Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Тоҷикистон лашкари чанд миллионнафарии ҷавононро нерӯи асосии пешбари ҷомеа меномад, вале барои рушди як ҷавон солона ҳадди аксар дувуним сомонӣ ё 33 сенти амрикоӣ сарф мекунад.

“Ман дар дигар кишварҳо шоҳид будам, ки кадрҳои ҷавон вазир ҳастанд, аъзои ҳукумат ҳастанд, дигар соҳаҳои муҳимро роҳбарӣ мекунанд. Чаро мо имконият надиҳем, ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатмандро? Барои чӣ?” - суолеро, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, моҳи майи имсол дар нахустин ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон гузошт, аксарият медиҳанд.

Чаро дар кишваре бо 70 дар сади аҳолии ҷавон фақат 44 дар сади кормандони давлат ҷавонони то 35-сола ҳастанд. Тоҷикистон яке аз ҷавонтарин кишварҳои дунё аст, чун синни миёнаи аҳолӣ аз 24 боло нест. Аммо бо назардошти дастгирии ками давлатии ҷавонон Тоҷикистонро дар шохиси байналмилалии рушди ҷавонон дар байни 170 кишвар дар мақоми 114-ум гузоштаанд.

Ҳадя Мирзокаримова, сокини Душанбе мегӯяд, "мутаассифона, дар кишвари мо масъалаи дастгирии ҷавонон бисёр суст ба роҳ монда шудааст. Агар ҳукумат ё касе моро мешунавад, бояд насли ҷавонро дар талошашон барои расидан ба ҳадаф дастгирӣ кунанд."

Лашкари чанд миллионнафарии ҷавононро ҳукумат нерӯи асосии пешбари ҷомеа меномад вале барои рушди як ҷавон солона ҳадди аксар дувуним сомонӣ ва ё 33 сент сарф мекунад. Аз миёни ин табақа ҳар сол то 180 ҳазор ба бозори кор ворид мешаванд ва нисфашон ҷойи кор намеёбанд. Ҳафтоду ҳафт дар сади бекорон то 29-сол доранд ва орзуи ҳамаашон як аст.

Таҳмина, сокини Душанбе мегӯяд, ки "ҷавонон орзуи худро барои пайдо кардани ҷойи кор ва бо маоши муносиб амалӣ карда тавонанд, ҷойи кор як мушкил ва орзуи асосии ҷавонони тоҷик аст."

То кунун садҳо ҳазор ҷавони тоҷик роҳи халосӣ аз бекориро дар Русия медиданд, бо умеди онки рӯзе шароит дар ватан беҳтар мешавад ва бармегарданду мемонанд. Вале вазъи бади иқтисодии ду соли ахир онҳоро аз зодгоҳу меҳанашон дилсард кардааст.

Рустам Гулов

Рустам Гулов

Ба назари Рустам Гулов, блогнависи тоҷик, ҳоло як тамоюли нав ба назар мерасад, ки агар пештар ҷавонон зиндагии оиларо пеш мебурданд, ба Русия мерафтанд, ҳоло нияти умуман дур шудан аз ватанро доранд.

Эҳсоси ғамхории ками ҳукумат ва эҳсоси афзояндаи ноумедӣ аз оянда аз иқдомоти давлатӣ, ҳукуматро водор кард, барои ҳалли мушкилоти насли ҷавон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис диҳад. Дар ҳамин сол барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016 – 2018- ро қабул шуд, вале ба гуфтаи блогнависи тоҷик, ҳеҷ гуна барномаву шӯро бе саъйи худи насли ҷавон натиҷа намедиҳад.

Рустам Гулов мегӯяд, ки ҷавонон бояд умедашонро накананд, ҳар мушкилоте, ки ҳаст мушкилоти гузаранда ҳастанд ва рӯзе не рӯзе ба поён мерасанд. "Шароит муҳайё мешавад, вале мо бояд худамон саҳмгузор бошем ва бикӯшем, ки ҳамин шароит барои худамон муҳайё шавад, ин миллат пеш равад, ин давлат пеш равад ва шароит барои рушду нумӯъ муҳайё гардад," - хулоса кард ӯ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG