҳо Комиссияи махсуси таҳти сарварии муовини вазири адлия ба онҳое, ки мехоҳанд, бо дифои ҳуқуқӣ машғул шаванд, иҷозаи фаъолият медиҳад. Ин дар ҳолест, ки чунин иҷозаро ба ҳуқуқшиносон коллегияҳои адвокатӣ медиҳанд. Бино ба тарҳи нав, адвокатҳо акнун метавонанд, ҳадафи ҷазо қарор гиранд, дар ҳоле, ки тибқи қонуни феълӣ, фаъолияти онҳоро танҳо коллегияҳо баррасӣ мекунанд ва ба ҷавобгарии судӣ кашидани адвокат манъ аст.


Азми вакилони мудофеъ ба ташкили як иттиҳод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:05 0:00
Линки мустақим


Моҳира Усмонова, раиси Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд мегӯяд, ин қонун лаҷоми адвокатҳоро дар дасти ҳукумат хоҳад дод ва мустақилияти онҳоро таҳти суол хоҳад бурд: «Мо ба «хатти қирмиз» наздик мешавем, вақте намояндагони вазорати адлия мегӯянд, ки бубинед, чӣ бесарусомониеро адвокатҳо ба вуҷуд оварданд. Онҳо худро танзим карда натавонистанд, акнун мо худ онҳоро ба танзим медарорем. Ин аз ҳама сенария ва модели бадтарин дар ҷаҳон барои адвокатура хоҳад буд.»

Ба хотири пешгирӣ аз чунин раванд шаш коллегияи адвокатии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар як иттиҳод ба ҳам хоҳанд омад. Ин тасмим дар ҳамоише эълон шуд, ки рӯзи душанбеи 3-юми июн таҳти унвони «Волоияти қонун ва нақши адвокатура ҳамчун институти мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон» дар Душанбе ҷараён ёфт. Дар он раҳбарони коллегияҳои адвокатҳои Тоҷикистон ва намояндагони Анҷумани байнулмилалии адвокатҳо ширкат доштанд.

Наим Амирбеков, сарвари Коллегияи вакилони дифои Тоҷикистон дар шарҳи зарурати ин Анҷуман гуфт, масоили зиёде дар атрофи фаъолияти адвокатҳо ба вуҷуд омадаанд, ки вокуниши дастҷамъонаи соҳибони ин касбро тақозо мекунад: «То ин ки мо зуд ва оҷил ин ҳама масъалаҳоро ҳал кунем. Мо дар гузашта чандин маротиба ба ҳукумат дар ину он масъала назари худро ироа карда будем. Пешниҳоди моро мегирифтанд, аммо он кора намекард, зеро коллегияҳои мо ҳеҷ як мақоми ҳуқуқиро надоранд ва чунин мақоми ҳуқуқӣ надорад, касе ба он таваҷҷӯҳ нахоҳад кард. Яъне мо бояд Анҷуманеро ташкил кунем, ки мақоми ҳуқуқӣ дошта, дар вазорати адлия сабти ном шуда бошад, он гоҳ мехоҳеқ, ё не ба он эътибор медиҳанд.»

Дар Тоҷикистон 6 коллегияи адвокатӣ, яктоӣ дар Суғду Хатлон ва бақия дар Душанбе фаъолият мекунанд, ки сирф ҷанбаи ихтисосӣ доранд. Намояндагони ҳеҷ яке аз ин созмонҳо аз тағйиру ислоҳи қонун ҳимоят накарданд. Аммо масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон нигарониҳои адвокатҳоро бепоя хонда мегӯянд, қонуни нав ба хотири ҷилавгирӣ аз «анархия» ё бебандуборӣ дар соҳаи дифои ҳуқуқист.

Абубакр Имомов, яке аз таҳиягарони ин қонун аз Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар қиёс бо қонуни ҷорӣ дар тарҳи нав барои адвокатҳо сабукиҳо ҷорӣ шудаанд, аз ҷумла тибқи ин қонун адвокатҳо соҳиби Иттиҳоди ягонаи худ мешаванд. Вай афзуд, агар дар гузашта онҳо барои 5 сол муҷаввиз (литсензия) мегирифтанд, акнун метавонанд як маротиба ба Комиссияи махсус имтиҳон супоранд ва ба фаъолият шурӯъ намоянд:

«Дар ин комиссия аз 9 нафар, танҳо ду нафар – раиси он – муовини вазири адлия ва муовинаш сарвари раёсати зидахли соҳа хоҳанд буд. Як нафари дигар устоди ҳуқуқи Донишгоҳи миллӣ мешавад. Бақия 5 нафарро худи адвокатҳо интихоб мекунанд. Дигар ин ки коллегияҳо як низоми муайяни имтиҳон надоранд. Ҳар кас ба таври худ имтиҳон мегирад ва адвокатро ба кор ҷалб мекунад. Мо мехоҳем, ки ҳама аз рӯи як низом кор кунанд.»

Як нафари дигар дар ин вазорат бидуни овардани ном ҳамчунин гуфт, ки адвокатҳои имрӯз вазифаи худро иҷро накарда, ба миёнарави байни мақомоти тафтишотиву додгоҳӣ ва маҳкумшаванда табдил ёфтаанд ва аз ин кори худ фоидаи молиявӣ бармедоранд.

Зарурати қонуни нави танзимгари фаъолияти адвокатҳои Тоҷикистонро соли 2011 дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид карда, гуфта буд, ки дар доираи Барномаи ислоҳоти додгоҳиву ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 сари низоми мавҷудаи адвокатура таҷдиди назар сурат гирад ва дар навбати аввал Қонун «Дар бораи адвокатура» дар таҳрири нав таҳия ва қабул шавад.

Аммо коршиносон мегӯянд, ин барнома интизориҳои ҷомеаро барои рӯи кор омадани низоми одилонаи адолати додгоҳӣ бароварда накард ва ҳар тасмиме дар ин доира гирифта шуд, ҳолати баръаксро ба миён овард. Ба қавли онҳо, маҳз ин низом адвокатҳоро низ намегузорад, ки рисолати аслии худро ба ҷо оранд. Ва хулосаи он, ки адвокатҳои тоҷик ба сурати умум нокоманд ба як ҳақиқати рӯз табдил шудааст.
XS
SM
MD
LG