Пайвандҳои дастрасӣ

Гулнора Азизова: "Мехоҳам, зебоии тоҷиконро нишон диҳам"


Гулнора Азизова

Гулнора Азизова

Донишҷӯдухтари тоҷик, Гулнора Азизова, ба даври ниҳоии озмуни байналмилалии “Маликаи баҳор-2015” роҳ ёфтааст, ки қарор аст, то чанд соати дигар ҷамъбаст шавад.

Гулнора Азизова донишҷӯи соли аввали факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Белорус 25-уми августи соли 1992 дар ноҳияи Дарбанд таваллуд шуда, аз солҳои 1996-97 ба ин сӯ дар Русия зиндагӣ мекунад. Вай дар Русия коллеҷи омӯзгориро хатм намуда, ҳоло ба омӯзиши забонҳои англисӣ, форсӣ, ҳинду ва арабӣ машғул аст. Гулнора хоҳари ҳунарпешаи синамо Комрон Азизов аст, ки дар “Мосфилм” кор мекунад.

Ҳангоме мо ба Гулнора Азизова дар тамос шудем, вай хеле ҳаяҷонзада буд ва гуфт, ҳоло дар пардозхона буда, барои рӯйи саҳна баромадан омодагӣ дорад. Қарор аст Гулнора дар даври ниҳоии озмуни байналмилалии “Маликаи баҳор-2015” таҳти шумораи 11 ба саҳна барояд.

Дар ин озмун, ки 12 зебосанам аз дигар кишварҳо, аз қабили Беларус, Русия, Чин, Туркманистон ва Латвия ширкат доранд, ба қавли Гулнора расидан то даври ниҳоӣ хеле душвор буд. Гулнора бо 120 овоз то даври ниҳоӣ роҳ ёфтааст. Ӯ ҳамаги 3 дарсад раъй дорад в а мегӯяд, ки дар ҷараёни овоздиҳӣ тоҷикон ширкат накардаанд.

Радиои Озодӣ: Ширкат кардан дар ин озмун пешниҳоди касе буд ё тасмими худатон?

Гулнора Азизова: Ман пештар дар озмуни зебосанамҳо дар донишгоҳамон иштирок карда будам, ки баъдан ба ин озмуни байнулмиллалӣ низ даъват шудам. Дар озмуни зебосанами донишгоҳамон мақоми сеюмро касб карда будам. Пас аз иштирок дар озмуни донишгоҳамон, ташкилкунандагони ин озмун занг зада, хоҳиш намуданд, ки ман ҳам яке аз ширкатдорон бошам.

Радои Озодӣ: Ҳадаф аз ширкат дар ин озмун чӣ аст? Бо ин роҳ мехоҳед карйера бисозед ё...?

Гулнора Азизова: Ман дар Тоҷикистон танҳо таваллуд шудаам ва дар Русия бузург шудаам. Аммо бо вуҷуди ин ман Тоҷикистонро Ватани худам медонам. Бинобар ин мехостам кореро барои Ватани худам анҷом диҳам. Ҳарчанд он ҷо зиндагӣ намекунам ва гоҳе меравам. Мехоҳам Ватанамро дар ҷаҳон беҳтарин нишон диҳам. Аз Тоҷикистон дар ин гуна озмунҳо зиёд ширкат намекунанд ва на ҳама медонад, ки тоҷик танҳо мҳоҷир буда метавонад. Дигар корҳои хуб ҳам мекунад. Бинобар ин тасмим гирифтам, ки бо ширкат кардан Тоҷикистонро чун кишвари фарҳангӣ нишон диҳам.

Радиои Озодӣ: Яъне оянда модел шуданӣ нестед?

Гулнора Азизова: Агар ягон пешниҳоди хубе шавад, ки маро қонеъ карда тавонад, чаро не? Мумкин модел шуда кор кунам. Аммо ман таҳсиламро партофтанӣ нестам. Мехоҳам, таҳсиламро ҳатман идома диҳам, чун ботини ман муҳимтар аз зоҳирам ҳаст.

Радиои Озодӣ: Шартҳои асосии озмун чӣ аст ва иҷрои он барои шумо душвор нест?

Гулнора Азизова: Яке аз шартҳои озмун доштани маҳорати актёрӣ ва доштани ҳаракатҳои махсусан зебо аст. Бинобар ин аъзои жюрӣ на танҳо ба зебоии зоҳирӣ, балки ба донишу фаҳмиш, ҳаракату маҳорати иштирокчиён низ баҳогузорӣ мекунанд. Ҳамчунин маҳорати актёрии иштирокчиёнро низ мебинанд, ки ман рақси ҳиндӣ иҷро кардам ва таронаи русӣ хондам. Дар робита ба душвор будан ё набудани иҷрои шартҳо ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки душворӣ дида мешавад. Албатта, дар як доираи муайян. Мушкили асосие, ки ман эҳсос мекунам ин ҷо Ватани ман нест. Агар ин ҷо Ватани ман мебуд, шояд озодтар худамро эҳсос мекардам. Лекин аз ҷониби дигар хеле ҷолиб ҳам ҳаст иштирок кардан дар ин озмун ва хушҳол ҳам ҳастам.

Радиои Озодӣ: Шумо бовар доред барранда мешавед? Ё ҷой намоёнеро ишғол мекунед?

Гулнора Азизова: Ман барои ҷой иштирок надорам ва умеди пирӯзӣ ҳам надорам. Зеро тамоми иштирокдорони озмун нафарони арзанда ҳастанд. Хело фаъоланд. Зебо ҳастанд. Душвор аст гуфтанд, ки одам ғолиб мешавад ё не. Рақобат кардан бо иштирокчиёни озмун душвор аст. Баъдан ширкат кардан худаш дар чунин озмун бароям як шараф аст. Хурсанд ҳастам, ки аз донишгоҳамон ва Тоҷикистон дар ин озмун маҳз ман ширкат дорам, на ягон каси дигар. Аммо тамоми талошамро мекунам, ки Тоҷикистон беҳтарин кишвар нишон диҳам. Ҳамааш дар дасти Худованд аст. Албатта, бо кӯшишҳои ман, Худо хоҳад, ҳамааш хуб мешавад.

Радиои Озодӣ: Сабқат аз рӯйи ростӣ мегузарад?

Гулнора Азизова: Албатта, ман дақиқ гуфта наметавонам, ки касе “через” мекунад ё не. Лекин дар қиёс бо иштирокчиён аз Белорус ва дигар кишварҳо ҳангоми муносибат кардан то ҷое беадолатӣ мушоҳида мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG