Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шифо барои гесувони 2-метриаш харидор наёфт, вале...


Шифои гесукаманд аз раъйаш нагаштааст ва омодааст, ба хотири фарзандону беҳтар кардани вазъи зиндаги мӯйҳои дарозу зебояшро бифурӯшад.

Шифо Исмоилова, духтари гесӯкаманди тоҷик бо гузашти як сол натавонист, барои мӯйҳои зебо ва дарозаш харидор пайдо кунад. Шифои 28-сола ва модари се фарзанд, ки мӯйҳояш заминро "ҷорӯб мезананд" ва аз 2 метр дарозтаранд, аввали соли 2014 гуфт, ки мехоҳад, ба хотири фарзандону беҳтар кардани вазъи зиндагӣ мӯйҳои зебояшро бифурӯшад. Аммо дар ин як сол харидоре пайдо нашудааст, ки баҳои воқеии мӯйҳои Шифоро бипардозад.

Шифо ба Радиои Озодӣ гуфт, як нафар 3 ҳазор доллар барои мӯйҳояш пешниҳод кард, вале ӯ напазируфт, зеро қимати гесувони дарозашро бештар аз ин меҳисобад: “Харидор пайдо шуд, аммо бо нархҳои пасттар. Ҳаштсад доллар, ҳазор доллар, аммо дилам нашуд, бифурӯшам. Вақте кошонаҳои ҳусн медаромадам, барои ороиши абрӯвонам, одамоне буд, ки мегуфтанд, мӯйҳоятро бифурӯш. Як зан гуфт ки 3 ҳазор доллар медиҳам, мӯйҳоятро бифӯрӯш, не гуфтам.“

Ба қавли Шифо, атрофиён мегуфтанд, ки мӯйҳояш арзиши аз ин ҳам бештар дорад ва бояд сабр кунад ва муштарии дигар ёбад: “Одамон мегуфтанд, ки метавонӣ бо маблағи бештар савдо бикунӣ, мӯйҳоят бо маблағи бештар ба савдо меравад, аз ин ҳамин сабаб дилам нашуд, ки 3 ҳазор доллар фурӯшам.”

Гесӯвони Шифо, ки сокини Душанбе аст, дар як соли ахир дарозтар ва нигоҳубинаш ҳам сахттар шудааст. Ӯ худаш ҳам чен накардааст, ки мӯйи сараш чанд метру чанд сантиметр аст, вале медонад, ки гесувонаш аз ду метр кутоҳтар нест. Шавҳару хешовандони Шифо ба фурӯхтани гесӯи дарози ӯ зид ҳастанд, вале ӯро дарк мекунанд ва медонанд, ки агар мӯйҳояшро қайчӣ бизанад, ҳам дигарбора дароз мешаванд:

“Шавҳарам, албатта, ошиқи мӯйи дарозам ҳаст, аммо чун мебинад, ки дар хона бо кӯдакон мушкил мекашам, розӣ ҳаст, ки мӯяро кӯтоҳ кунам. Мӯйи мо авлодан ҳамин хел пурамал аст. Борҳо онро қайчӣ задам, аммо боз зуд дароз мешавад.»

Шифо дар сӯҳбати аввали сол ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "мушкилоти зиндагӣ ва маҳз бехонагӣ ӯро водор кардааст, то муйи сарашро ба фурӯш гузорад. Агарчӣ ҳоло зиндагиашон беҳтар шудааст, вале боз ҳам омода аст, барои беҳтар кардани вазъи зиндагии хонавода, “ҳусни зебо” ва гесувони мояи ифтихори худаш ва рашки духтарони дигарро қурбон кунад.

Шифо дар гузашта дар ҷашнвораҳои "Чакомаи гесӯ" ҳам ширкат кардааст ва мегӯяд, дар гузашта чандин пешниҳодҳо аз Тоҷикистону берун аз он барои харидории мӯйи сараш шуда буд, аммо ӯ намехост мӯйи худро кӯтоҳ кунаду бифурӯшад. Ба қавли ӯ, ҳатто як шаҳрванди хориҷӣ дар ивази пардохти 15 ҳазор доллар хостааст, мӯйи сарашро бихарад, аммо Шифо ҳомиладор буд ва фурӯхтани мӯйро фоли бад дониста, пешниҳоди фарди хориҷиро рад кардааст.

Ҳоло барои нигоҳубини ингуна гесу, ҳам вақт лозим аст, ҳам шампуни зиёду, ҳам шонаи қавӣ. Барои ҳамин Шифо аз раъйи худ барои фурӯхтани мӯйҳои зебояш нагаштааст: “Агар пули нағз пешниҳод кунанд, мефурӯшам, шустану нигоҳубин кардани мӯйи сарам, заҳмати зиёд талаб мекунад.”

Қимати гесувони дарозтари Шифо Исмоилова, ҳоло баландтар аст ва чӣ қадар? Дар ин видео аз худаш бишнавед.

Шифо барои кокулҳои дарозаш харидор наёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

XS
SM
MD
LG