Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, то соҳибкорони тоҷики муқими Русияро барои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ҷалб намояд.

Ин мавзӯъ дар форуми ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ шуд, ки хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор кард.

Толиб Шарипов, муовини сардори ин хадамот, мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузорон имтиёз ва дар асоси қонунҳои ҷорӣ ваъдаи ҳифзи моликияташонро додааст. Ӯ мегӯяд, ба ҳамин хотир намояндагони диаспораҳо ҷалб шуданд, то шартҳои ҷониби Тоҷикистонро ба соҳибкорон фаҳмонанд: «Аввалин сармояе, ки инҳо равон карданд, ба наздиконашон буд. Ҳоло нав онҳо роҳи худро пайдо карданд ва нав тоҷикони сарватманд пайдо шудаанд. Инҳо ҳоло худашон ҳам майли созандагӣ дар ватани аҷдодиро доранд ва мо умедворем, ки онҳо ҳатман барои сармоягузорӣ меоянд.»

Муҳаммадназар Мирзода

Муҳаммадназар Мирзода

Аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, то замоне, ки миёни соҳибкорон ва ҳукумати Тоҷикистон бовару эътимоди тарафайн ба вуҷуд наояд, ин соҳибкорон ҳеҷ гоҳ ба таври ҷиддӣ дар ватанашон сармоягузорӣ нахоҳанд кард.

Муҳаммадназар Мирзода, консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт Петербурги Русия, ки дар ҳамоиши «Ҷалби диаспораҳои тоҷикон дар рушди кишвар» ширкат дошт, мегӯяд, соҳибкорони тоҷиктабор, ки ҳоло дар ин шаҳри Русия кору зиндагӣ мекунанд, хеле зиёданд ва имконияти молиашон ҳам хеле хуб аст, аммо онҳо аз сармоягузорӣ дар Тоҷикистон метарсанд: «Зиёд соҳибкорон дорем, ки метарсанд, то ба Тоҷикистон биоянд. Инро рӯи рост гуфтан даркор, барои оне, ки баъзеяшон омаданд ва корхонаҳои хурд сохтанд, вале андоз гаронтар аз Русия афтод. Барои ҳамин партофта рафтанд.»

Аммо Озода Раҳмон, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ширкат дошт, изҳори умедворӣ кард, ки соҳибкорон ҳатман даъвати онҳоро мепазиранд. Озода Раҳмон аз сармоягузорони тоҷики муқими Русия хоҳиш кард, то дар таъсиси ҷойҳои нави кори дар ватани худ саҳм гузоранд: «Бинобар ин онҳое, ки имкон доранд, бояд аққалан дар рушди зодгоҳи худ ва ё шаҳре, ки истиқомат мекунанд саҳм гузоранд.»

Сияршо Абдуҷабборов, раиси минтақавии диаспораи тоҷикон дар минтақаи Новосибирскии Русия мегӯяд, ӯ бо соҳибкорони тоҷики муқими ин минтақа аз ин пеш гуфтугӯ доштааст, аммо онҳо бо шарти имтиёз дар кишвар омодаанд, то тарҳҳои хурдеро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Ба ақидаи ӯ, тоҷирони тоҷики муқими Русия барои он ба Тоҷикистон намеоянд, ки ин ҷо фоидаи камтар мебинанд: «Имрӯз фоидаи тиҷораташон дар Русия зиёдтар аст. Аммо бигузор дар Русия сад сум даромад биёбанду дар Тоҷикистон 50 сум, вале ин ба фоидаи ватан аст. Мо ин ташвиқотҳоро дар миёни соҳибкорон мерасонем ва ҳаракат мекунем, ки онҳо сармоягузорӣ кунанд. Аллакай барои сохтани корхонаи хурди истеҳсоли хишт тасмим гирифта шудааст.»

Ҳабси чанд соҳибкор дар Тоҷикистон ва ба ихтиёри давлат гузаштани дороии онҳо ба рӯҳияи соҳибкорони тоҷик дар Русия бетаъсир намондааст. Муриват Маликшоев, раиси ҷамъияти миллӣ-фарҳангии ҷамъияти тоҷикони Иркутск бо ишора ба ин мегӯяд, даҳҳо тоҷик дар Русия соҳиби қаҳвахонаҳо ва мағозаҳои фурӯшӣ мева ҳастанд, аммо овозаҳо сади роҳи сармоягузории онҳо дар ватан шудааст: «Мардум бисёр гапҳоро паҳн кардаанд, ки сармоя гузоред, сармояаатонро гирифта наметавонед ва бор баред, пулашро гирифта наметавонед. Ҳамин гапҳо ҳастанд. Лекин мо ба наздики анҷумани соҳибкорони тоҷики сокини Иркутскро баргузор карданием ва кӯшиш мекунем, ки онҳоро ба сармоягузорӣ ҷалб кунем.»

Дар ҳоле, ки дар ин нишаст худи соҳибкорон ширкат надоштанд, маълум нест, ки дар Русия даъвати намояндагони диаспораҳоро чигуна қабул хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол, Музаффар Зарипов, як масъули Созмони ҷаҳонии муҳоҷират мегӯяд: «Таҷрибаи ҷаҳониро омӯхтан даркор аст, ки чӣ хел диаспораҳо барои рушди иқтисоди кившарҳои худ саҳм мегузоранду кӯмак мекунанд. Имрӯз дар диаспораҳои тоҷикон ҳам, сармоядорон зиёде ҳаст, ки сармояи онҳо метавонанд барои рушди кишвари мо нафъи зиёд орад. Мо на фақат сармояи молӣ, балки сармояи интелектуалӣ, сармоя дар иҷтимоиётро ҳам дар назар дорем. Ҳоло дар диаспораҳои мо дар Русия ва Аврупо ҷавонони зиёде ҳаст, ки лаёқату дониши хуб доранд ва барои рушди кишварҳои дигар фаъолият доранд ва онҳоро бояд барои кӯмак ба ватанашон ҳам ҷалб кард.»

Як пажӯҳиш дар 3 шаҳри калони Русия муайян кардааст, ки тоҷикони сармоядори Русия омода нестанд, ҳоло барои кору зиндагии доимӣ ба Тоҷикистон баргарданд. Ба гуфтаи намояндагони Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират, ки ин таҳқиқотро гузаронидаанд, зимни пурсиш, тоҷиконе бурунмарзӣ, ҳарчанд омадани худро ба Тоҷикистон рад накардаанд, аммо гуфтаанд, дар ҳоли ҳозир наметавонанд ба ватани худ баргарданд ва бояд бимонанду сармояи худро ғанӣ гардонанд ва ё ҳарчӣ бештар омӯзанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар саросари Русия 80 ташкилоти ҷамъиятии марбут ба тоҷикон фаъол ҳаст, ки дар баробари сарпарастӣ ба муҳоҷирон инчунин бо беш аз 500 соҳибкор ҳамкорӣ доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG