Пайвандҳои дастрасӣ

ВКХ баста шудани консулгариҳо дар Кундуз ва Бадахшонро шарҳ дод


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба таври расмӣ далоили баста шудани консулгариҳои кишвар дар шаҳрҳои Файзобод ва Кундузи Афғонистонро шарҳ дод.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 15-уми январ бо пахши як иттилоия, сабабҳои баста шудани консулгариҳои кишвар дар вилоятҳои Кундуз ва Бадахшон дар шимоли Афғонистонро тавзеҳ дод.

Дар иттилоияи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки бинобар вазъи ноором дар шимолӣ Афғонистон, ин ду намояндагии дипломатӣ ба таври муваққатӣ баста шуда ва дар сурати ором шудани вазъият, дубора ба фаъолияти худ оғоз хоҳанд кард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳадаф аз баста шудани ин намояндагиҳоро "ба хотири эҳтимоли таҳдид ба ҳаёт ва саломатии кормандони консулгариҳои Тоҷикистон дар Файзобод ва Кундуз", рабт додааст.

Дар иттилоияи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз ҷумла гуфта мешавад, ки консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Кундуз яке аз аввалин биноҳое буд, ки дар ҳамлаи Толибон дар 28-уми сентябри соли 2015 мавриди ҳамла ва ғорат қарор гирифта буд.

Ҳамчунин дар ин иттилоия ба ҳуҷуми мусаллаҳона ба консули Тоҷикистон дар Бадахшон Рустам Маҳмудӣ ишора шудааст, ки дар таърихи 16-уми майи соли 2014 мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта ва захмӣ шуда буд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, сафорати кишвар дар Кобул ва ҳамчунин консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Мазори Шариф ба фаъолияти худ чун гузашта, идома медиҳанд.

Шарҳи расмии ҷониби Тоҷикистон дар мавриди баста шудани консулгариҳои кишвар дар Кундуз ва Файзобод дар ҳоле нашр шуд, ки ду рӯз қабл расонаҳои Афғонистон аз қавли мақомоти вазорати умури хориҷии он кишвар навиштанд, ки сафорати Тоҷикистон дар Кобул як номаи расмӣ ба вазорати умури хориҷии он кишвар фиристода ва нигоштаааст, ки ба далелҳои кӯчаки амниятӣ, консулгариҳояшро дар вилоятҳои Бадахшон ва Кундуз ба таври муваққатӣ мебандад.

Дар ин хабар гуфта мешуд, ки қарор буд Тоҷикистон консулгариашро дар вилояти Балх низ бибандад, аммо мақомҳои маҳаллӣ монеи ин кор шудаанд. Атомуҳаммад Нур, волии Балх монеи баста шудани консулгарӣ шуда ва ба таъмини амнияти намояндагии Тоҷкистон дар Мазори шариф ваъда супурдааст.

Волии Бадахшон ҳам ба телевизиони "Тулӯъ" гуфта буд, ки мақомҳои Тоҷикистон ноамниҳоро ангезаи аслии баста шудани консулгариашон дар Файзобод гуфтаанд. Файсал Бекзод, волии Бадахшон ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, "консули Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ, ки бо ман дошт, гуфт, ки кишвараш тасмим гирифтаааст, ки ба сабабҳои амниятӣ, консулгариро ба таври муваққат мебандад."

Тоҷикистон ба иловаи сафораташ дар Кобул, ҳамчунин консулгариҳои худро дар шаҳрҳои Файзобод, Мазори Шариф ва Кундуз дорад.

XS
SM
MD
LG