Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи омори расмӣ дар як сол дар Тоҷикистон ба маблағи то 4 миллион доллар тилловорӣ харидорӣ мешавад ва бозори ин кишвар солона ба беш аз 3 тонна тилло талабот дорад.

Сандуқчаи ҷавоҳироти ҳар зани тоҷик, новобаста ба он ки аз кадом қишр аст ва вазъи зиндагиаш чӣ гуна, ҳатман як ё чанд ороишоти тиллоӣ дорад. Зару зевари тиллоӣ як бахши аслии ҷиҳози арӯсии духтарон дар Тоҷикистон ҳам ҳаст. Аксар волидони духтардор талош мекунанд ҳанӯз хеле барвақт аз арӯсии фарзандони хеш бо ният ангуштарӣ ва ё ҳалқаву гарданбанди тиллоро ба номаш бо нияти нек ҳифз кунанд.

Занону духтарон маъмулан дар тӯю маъракаҳои шод ҷавоҳироти худро намоиш медиҳанд, аммо дар рӯзҳои маъмулӣ ҳам одати ороиш додани дасту гардан бо тилловории зебо дигар касеро дар ҳайрат намемонад. Бархе аз занон барои доштани ин зебоии гаронарзиш метавонанд моҳу сол аз дигар хароҷоти начандон муҳим барои зиндагии худ сарфа намуда, маблағ ҷамъ оваранд.

Раъно Саломова, ки барои тамошои моли фурӯшгоҳҳои ҷавоҳироти маркази тиҷоратии "Садбарг" дар Душанбе омада буд, мегӯяд, ороишоти тиллову нуқраро хеле дӯст медорад ва ба ин бовар аст, ки ҳеч духтар наметавонад ҷавоҳироти тилло надошта бошад. Ӯ мегӯяд, бахусус, дар маросими тӯй арӯс ҳатман бояд ҷавоҳироти пурқиммат дошта бошад.

Бино ба омори расмӣ, дар як сол дар Тоҷикистон ба маблағи то 4 миллион доллар тилловорӣ харидорӣ мешавад ва бозори ин кишвар солона ба беш аз 3 тонна тилло талабот дорад. Аммо ин, ки ин ҷавоҳироти гаронарзиш воридотӣ аст ва занон бештар ба тиллои туркӣ ё итолиёӣ таваҷҷӯҳ доранд, ахиран мояи нигаронии президенти Тоҷикистон шуд. Албатта, ангушти ишораи президент дар ин маврид на сӯи занон, балки ҷониби масъулин ва соҳибкорон буд, ки наметавонанд бозорро бо маҳсулоти заргарӣ ё ҷавоҳироти сохташуда аз тиллои Тоҷикистон пур кунанд.

Дарёфти ороишоти тилло ва нуқрагӣ дар бозорҳои Тоҷикистон, ки аз маҳсулоти хоми ватанӣ сохта шуда бошад, кори осон нест. Чунин нуқтаҳои ҷавоҳироте, ки моли худиву дастиро пешниҳод мекунанд, камшуморанд. Дар ин фурӯшгоҳҳо бештар навъҳои ҳалқа ё дастмонаву ангуштариҳои қолабии наздик ба сохти қадимаро пешниҳод мекунанд. Хонум Дилором, ки тиллофурӯши мағозае дар “Садбарг” аст, гуфт, ҳоло асосан ҳамин 4-5 навъи ҳалқаҳои миллӣ ба фурӯш пешниҳод мешавад, вале дар шароити хеле бою рангин будани пешниҳодҳои дигар, муштарӣ бо ин чанд намуд дигар қаноат намекунад.

Нигарониҳо аз камбуди маҳсулоти ватании заргарӣ дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон солҳои ахир аз афзун шудани захираву истихроҷи тилло хабар медиҳанд. Дар ин кишвар танҳо дар 6 моҳи соли ҷорӣ беш аз 2 тонна тилло истеҳсол шудааст ва баҳои муттахассисон ҳам ба сифати ин тилло баланд аст. Аммо чун ба истеҳсоли ниҳоӣ расонидани тилло ва тавлиди маҳсулоти заргарӣ маблағҳои бузургро талаб карда, риски зиёд дорад, таваҷҷӯҳи соҳибкорон дар Тоҷикистон ба он зиёд нест.

Ҳоло дар Тоҷикистон 10 корхонаи хурду миёнаи истеҳсоли моли заргарӣ фаъолият дорад, вале бо имкону шароите, ки ин коргоҳҳо доранд, наметавонанд бо маҳсули заргарии воридотӣ рақобат кунанд. Ин корхонаҳо ғолибан аз адами таҷҳизоти муосир барои истеҳсоли зару зевари замонавиву серхарид мушкил мекашанд ва бештар аз кори дастии заргарон истифода мебаранд.

Бахтиёр Шарипов, сардори Раёсати маъдани куҳӣ ва металҳои қиматбаҳои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд: “Маҳсулоти ин корхонаҳо наметавонад пурра талаботи кишварро қонеъ кунад. Корхонаи маҳсули заргарии навтаъсиси Тоҷикистон мехоҳанд, ки дар даври аввали кор андозашон паст карда шавад, то онҳо дар як муддати кӯтоҳ вазъи иқтисодии худро беҳ созанд ва технологияи муосиру заруриро оранд. Ӯ мегӯяд, аз сӯи дигар, воридоти маҳсулоти заргарӣ аз хориҷ бояд дар чаҳорчӯбаи қонун ба роҳ монда шавад, то корхонаҳои дохилӣ ҳам тавонанд рақобатпазир бошанд.

“Тоҷиккристал” яке аз камтарин коргоҳҳо дар пойтахт аст, ки аз тиллои Тоҷикистон ва технологияҳои муосир, зару зевари миллӣ ва ҳам сохти аврупоӣ тавлид мекунад. Аммо ин ороишот танҳо дар мағозаи назди корхона ба фурӯш гузошта мешавад. Умедҷон Абдураҳмонов, раҳбари корхонаи «Тоҷиккристал» мегӯяд, ин корхона соли 2002 ташкил шуда, ҳоло дар он то 30 мутахассиси ороишгари зару зевар ва ҳам худи заргарон кор мекунанд. Ашёи хом аз корхонаҳои истихроҷи маъдани тилло ва нуқра харидорӣ мешавад. Вай гуфт, талоши онҳо ҳамеша бар ин аст, ки моли рақобатпазир тавлид кунанд.

Ҳар грами тилло имрӯз дар бозори ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон 30 доллар арзиш дорад. Тиллои маъруфу серхарид имрӯз дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон навъи 583 ва 585 аст. Аммо тиллои навъи 999, ки бештар коргоҳҳо барои истеҳсоли ҷавоҳирот аз он истифода мекунанд, 37 доллар харидорӣ мешавад. Муассисони “Тоҷиккристал” талошу орзу доранд, ки моли худро ба хориҷа ҳам содир кунанд.

Аммо масъулини вазорати саноати Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло барояшон муҳим он аст, ки бо дастгирии соҳибкорон ва ба роҳ мондани корхонаҳои бештари маҳсулоти заргарӣ бозори дохилиро бо зару зевари серхариду замонавӣ таъмин ва бо ҳамин ба рушди иқтисоди кишвар ва ташкили ҷойҳои корӣ муосидат кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG