Пайвандҳои дастрасӣ

«Истиқлол”-и Душанбе дар бозии санҷишӣ “Виттлих”-и Олмонро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод.

Дастаи «Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, дар бозии санҷишӣ тими “Виттлих”-и Олмонро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод. Ин бозии севуми санҷишӣ дар шаҳри Анталияи Туркия дар доираи омодагии футболбозони Душанбе ба Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 шаби сешанбеи 9-уми феврал баргузор шуд. Се голро Манучеҳр Ҷалилов ва яктоашро Дилшод Восиев заданд.

Бозии санҷишӣ

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «ВИТТЛИХ» (ОЛМОН) – 4:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 23 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 62 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 67 (3:0). Дилшод Восиев, 87 (4:0).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров (Амирҷон Сафаров, 85), Давронҷон Эргашев, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ (Дилшод Восиев, 46), Аҳтам Назаров (Сӯҳроб Ҷалилов, 85), Нуриддин Давронов (Фаридун Шарифов, 42), Парвизҷон Умарбоев (Ҷаҳонгир Ҷалилов, 46), Акмал Холматов (Зиёвуддин Фузайлов, 72), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Алиев, 46), Александр Каблаш (Нозим Бобоҷонов, 46), Манучеҳр Ҷалилов (Ролф Сатторов, 72).

Огоҳонида шуданд: Нуриддин Давронов, Давронҷон Эргашев.

9 феврал. Анталия (Туркия). Майдони футболи меҳмонхонаи «Мардон Палас».

Ин бозии севуми санҷишии «Истиқлол” дар Анталия буд. Футболбозони тоҷик бозии аввали санҷиширо 3-юми феврал ба тими “Варда”-и Маҷористон бо ҳисоби 1:3 бохта буданд. Бозии дувуми санҷишии «Истиқлол” бо “Тараз”-и Қазоқистон бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом ёфта буд.

Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, ба “Озодӣ” гуфт, “ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталия то рӯзи 14 феврал идома хоҳад кард. “Истиқлол” дар бозии чоруми санҷишӣ рӯзи ҷумъаи 12 феврал бо дастаи “Шахтёр»-и Қарағанда, қаҳрамони дукаратаи Қазоқистон, рақобат мекунад.”

Бояд гуфт, ки “Истиқлол” дар 9 бозии санҷишии имсола барои аввалин бор шаҳди ғалабаро чашидааст. Душанбегиҳо панҷ бозиро мусовӣ карда, дар се бозӣ мағлуб гаштаанд ва дар як бозӣ пирӯз шудаанд. Натоиҷи бозиҳо чунин аст:

1. “Истиқлол” – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) – 1:2 (7 январ, Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ),

2.“Истиқлол” – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 1:1 (12 январ, Қайроққум, Варзишгоҳи “Бонки миллӣ”),

3.“Истиқлол” – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 2:2 (15 январ, Қайроққум, Варзишгоҳи “Бонки миллӣ”),

4.“Истиқлол” - “Олмалиқ” (Узбакистон) -1:1 (19 январ, Тошканд, Варзишгоҳи бошгоҳи футболи “Бунёдкор”),

5.“Истиқлол” - “Нефтчӣ” (Фарғона) - 0:1 (21 январ, Тошканд, Варзишгоҳи бошгоҳи футболи “Бунёдкор”),

6.“Истиқлол” – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 1:1 (29 январ, Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ),

7.“Истиқлол” – “Варда” (Маҷористон) – 1:3 (3 феврал, Туркия, Анталия).

8.“Истиқлол” – “Тараз” (Қазоқистон) – 2:2 (6 феврал, Туркия, Анталия).

9.“Истиқлол” – “Виттлих” (Олмон) – 4:0 (9 феврал, Туркия, Анталия).

Баъди бозгашт аз Туркия “Истиқлол” дар нахустин даври сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 рӯзи сешанбеи 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими “Ал Файсалӣ”-и Урдун бозӣ мекунад.

Доварони бозии “Истиқлол” - “Ал Файсалӣ” аз Ветнам мебошанд. Довари ФИФА Во Мин Три сардовар, ёваронаш Пам Ман Лонг ва Нгуен Трунг Хау таъин шудаанд. Ферас Тавили суриягӣ довари эҳтиётӣ, Юсуф Мирзо Рустам аз Арабистони Саудӣ нозири доварон ва Равишанкар Ҷаяраман аз Ҳиндустон комиссари бозӣ мебошанд.

“Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файсалӣ»-и Урдун ва «Триполи» (Лубнон) рақобат мекунад.

Дарвоқеъ, рақиби севуми “Истиқлол” дар бозии плей-офф, ки рӯзи 9-уми феврал миёни дастаҳои «Триполи» (Лубнон) ва “Олой” (Қирғизистон) дар шащри Триполи баргузор шуд, маълум гашт. Замони асосӣ ва изофӣ бидуни гол хотима ёфт. Дар задани силсилаи пеналтӣ кори футболбозони “Триполи” омад кард ва онҳо бо ҳисоби 7:6 ғалаба карда, ба сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 роҳ ёфтанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG