Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон тарҳи тағйироту иловаҳоеро ба қонуни рақобат ва фаъолияти инҳисориро таҳия кардааст, ки агар қабул шавад, дасти ин ниҳодро дар танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввалия бозтар мекунад.

Тарҳи тағйироту иловаҳо ба қонуни рақобат ва фаъолияти инҳисорӣ таҳия шудааст, ки агар қабул шавад, дасти Хадамоти зиддиинҳисориро дар танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дарозтар мекунад.

Бар пояи қонуни амалкунанда, ҳоло Хадамоти зиддинҳисорӣ танҳо дар ҳоле метавонад ба мизони нархҳои ширкатҳо ва ё молу маҳсулот дахолат кунад, ки агар ширкат дар бозор мавқеи ҳукмфарморо дошта бошад. Тибқи муқаррароти ҳамин қонун, мавқеи ҳамон ширкате дар бозор “ҳукмфармо” эътироф мешавад, ки агар он 50 дар сад ва аз ин бештари бозорро, ба даст дарорад.

Абдураззоқ Азизов, роҳбари раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистонрӯзи 29-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои “Озодӣ” гуфт, ки тарҳи ин лоиҳаро омода шудааст ва он ҳоло дар баррасии ҳукумат қарор дорад: "Ҳоло маълум нест, ки ин лоиҳа дар шакле, ки мо пешниҳод кардаем, қабул хоҳад шуд ва ё на”

Зарурати қабули лоиҳаи тағйиротро масъулони Хадамот зиддинҳисорӣ дар он мебинанд, ки бархе аз ширкатҳо бо он, ки 50 дар сади бозорро таҳти назар надоранд, вале бо сӯиистифода аз мавқеи худ, рақобати солимро аз байн мебарад ва нархҳоро бидуни асос баланд мекунад. Дар ин ҳолат коре аз дасти Хадамоти зинддиинҳисорӣ барнамеояд, зеро бар пояи қонуни ҷорӣ, ин ниҳод салоҳияти дахолат ба нархи муайянкардаи ширкатҳоро надорад.

Зуд−зуд гароншавии нархи молу маҳсулот дар бозорҳо махсусан, маҳсулоти ниёзи аввалия табъи сокинони кишвар, ба вижа кормандони будҷавиро хира мекунад. Сокинони кишвар дар боло рафтани қимати маҳсулот асосан тоҷиронро гунаҳкор медонанд ва аз Хадамоти зиддинҳисорӣ домангир мешаванд, ки чаро дар ин гуна ҳолатҳо ҷилави нархҳоро намегирад. Аз сӯи дигар Тоҷикистон аз иқтисоди бозаргонӣ пайравӣ мекунад, ки нархро дар он фаровонии маҳсулот танзим мекунад, на назароти он.

Cония Неъматова, ки беш аз 30 сол дар мактаб ба тадриси толибилмон машғул аст, мегӯяд замоне, ки нархи маҳсулотро давлат таъин мекард, зиндагии ӯ муътадил ва бонизом буд: «Замоне, ки давлат нархи маҳсулотро танзим мекард, ман худамро амнтар ҳис мекардам. Ҳоло он маоше, ки ман мегирам, ҳамчун омӯзгор комилан бо нархи бозор рост намеояд. 900 сомонӣ маошеро, ки мегирам, намедонам маводи хӯрокӣ харам, ё пули таҳсили фарзандонамро пардохт кунам.»

Аммо иқтисодонҳо мегӯянд, дар шароити нархҳои озод, рақобати шадид, вале солими ширкатҳо ва соҳибкорони алоҳида, бояд монеи боло рафтани нархи молу хадамот шавад. Вале тавре Баҳром Шарипов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, чун бозори дохилии Тоҷикистон ниҳоят хурд аст, ҳар ширкати миёна ва калон дар як муддати кӯтоҳ метавонад мавқеи монополиро ишғол карда, нархҳоро дар бозор ба дасти худ гирад.

Ба гуфтаи ин иқтисоддони тоҷик, “дар Тоҷикистон ҳоло шумораи соҳибкорон дар муқоиса ба теъдоди аҳолӣ хеле кам аст. Бинобар ин, дар бозор низ рақобати шадид вуҷуд надорад. Рақобати заиф боиси дар сатҳи баланд боқӣ мондани нархҳо мегардад. Масалан, ҳоло нархи баъзе аз маҳсулот дар Тоҷикистон баробари нархи шаҳрҳои калони дунё, назири Маскав аст. Набояд ин тавр бошад, чунки сатҳи маоши Маскаву Душанбе муқоисанашаванда аст.”

Нархи молу маҳсулот дар Тоҷикистон 23 сол қабл озод эълон шуд. Ҳарчанд Тоҷикистон соли 1991-ум истиқлолият ба даст овард, аммо то соли 1993 кишвар тибқи низоми иқтисоди нақшавӣ пеш мерафт ва ҳанӯз ҳам ҷилави нархҳо дар ихтиёри давлат буд. Танҳо 8-уми январи соли 1993 девони вазирон бо қабули қарор «Дар бораи озодии нархҳо», давлатро аз масъулияти таъин намудани нархҳо дар бозор озод намуд.

Озодии нархҳо ва иқтисоди бозорӣ ба фарқ аз иқтисоди нақшавии давлати Шӯравӣ камбуди молу маҳсулотро дар бозор аз байн бурд ва растаҳои дӯконҳоро ғанӣ кард. Мушкили дарёфти молҳои хушсифати истеҳсоли хориҷӣ низ, ки қаблан фурӯшандаҳо онро пинҳонӣ ва ё ба истилоҳ “под прилавка” мефурӯхтанд, аз байн рафт. Аммо аз сӯи дигар, аз замоне, ки давлат ҷилави нархҳоро озод кард, он пайёпай боло меравад, ки бархеҳо инро “нуқси модарзодии капитализм” меноманд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG