Пайвандҳои дастрасӣ

​Як духтари ҷавони тоҷик баъд аз дарёфти пешниҳод барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ба ҳамсолонаш ҳушдор додааст, боэҳтиёт бошанд, то ба ҷои либоси арӯсӣ камарбанди маргталабӣ напӯшанд.

Як духтари ҷавони тоҷик ба ҳамсолонаш ҳушдор додааст, ҳангоми "ошноӣ" бо писарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз эҳтиёт кор бигиранд, то ба доми фиреб уфтода, ба ҷои либоси зебои арӯсӣ камарбанди маргталабӣ ба бар накунанд. Ин духтари ҷавон, ки бо исрори худаш аз ӯ шартан Нигина ном мебарем, гуфт, дар пайи як чунин шиносоӣ ӯ дар ниҳоят даъвати ҷиддие барои рафтан ба Сурия гирифтааст.

Нигина мегӯяд, ошноӣ ва сӯҳбат бо “дӯст”-и интернетиаш хеле аҷиб буд. “Сӯҳбати мо дар як шабакаи иҷтимоӣ ҳамагӣ ним соат идома кард. Дар фурсати кӯтоҳ вай ба мане, ки на аксамро дида буд ва на номамро медонист “ошиқ” шуд ва изҳори муҳаббат кард,”-нақл кард мусоҳиби мо.

Вай афзуд, ин ҷавон дарҳол пешниҳод намудааст, то бо волидони духтар низ шинос шуда, аз сар то ба пояшро тилопеч ва якҷоя зиндагиро дар лаби баҳре дар Дубай оғоз намоянд. Вале талош кардааст, бифаҳмад, ки духтар бар ивази ин ҳама хушбахтиҳо ба чӣ кор қодир аст?

Қаҳрамони мо, ки шартан аз ӯ Нигина ном мебарем, қисса мекунад, табиатан кунҷкоб аст ва аз ин рӯ, мусоҳиби аҷибу ғарибашро ба рӯйхати сиёҳ ворид накарда ва то ба охир интизор шудааст, бифаҳмад ӯ дар ниҳоят чӣ мехоҳад? Вақте Нигина ба саволи ин ҷавон дар бораи намозхонӣ ҷавоби рад мегирад, якбора ҳамсӯҳабаташ ба насиҳат ва ба иҷрои аҳкоми шаръӣ даъваташ карда, аз азобу машаққати дӯзах ва роҳати биҳишт ёдоварӣ намуда, талош кардааст, то Нигинаро барои рафтан ба Сурия ҷалб кунад.

Баъд аз ин ҳодиса, ҷавондухтари тоҷик ба ин натиҷа расидааст, ки имкон дорад, духтарони зиёде ба чунин қиссаҳо бовар карда, ҳаёти худро зери хатар бигузоранд. Бо нашри ин қиссаи худ дар як маҷаллае бо номи “Хонум” ин ҷавондухтари тоҷик ба ҳамтоёни худ машварат додааст, ҳангоми муоширати интернетӣ, бодиққату эҳтиёткор бошанд ва тавонанд сари вақт аз хатар огоҳ шаванд. Ӯ таъкид мекунад, қабл аз шурӯи мукотиба бо нафаре бояд дар бораи ӯ бештар иттилоъ пайдо кунед: “Ба саҳифааш ворид шавед, навиштаҳояшро мутолиа кунед, меҳмони дӯстҳояш шавед ва аз дунёи ӯ бештар огоҳ шавед ва ба ваъдаву изҳори муҳаббатҳо дар интернет аслан дода нашавед.”

Шаҳноза Бозорзода

Шаҳноза Бозорзода

Мисоли ин духтар, ки аз як шиноси маҷозиаш даъват ба ҷиҳоду Сурияро гирифтааст, ягона нест. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, як роҳи аслии ҷалби ҷавонон аз дохили кишвар ба Сурия ин тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан “Одноклассники” ва “Вайбер”-у “Вотсапп” сурат мегирад. Чанде пеш мақомот аз бозгардонидани як духтаре бо номи Шаҳноза Бозорзода аз роҳи сафар ба Сурия хабар доданд, ки вай ҳам таҳти таъсири ҷавоне, ки дар Вайбер бо ӯ шинос шудааст, ба ин роҳ рафтааст.

Равоншинос Заррина Кенҷаева мегӯяд, ғолибан гурӯҳҳои ифротӣ ба духтароне таваҷҷӯҳ мекунанд, ки дар зиндагӣ аз чизе рӯҳафтода ва ноумед шуда, ҳолати руҳии худро дар саҳифаҳои худ ошкор мекунанд, ки ин боис мешавад, то ба доми ифротиҳо биафтанд. “Аслан онҳо зудбовар ҳастанд ва иродаи суст доранду гумон мекунанд ягона роҳи халосӣ аз мушкил барояшон ҳамин аст,”-гуфт равоншинос.

Бунафша Асоева -- як таҳлилгари ҷавон, ки ба хотири омӯзиши зиндагии ҷавонони тоҷики муқими Сурия дар интернет эълони кардааст, омодаи рафтан ба ҷангҳои Сурия мебошад, мегӯяд, паёми баръакс гирифтааст. Аз ӯ даъват кардаанд, беҳтар аст барои волидону хонаводаи худ ҷиҳод кунад. Аммо вай мегӯяд, ин афрод эҳтимол аз ҷумлаи пушаймоншудаҳо ҳастанд, ки худ дигар роҳи бозгашт надоранд ва намехоҳанд, каси дигаре мисли онҳо ба ин дом биафтад. “Аз 10 нафар 8 нафараш қариб ба ман посух дод ва пурсиданд, ки падару модар, ҳамсар ва кӯдак дорам? Агар ҳа, пас, беҳтарин ҷиҳод ин хизмат барои онҳо аст,”-афзуд Бунафша Асоева.

Асомуддин Атоев

Асомуддин Атоев

Аммо дар ҳоле тамоми “гуноҳ”-ҳо ба гардани шабакаҳои иҷтимоӣ бор карда мешавад, бисёре аз коршиносони соҳа мегӯянд, айб дар мош аст, на дар ош. Ба қавли онҳо, одамони дониставу босаводро ягон шабака дигар карда наметавонад.

Асомиддин Атоев, таҳлилгари маосили интернет ҳам мегӯяд, бояд фарҳанги иттилоотӣ ё истифодабарии технологияҳои муосирро боло бурд: “Аз он ки дар кишвар фарҳанги иттилоотӣ ё технологӣ заиф аст ва барномаи таълимии фанновариҳои иттилоотӣ ҳам дуруст ба роҳ монда нашудааст, ин мушкил ҷой дорад. Мо чандон технологияҳоро ба манфиати худ истифода намебарем. Аз он мегурезем. Мо ба ҷои он ки роҳҳои дурусти истифодабарии технологияи муосирро нишон диҳем, кӯшиш мекунем фақат ҷиҳатии манфии онро нишон диҳему танқид кунем.”

Сокинони Тоҷикистон ҳоло аз шабакаҳои иҷтимоии “Одноклассники”, “Фейсбук” ва барномаҳои мобилии “Вайбер”-у “Вотсапп” зиёд истифода мекунанд. Нигина ҷавондухтаре, ки дар интернет даъвати сафар ба Сурияро гирифтааст, мегӯяд, аксари онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ба ин гурӯҳҳо ҷалб мекунанд, агарчӣ равоншиносони ҳирфаӣ нестанд, аммо аксарият дар ин кор таҷрибадоранд. Онҳо ғолибан духтарони хеле ҷавонро ба худ моил мекунанд ва орзуҳои одиву самимии онҳо, мисли бунёди оилае бар пояи ишқу муҳаббат ва хушбахт шуданро барои пиёда кардани ҳадафҳои худ истифода мебаранд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ҷангҳои Сурияву Ироқ беш аз 200 ҷавони аз 18 то 30-солаи тоҷик ишитрок доранд, ки бархе аз онҳо бо ҳамсару фарзандони худ дар он ҷо қарор доранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG