Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Бахткушояк" -расми нави рӯзадорӣ ва ё рӯзахӯрӣ дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон ид расман рӯзи 28-уми июл ҷашн гирифта мешавад.

Дар Тоҷикистон ид расман рӯзи 28-уми июл ҷашн гирифта мешавад.

Як рӯз қабл аз иди рамазон бархе аз ҷавонон дар Душанбе рӯзаи худро кушоданд. Онҳо инро «бахткушояк» ном мебаранд ва ба ин боваранд, ки як рӯз қабл аз ид хӯрдани рӯза дари бахташонро боз мекунад.

Солеҳа ва Зарина, ду сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 27-уми июл дар ҳоле, ки барои хариди идона ба бозори Шоҳмансур мерафтанд, дар дохили нақлиёт бо ҳам дар бораи «бахткушояк» сӯҳбат доштанд. Ба қавли онҳо, ки яке 25-сола ва дигаре 23-сола аст, ин амал ба онҳо аз падару модар ва ҳатто аз бобову бибияшон мерос мондааст.

Ба гуфтаи Солеҳа, дар хонаашон апаву бародаронашон ин амалро анҷом медодаанд. Солеҳа афзуд, ки ҳамасола бобояш барои набераҳои хона ширинӣ меорад, то онҳо бо нияти кушода шудани бахташон рӯзаи худро барвақт ва бо ширинӣ кушоянд. Ӯ мегӯяд, ки дар ин рӯз «Худо бахти сафедам диҳад» гуфта рӯзаи худро бо ширинӣ мекушоем. Ба қавли Солеҳа, соли сеюм аст, ки ӯ ин амалро ба ҷо меорад ва бовар дорад, ки соҳиби бахти сафед мешавад.

Зарина Холиқҷонова ҳам бовар дорад, ки бо анҷоми «бахткушояк» дар охири моҳи мубораки рамазон, Худованд ба ӯ шавҳари арзандаеро насиб мекунад. Зарина ҳамин сол донишгоҳро хатм кардааст ва мегӯяд, акнун мехоҳад бахташ кушода шавад:

«Давоми панҷ сол аст, ки ман як рӯз пеш аз ид бахткушояк мекунам. Апаҳоям ҳам ин корро мекарданд ва имрӯз онҳо соҳиби шавҳари хубанд. Ман ҳам бо анҷоми ин кор мехоҳам соҳиби бахти сафед шавам.»

Зарина, дар тан либоси исломӣ, яъне рӯсарӣ дошт, ба суоли мо ки «оё ин дар ислом ҷоиз аст?» посух дод, ки инро намедонад ва аммо чун бобояш дониши хуби исломӣ дораду ба набераҳои худ чизе намегӯяд, бовар дорад, ки анҷоми ин амал кори баде нест.

Аммо Зубайдуллои Розиқ, рӯҳонии тоҷик мегӯяд, ки ин амал рабте ба ислом надорад. Ба қавли ӯ, «бахткушояк» ин хурофот аст, ки онро иддае аз мардум анҷом медиҳанд. Зубайдуллои Розиқ мегӯяд: «Ман ҳам ҳамин шаб шунидам дар ин бора. Шаб як ҷо нишаста будем, ки бачаҳо сари ин масъала сӯҳбат кард. Кадом нафаре ба онҳо дар ин маврид гуфтааст. Аммо ман бовар надорам, ки ягон нафар рӯҳони ин гапро гӯяд. Инро касе шояд барои фиреби назар гуфта бошад. Зеро ислом комилан хилофи ин гуна гапу амал аст ва ин решаи илмӣ надорад.»

Ҷонибеки Асрориён, фарҳангшиноси тоҷик, мегӯяд: «Миёни калонсолон пештар арҷ гузошта мешуд, ки дар даҳаи моҳи рамазон, охирон рӯзи пеш аз иди фитр барвақттар мехӯранд. Масалан офтоб то як газ мондан алаккай рӯзаи худро мекушоданд, ки савоб аст. Аммо ба ин тартиб ҳеҷ гоҳ шӯҳрат надошт.»

Миёни иддае аз ҷавонон «бахткушояк» дар ҳоле расман мешавад, ки ба қавли худи духтарон пайдо кардани шавҳари муносиб хеле душвор аст. Чун ҷавонон бештар дар муҳоҷиратанд, пайдо кардани шарики хубу муносиби ҳаёт барои духтари тоҷик ба як рӯъё табдил ёфтааст. Шояд ба ин хотир бархе аз онҳо ба мӯъҷизаву амалҳое чун «бахткушояк» бовар мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG