Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоира аз сабқати ҷаҳонии бокс ба Тоҷикистон медал меорад


Дар Ёқутистони Русия мусобиқаи шашуми қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни донишҷӯён шурӯъ шуд, ки дар он 82 муштзан аз 12 кишвар ширкат доранд.

Дар мусобиқаи шашуми қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни донишҷӯён, ки дар Ёқутистони Русия ҷараён дорад, 82 муштзан аз 12 кишвар - Беларус, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Маҷористон, Молдова, Муғулистон, Русия, Сербия, Тоҷикистон, Узбакистон, Фаронса ва Швейтсария - ширкат меварзанд.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро се нафар намояндагӣ мекунанд. Шоира Зулқайнарова, ки дар вазни то 60 килограмм миёни занон бар асоси қуръакашӣ бидуни рақобат ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт, ҳадди ақал бо медали нуқра сарфароз мегардад.

Муштзани дигари тоҷик Акбар Сафаров, ки дар вазни то 64 килограмм бар Дмитрий Ганев аз Молдова аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад, дар даври баъдӣ бо Абдул Малик Лоҷалӣ аз Фаронса вориди рақобат мешавад. Шавкатҷон Раҳимов дар вазни то 60 килограмм бо Равшанбек Умурзоқов аз Узбакистон қувваозмоӣ мекунад.

Сабқати ҷаҳонии донишҷӯёни муштзан дар Ёқутистон то рӯзи 14-уми сентябр идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG