Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар Ҷоми Иттиҳод-2013 бар тими Эстония бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Ин бозии даври аввали гурӯҳи "А" бегоҳи 18-уми январ дар маҷмааи фарҳангию варзишии "Петербургский"-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд. Тӯбро дар дақиқаи 88-ум Ҷаҳонгир Эргашев аз масофаи ҳашт метр ба дарвозаи дастаи Эстония ворид кард.

Мунтахаби Тоҷикистон бо чунин ҳайат ба майдон омад: Саидҷон Саидраҳмонов, Наим Улмасов, Сиёвуш Асроров, Руслан Тиллоев, Алишер Шарифов, Нуриддин Давронов (капитан), Расул Файзов, Ҷаҳонгир Эргашев, Аҳтам Назаров, Шодибек Ғаффоров, Наврӯз Рустамов. Дар нимаи дувуми бозӣ Наим Улмасовро Фурӯғ Қодиров (дақиқаи 62-юм), Шодибек Ғаффоровро Шамсиддин Қосимов (68), Наврӯз Рустамовро Фирдавсӣ Қурбонов (75), Нуриддин Давроновро Ҷамолиддин Зардиев (86) ва Ҷаҳонгир Эргашевро Шавкати Ҳотам (90) иваз карданд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи мунтахаби Беларус бар тими Латвия бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Футболбозони ҷавони тоҷик бозии дувумро 19-уми январ бо дастаи Латвия ва бозии севумро 21-уми январ бо тими Беларус анҷом медиҳанд.



Ба гурӯҳи "В" дастаҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Узбакистон, ба гурӯҳи С тимҳои Украина, Литва, Молдова ва Туркманистон дохиланд.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2013:

18-уми январ (ҷумъа)
1) 13:00. Гурӯҳи A. Беларус – Латвия – 3:0
2) 15:15. Гурӯҳи A. Эстония – Тоҷикистон – 0:1
3) 17:30. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Қазоқистон - 1:3
19:30. Маросими ифтитоҳи мусобиқа
4) 20:00. Гурӯҳи B. Русия – Узбакистон - 2:2

19-уми январ (шанбе)
5) 12:00. Гурӯҳи C. Украина – Литва
6) 14:15. Гурӯҳи C. Молдова – Туркманистон
7) 16:30. Гурӯҳи А. Эстония – Беларус
8) 19:00. Гурӯҳи А. Тоҷикистон – Латвия

20-уми январ (якшанбе)
9) 12:00. Гурӯҳи B. Узбакистон – Қазоқистон
10) 14:15. Гурӯҳи C. Молдова – Украина
11) 16:30. Гурӯҳи C. Туркманистон – Литва
12) 19:00. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Русия

21-уми январ (душанбе)
13) 12:00. Гурӯҳи А. Беларус – Тоҷикистон
14) 14:15. Гурӯҳи А. Латвия – Эстония
15) 16:30. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Узбакистон
16) 19:00. Гурӯҳи B. Русия - Қазоқистон

22-юми январ (сешанбе)
17) 12:00. Гурӯҳи C. Украина – Туркманистон
18) 14:15. Гурӯҳи C. Литва – Молдова

23-юми январ (чоршанбе)
19) 12:00. 1/4 финал.
20) 14:15. 1/4 финал.
21) 16:30. 1/4 финал.
22) 19:00. 1/4 финал.

24-уми январ (панҷшанбе)
23) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.
24) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.

25-уми январ (ҷумъа)
25) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум.
26) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум.
27) 16:30. Нимфинал.
28) 19:00. Нимфинал.

26-уми январ (шанбе)
29) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 11-12-ум.
30) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум.

27-уми январ (якшанбе)
31) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум.
32) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум.
33) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум.
34) 19:00. Финал.
21:00. Маросими пӯшидашавии мусобиқа

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG