Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоӣ аз зиндон ва афв ҳанӯз охири кор нест ва аксар маҳбусони собиқ, ки тибқи қонуни нави афв ба озодӣ баромадаанд, дар зиндагии мулкӣ бо чолиши асосӣ – пайдо кардани кор рӯбарӯ мешаванд.

Раҳоӣ аз зиндон ва афв ҳанӯз охири кор нест. Аксар зиндониҳои собиқ, ки аз рӯи қонуни нави афв ба озодӣ баромадаанд, дар зиндагии мулкӣ бо чолиши асосӣ – пайдо кардани кор рӯбарӯ мешаванд. Дар вилояти Хатлон то имрӯз ҳадди аққал 10 зиндонии афвшуда баъди содир кардани ҷинояти нав, дубора ба зиндон баргаштаанд.

Маҳмадризо Муродови 26-сола аз ҷамоати деҳоти “Якатут”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои қаллобӣ ду солро дар зиндони Ёвон сипарӣ кард. Ду моҳи пеш ӯ барои озод шудан аз зиндон аз рӯи қонуни афв хурсандӣ мекард, вале инак ду моҳ мешавад барои худ кор мекобад. Аз рӯи муқаррарот, худро аллакай ба ҳайси бекор сабти ном кардааст ва ҳамаҷониба талош дорад то ҷои коре пайдо кунад.

Омӯзгори собиқ Маъруф, ки баъди 7 соли кор дар мактаб даст ба нашъаҷаллобӣ зад, баъди афв шудан натавонист аз рӯи ихтисосаш барқарор шавад. Мегӯяд, ҳоло кирокашӣ ва ронандагӣ мекунад, вале даромадаш барои таъмини хонаводаи иборат аз се кӯдак кифоят намекунад. Маъруф се фарзанд дорад ва ҳар субҳ ба умеди даромаде дунболи кор мегардад.

"Мардикорбозор" дар Душанбе.

"Мардикорбозор" дар Душанбе.

Маъруф ва Маҳмадризо мегӯянд, ки як сабаби ҷиддии пайдо нашудани кор дар мушкили сартосарии бекорӣ бошад, сабаби дигар дар доғи судӣ доштанашон аст. Аз мусоҳибони Радиои Озодӣ танҳо Зокирҷон Холзода, ҷавони 25-солае аз ноҳияи Бохтар гуфт, ки баъди 10 моҳи зиндон аз рӯи моддаи “дуздӣ” тавонист дар хоҷагии деҳқонии “Бохтариён” ба кор қабул шавад. Вай мегӯяд, ки ин корхонаро як хеши наздикаш таъсис дода, аз ҳамин хотир ҳам, баъди аз зиндон баромаданаш ба ӯ кори посбониро бо моҳонаи 200 сомонӣ бовар кардааст. Вай мегӯяд, агар ин хешаш набуд, намедонист чӣ кор мекард.

Қонуни нави афв, ки моҳи августи соли ҷорӣ қабул шуд, сабукиҳо дар парвандаҳои 12 ҳазор маҳбус ва боздоштшударо пешбинӣ мекунад. Аз миёни онҳо 3 ҳазор зиндонӣ комилан озод мешаванд. Вале баъди озод шудан, аксар зиндониҳои собиқ бо мушкили пайдо кардани шуғл ва ҳам адами эътимоди ҷомеа рӯбарӯ мешаванд.

Оҷонсии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Хатлон мегӯяд, ки баъди озод шудан аз зиндонҳо, ба ин сохтор 233 маҳбуси собиқ барои бақайдгирӣ муроҷиат кардааст. Ин қишр худро ҳамчун бекор сабти ном карда, ҳақуқ пайдо мекунад, ки кӯмакпулии якдафъаинаро аз давлат дарёфт кунад. Ин кӯмак се моҳро дар бар гирифта, моҳе 250 сомониро ташкил медиҳад.

Зиёдулло Насриддинов, як масъули ин Оҷонсӣ рӯзи 26 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз маҳбусони собиқи муроҷиаткарда ба 9 нафарашон кӯмаки яквақта дода шуд ва барои 133 нафарашон ҳаққи додани кӯмакпулӣ муқаррар гардид. Насриддинов гуфт, дар сурати мавҷуд будани пешниҳод, ба ин гурӯҳи муроҷиаткунандгон кор ҳам тавсия дода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дарсҳои касбомӯзӣ пешниҳод мешавад, ки хоҳишмандон метавонанд баъди гузаштани ин дарсҳо, аз паи ҷустуҷӯи шуғли нав шаванд.

Вале ба қавли худи корафтодаҳо, дар аксар ҳолатҳо пешниҳоди омӯзиши касб ба воқеиятҳои бозори кори Тоҷикистон ҷавобгӯ нест.

Гулчеҳра Холматова

Гулчеҳра Холматова

Гулчеҳра Холматова, як масъули созмони ҷамъиятӣ, ки як соли пеш дар лоиҳаи махсуси барномаи “Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шахсони маҳкумшуда ва собиқ маҳкумшудагон” кор кардааст, гуфт, аксар муроҷиатҳои зиндониҳои собиқ аз дархости кӯмак дар пайдо кардани кор иборат аст. Вай гуфт, илова бар набуди худи пешниҳод, кордиҳандаҳо аз онҳо шаҳодатномаи надоштани доғи судиро талаб мекунанд, ки «ин ғайриқонунист ва набояд пурсида шавад.”

Аз сӯи дигар, аксар кордиҳандагон ҳам тарҷеҳ медиҳанд бо нафарони, ба гуфтаашон, қобили эътимод кор кунанд, то бидонанд, ки муҳити кор дар корхона созгору бидуни мушкил пеш меравад. Як раҳбари ширкат, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, “омода нест нафареро бо доғи судӣ ба кор бигирад, чунки аз амнияти худ ва кормандонаш метарсад ва бовар надорад, ки фардо чизе аз корхонааш дуздида намешавад.”

Мавзӯи таъмини зиндониҳои собиқ бо кор дар ҳоле доғ аст, ки масъалаи эҷоди ҷойҳои корӣ аз масъалаи муҳими иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Коршиносон мегӯянд, ҳарчанд аз рӯи омор дар Хатлон беш аз 19 ҳазор нафар расман мақоми бекорро доранд, дар асл шумори бекорон хеле зиёдтар аз ин аст. Баландии мизони бекорӣ боиси он мешавад, ки ҳамасола аз Тоҷикистон беш аз 1 миллион нафар, асосан мардони ҷавону миёнасол дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд.

Аз миёни зиндониҳои собиқ, ки шонси афв шуданро пайдо кардаанд, бархе маҳз зери фишори бекорӣ ва бепулӣ дубора даст ба ҷиноят мезананд. Танҳо дар Хатлон дар миёни тоза афвшудаҳо ҳадди аққал 10 нафар ахиран барои содир кардани ҷиноят дубора ба даст афтоданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, баъди афви соли 2014 аз 10 ҳазор нафар ҳазор нафарашон барои қонуншикании навбатӣ пушти панҷара рафтаанд. Мақомот мегӯянд, ки воқеан ҳам ин қишри ҷомеа ба ғамхориву таваҷҷӯҳи хос ниёз дорад, вале имкониятҳои маҳдуди иқтисоди кишвар бозгашти онҳоро ба ҳаёти солими иҷтимоӣ маҳдуд мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG