Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

А.Тӯйчиев - Л. Месси, М.Муҳаммадиев - М.Нойер


Тӯйчиев (аз чап) ва Муҳаммадиев

Тӯйчиев (аз чап) ва Муҳаммадиев

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Мануэл Нойерро ва Алишер Тӯйчиев, капитани мунтахаби миллии кишвар, Лионел Мессиро беҳтарин бозигар ва ҳарду Йоахим Лёвро мураббии беҳтарини соли 2014 ном бурдаанд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Алишер Тӯйчиев, капитани мунтахаби миллии кишвар, се бозигар ва се мураббии беҳтарини соли 2014-ро номбар карданд.

Ба андешаи Муҳаммадиев беҳтарин бозигари соли равон дарвозабони «Бавария»-и Мюнхен ва мунтахаби Олмон Мануэл Нойер мебошад. Ва аммо Тӯйчиев ба ҳамлагари «Барселона»-и Испания Лионел Месси ҳамчун беҳтарин футболбози ҷаҳон раъй додааст.

Дар номинатсияи беҳтарин мураббӣ Мӯҳсин Мухаммадиев ва Алишер Туйчиев ҳамақида мебошанд. Ҳарду мақоми аввалро ба сармураббии мунтахаби Олмон Йоахим Лёв, ки дастааш дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2014 дар Бразилия ғолиб шуд, муносиб донистаанд.

Нойер ва Месси баъди анҷоми бозии ниҳоии Ҷоми ҷааҳонӣ -2014

Нойер ва Месси баъди анҷоми бозии ниҳоии Ҷоми ҷааҳонӣ -2014

Бояд гуфт, ки барои унвони беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2014 23 бозигар муддаиянд: Гарет Бэйл (Уэлс), Карим Бензема (Фаронса), Диего Коста (Испания), Тибо Куртуа (Белгия), Анхел Ди Мария (Аргентина), Криштиану Роналду (Португалия), Марио Гетсе (Олмон), Эден Азар (Белгия), Златан Иброҳимович (Шветсия), Андрес Инеста (Испания), Тони Кроос (Олмон), Филипп Лам (Олмон), Хавер Маскерано (Аргентина), Лионел Месси (Аргентина), Томас Мюллер (Олмон), Мануэл Нойер (Олмон), Неймар (Бразилия), Пол Погба (Фаронса), Серхио Рамос (Испания), Арен Роббен (Нидерланд), Хамес Родригес (Колумбия), Бастиан Швайнштайгер (Олмон), Яя Туре (Кот-д'Ивауар).

Номи се пешсаф 1-уми декабр маълум мшавад ва ғолиб дар маросими ҷоизасупорӣ 12-уми январи соли 2015 дар Сюрих эълон хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз рӯи натоиҷи соли гузашта “Тӯби тиллоӣ” ба Криштиану Роналду, ҳамлагари португалӣ, супурда шуда буд.

Интихоби сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Мӯҳсин Муҳаммадиев:

Бозигарони беҳтарин:

1. Мануэл Нойер («Бавария», мунтахаби Олмон)

2. Арен Роббен («Бавария», мунтахаби Ҳолланд)

3. Томас Мюллер («Бавария», мунтахаби Олмон)

Мураббиёни беҳтарин:

1. Йоахим Лёв (мунтахаби Олмон)

2. Алехандро Сабеля (мунтахаби Аргентина)

3. Карло Анчелотти («Реал»)

Интихоби капитани мунтахаби Тоҷикистон Алишер Тӯйчиев:

Бозигарони беҳтарин:

1. Лионел Месси («Барселона», мунтахаби Аргентина)

2. Криштиану Роналду («Реал», мунтахаби Португалия)

3. Арен Роббен («Бавария», мунтахаби Ҳолланд)

Мураббиёни беҳтарин:

1. Йоахим Лёв (мунтахаби Олмон)

2. Диего Симеоне («Атлетико»)

3. Карло Анчелотти («Реал»)

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG