Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Болои сӯхта намакоб". НДС расонаҳоро муфлис мекунад


Ҷорӣ шудани андоз аз арзиши изофашуда ва ё НДС ба расонаҳои чопӣ, боиси муфлис ва аз чоп бозмондани сӣ дарсади нашрия ва маҷаллаҳо дар Тоҷикистон хоҳад шуд.

Бар асоси Кодески нави андози Тоҷикистон аз январи соли оянда, расонаҳои чопии ин кишвар муваззафанд дар қатори анвои дигари молиёт андоз аз арзиши изофашударо, ки то ҳамин акнун аз пардохти он озод буданд, бисупоранд.

Талаби пардохти ин навъи андоз нигаронӣ ва ташвишҳоеро дар маҳофили рӯзноманигории кишвар ба бор овардааст. Зеро ба гуфтаи масъулини расонаҳо ва созмонҳои рӯзноманигорӣ, чунин талабот нашрия ва маҷаллаҳои Тоҷикистонро, ки тираж ва ё теъдоди зиёд надорад, ба мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад кард.

Хилватшо Хоҷаев, дабири кулли Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, дар шароите, ки фаъолияти нашрияҳо аз ҳисоби муштариён тазмин шудааст ва манобеи дигари молиявӣ надоранд, ҷорӣ кардани андоз аз арзиши изофашуда, ки дар ҳаҷми 18 дар сад аз даромад муқаррар шудааст, бештари онҳоро варшикаста ва аз бозори матбуот берун хоҳад кард.
Хилватшоҳи Маҳмуд
Хилватшоҳи Маҳмуд
Зеро ба гуфтаи ҷаноби Хоҷаев, соҳибони нашрияҳо барои ҳифзи ҳузури худ ногузир нархи фурӯшро боло мебаранд, аммо ҷайби харидор наметавонад онро таҳаммул кунад:

«Матбаа ва ноширон имкон надоранд, ки андоз аз арзиши изофашударо аз ҷайби худ пардохт кунанд. Ва ин гаронӣ ба сари ҳамон қисмати камбизоати ҷомеа, ки харидор аст, масалан нашрияҳои Тоҷикистон аз 3 то 5 ҳазор хонанда доранд ба сари онҳо бор мешавад ва вақте ки ҳафтанома ба дасти охирин хонандаи худ мерасад, арзишаш аз имрӯза дида ҳадди ақал ман фикр мекунам на 18 фоиз, ҳудуди сӣ сиюпанҷ дар сад боло меравад.»

Дар ҳамин ҳол Завқибек Сиддиқов, сардори Раёсати такмили қонунгузорӣ дар Кумитаи андози Тоҷикистон таъйид кард, ки Кодекси нави андоз ба фарқ аз Кодекси амалкунанда барои тамоми нашрия, интишорот ва адабиёти чопӣ андоз аз арзиши изофашударо пешбинӣ кардааст. Ҷаноби Сиддиқов гуфт, ки аммо ин қабил аз муассисаҳои андозсупор бар пояи низоми соддашудаи андоз НДС-ро пардохт хоҳанд кард. Яъне агар ин муассисаҳо дар хариди коғаз, ранг ва дигар ашёву таҷҳизоти чоп андозҳоро супорида бошанд, маблағи он ба ҳангоми пардохти андоз аз арзиши изофашуда ба инобат гирифта мешавад:

«Дар моддаи 211- Кодекси андоз омадааст, ки таҳвили маҷаллаву рӯзномаҳо, адабиёти бадеӣ, адабиёти бачагона, адабиёти таълими асарҳои илмиву техникӣ, инчунин иҷрои корҳо оид ба нашри онҳо аз андоз аз арзиши иловашуда озод аст. Дар Кодекси нав ин имтиёз нест. Ҳоло дар ҳаҷми 18 фоиз андоз аз арзиши изофашуда мешавад. Вале дар баробари ин аз дигарҳо, аз супорандагони андоз харид мекунанд харҷи онҳоро ба ҳисоб мегиранд ва сипас фарқияти онро месупоранд.»

Дар ҳамин ҳол Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи масоили байнулмилалӣ ва робита бо ҷомеа дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон гуфт, нигарониҳои
Олим Салимзода
Олим Салимзода
масъулони нашрияҳои даврии кишвар беҷиҳат нест. Аммо ин масъала дар сурати талаби рӯзноманигорон метавонад мавриди арзёбӣ қарор бигирад, чун қонун як санади шахшуда намебошад: «Ман ҳам огоҳ ҳастам, ки баъзе аз нашрияҳо то ба парлумон шикоят бурда буданд. Ва чизи дигар ин аст, ки ягон қонун дар ҳадди ниҳоӣ таҳия ва қабул намешавад. Дар сурати ворид шудани пешниҳодҳо аз ҷониби рӯзноманигорон, ин масъала албатта мавриди омӯзиши алоҳида қарор мегирад.»

Бо ин ҳама Хилватшо Хоҷаев, дабири кулли Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон гуфт, ки айни замон масъулини нашрия ва роҳбарони созмонҳои рӯзноманигории кишвар дар садади навиштани як муроҷиатнома ба унвони парлумон ва ҳукумати кишваранд, то ба хотири рушди озодии баён ва таҳкими равандҳои демократӣ, расонаҳои катбӣ ё чопиро аз пардохти андоз аз арзиши изофашуда озод кунад.

Расонаҳои катбӣ дар Тоҷикистон умдатан ҳафтае як маротиба ба нашр мерасанд. Шумори нашрияҳои мустақил аз 1000 то 5 000 ва нашрияҳои давлатӣ то 30 ҳазор нусха чоп мешаванд. Дар шароите, ки беш аз шаш моҳ кишвар дар ҳоли бебарқӣ қарор дошта ва дастрасӣ ба ТВ ва радиоҳо маҳдуд мешавад, ин нашрияҳо манбаи асосии иттиллоъ ба шумор мераванд. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон наздики чаҳорсад нашрия ва маҷалла ба чоп мерасанд, ки бархе аз онҳо мансуби давлат, қисмате ҳам ғайридавлатӣ мебошанд.

НИШАСТИ СОЛОНАИ ШӮРОИ ВАО-и ТОҶИКИСТОН ( 30-ЮМИ НОЯБРИ 2012)

Нишасти солонаи Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:23 0:00
XS
SM
MD
LG