Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамаи чаҳор дастаи ширкаткунандаи давраи ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2015 оид ба футбол маълум шуданд.

Бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2015 оид ба футбол ҳамаи чаҳор дастаи даври ниманиҳоиро муайян карданд. Дар 1/2 финал «Истиқлол»-и Душанбе бо «Равшан»-и Кӯлоб ва ССКА «Помир»-и Душанбе бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода рақобат мекунанд.

Бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 25 август, баргузор шуданд. «Барқи тоҷик» дар варзишгоҳи «Спитамен» (собиқ «Спартак»)-и Душанбе бо ССКА «Помир» қувваозмоӣ кард. Ин бозӣ бо ҳисоби бузурги 5:1 ба фоидаи низомиён хотима ёфт. Дар ин бозӣ ҳамлагар Давронҷон Тухтасунов чаҳор гол зад.

Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби мусовии 0:0 ба охир расид. “Равшан”, ки дар бозии аввал дар майдони худ бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда буд, ба нимфинал баромад.

Бозии ҷавобӣ байни дастаҳои «Саройкамар»-и Панҷ ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор бо ҳисоби 1:1 поён ёфт. Аз рӯи натоиҷи ду бозӣ (4:1) «Регар-ТадАЗ» ба ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ мушарраф шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки бозии ҷавобии чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷанд бо тими “Хуҷанд” бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ ба нимфинал баромад. Бозии аввал дар Душанбе бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби бузурги 6:1 хотима ёфта буд.

Бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон 19-20 сентябр, бозиҳои ҷавобӣ бошанд, 30 сентябр – 1 октябр баргузор мешаванд.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/4 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

«БАРҚИ ТОҶИК» — ССКА «ПОМИР» — 1:5

Бозии аввал – 2:3.

«ВАХШ» — «РАВШАН» — 0:0

Бозии аввал – 1:2.

«САРОЙКАМАР» — «РЕГАР-ТАДАЗ» — 1:1

Бозии аввал – 0:3.

1/2 финал. Бозиҳои аввал

19-20 сентябр (шанбе, якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«ИСТИҚЛОЛ» — «РАВШАН»

ССКА «ПОМИР» — «РЕГАР-ТАДАЗ»

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

30 сентябр – 1 октябр (чоршанбе, панҷшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«РАВШАН» — «ИСТИҚЛОЛ»

«РЕГАР-ТАДАЗ» — ССКА «ПОМИР»

XS
SM
MD
LG