Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саламшо Муҳаббатов қаҳрамони ҷаҳон шуд


Саламшоҳ Муҳаббатов аз фармондеҳони собиқ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Абу-Дабӣ ҳама рақибонашро шикаст дод.

Саламшоҳ Муҳаббатов аз фармондеҳони собиқ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Абу-Дабӣ ҳама рақибонашро шикаст дод.

Паҳлавони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар Абу-Дабии Имороти Муттаҳидаи Араб ҳамаи рақибонашро шикаст дод.

Саламшо Муҳаббатов, раиси Федератсияи гуштии озод ва юнониву румии Тоҷикистон, дар мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо байни собиқадорон пирӯз омада, унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шуд.

Дар ин мусобиқот, ки бо сарпарастии Федератсиюни байналмилалии дзюдо дар шаҳри Абу-Дабӣ аз 24-ум то 26-уми ноябр идома кард, Саламшо Муҳаббатов рақибаш аз Фаронса Жозе Мануел Пажароро шикаст дод ва сипас Владимир Маркелов ва Радик Мухаметханов- устодони варзиш аз Русияро низ ба зер афканд ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Дар ниҳоят дар ин марҳила паҳлавони тоҷик бар Ярослав Бансзел, гуштигири чех, дастболо шуд ва унвони қаҳрамони ҷаҳон дар байни собиқадоронро ба даст овард. Вай дар гурӯҳи 10-нафарии паҳлавонони аз 50 то 54-сола ва зери 90 кило рақобат кард.

Дар мусобиқаи ҷаҳонии дзюдо занону мардони аз 35 то 80- сола ширкат доштанд ва куҳансолтарин паҳлавони бозиҳо, 84 сол доштааст. Дар гузашта, ба гуфтаи Андрей Бондор, раиси кумиссиюни собиқадорони Федератсиюни байналмилалии дзюдо, дар чаҳор мусобиқоти гузашта теъдоди варзишгарон ба ин ҳад зиёд набудааст.

Саламшо Муҳаббатов, ки 53 сол дорад, аз фармондеҳони собиқ дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, баъд аз хатми ҷанг то соли 2001 раиси Кумитаи нафт ва газ буд ва баъди он дар ширкату идораҳои давлатии дигар низ ифои вазифа кардааст. Айни замон ба варзиш машғул аст ва то кунун унвони устоди самбо, дзюдо ва гуштии озодро соҳиб шудааст.

Дар маҷмӯъ дар панҷумин мусобиқоти ҷаҳонии байни собиқадорони варзиш, 700 варзишгар аз 56 кишвар мувофиқи сину сол (аз 30 то 80-сола) ва вазнашон дар даҳ гурӯҳ рақобат карданд.

Хайрулло Назриев, паҳлавони номдори тоҷик.

Хайрулло Назриев, паҳлавони номдори тоҷик.

Ширинҷон Мамадсафоев, дабири кулли Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, “ба ҳайати мунтахаби кишвар даҳ нафар дохил буданд. Се нафари онҳо бо як медали тилло ва ду нишони нуқра мукофотонида шуданд. “
Паҳлавони дигари тоҷик Хайрулло Назриев дар гурӯҳи варзишгарони синашон 50-54-сола дар вазни беш аз 100 кг дар гурӯҳи “В” бар Андрей Кошелев (Русия) ва Петер Ребшер (Олмон) ғолиб омад ва барои ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан Ле Квилеки фаронсавиро мағлуб кард. Вале Назриев қувваозмоии ниҳоиро ба Ҳендрик Копе аз Ҳолланд бохт ва соҳиби медали нуқра гардид.

Инчунин дар гурӯҳи варзишгарони синашон 35-39-сола Алишер Каримов, узви бошгоҳи дзюдои “Ориён-1”- ноҳияи Рӯдакӣ, дар вазни то 100 кг мақоми дувумро касб кард. Вай дар гурӯҳи “А” бар Евгений Лебедев (Русия), Роҷер Саинсбуру (Бритониёи Кабир) ва Олексий Назаренко (Украина) ғолиб омада, барои ба финал баромадан Вячеслав Клешняи украинро шикаст дод. Вале гуштигири тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ аз паҳлавони Озарбойҷон Расул Султонов мағлуб шуд ва барандаи медали нуқра гардид.

Паҳлавонони дигари тоҷик - Алишер Аламов дар гурӯҳи варзишгарони синашон 35-39-сола дар вазни то 81 кг, Зафар Аҳадов дар гурӯҳи гуштигирони синашон 40-44-сола дар вазни то 73 кг, дар гурӯҳи гуштигирони синашон 45-49-сола - Ҷобир Қурбонов (то 73 кг), Бахтиёр Равшанов (то 81 кг), Бозоралӣ Маҳмудов (то 90 кг) ва Исмоил Исломов (то 100 кг), дар гурӯҳи гуштигирони синашон 60-65-сола Нарзулло Каримов дар вазни то 81 кг аз медалҳои мусобиқаи ҷаҳонӣ бенасиб монданд.

Ба гуфтаи Ширинҷон Мамадсафоев, дабири кулли Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, собиқадорони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон барои дувумин бор ширкат карданд. Соли гузашта дар ин мусобиқа, ки дар Майамии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуда буд, паҳлавони тоҷик Хайрулло Назриев (аз бошгоҳи “Динамо”) дар вазни мутлақ медали тилло ва дар вазни беш аз 100 кг медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Дар айни ҳол ӯ раиси Федератсияи гуштии самбои Тоҷикистон мебошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG