Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФФТ: Касе наметавонад муносибати Тоҷикистону Узбакистонро хароб кунад


Федератсияи футболи Тоҷикистон дар робита ба ҷанҷолу занозанӣ дар бозии футбол миёни дастаҳои тоҷику узбак дар шаҳри Братски Русия вокуниш нишон дод ва гуфт, ки ҳангоми бозтоби ин хабар дар расонаҳои Русия "воҳима шудааст". Ин федератсия, ки раҳбариашро Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бар уҳда дорад, рӯзи 13 сентябр гуфт, дар ҳоле ки дар ин бозӣ дастаҳои расмии кишвар иштирок надоштанд ва "ФФТ барои иштирок ба ин мусобиқа дастаеро низ сафарбар накардааст".

Федератсияи футбол мегӯяд, ин дастаи дӯстдорони футбол ҳақ надошт, худро мунтахаби Тоҷикистон ном барад. Дар ҳамин ҳол, Федератсияи футболи Тоҷикистонро на мусобиқа ва ҷанҷол, балки шеваи пӯшиши ин хабар дар расонаҳо ба ташвиш овардааст.

Cардовар тасмим гирифтааст, натиҷаи бозӣ бекор карда шавад ва дастаи Тоҷикистон аз натиҷаи 2 бар 1 маҳрум шудааст.

Дар ин замина Федератсияи футболи Тоҷикистон дар изҳороташ гуфтааст, баъзе аз расонаҳо "аз ин ҳодисаи дар мусобиқаи дӯстдорони футбол дар Братск рухдода истифода карда, мехоҳанд, муносибатҳои дӯстонаи байни Тоҷикистону Узбакистон ва ҳамчунин равобити судманди дуҷонибаи байни федератсияҳои футболи ин ду кишвари ба ҳам дӯсту бародарро халалдор кунанд." Дар идомаи ин изҳорот омадааст, ки ин қабил расонаҳо "ба ин мақсади нопокашон ҳаргиз нахоҳанд расид".

Дар поёни изҳорот Федератсияи футбол аз тамоми расонаҳо хоҳиш кардааст, ки аз ҳангомасозӣ парҳез карда, "барои ба даст овардани хабари саҳеҳ дар бораи ин мавзӯъ ба дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон муроҷиат кунанд".

Бозии футбол миёни дастаҳои тоҷикону узбакҳои муқими шаҳри Братски вилояти Иркутски Русия шоми 11 сентябр бо занозании оммавӣ анҷом ёфт. Ин ду даста дар даври ниҳоии бозиҳо барои ба даст овардани Ҷоми "Содружество" бо ҳам вориди сабқат шуданд, вале ҳанӯз бозӣ ба поён нарасида, миёнашон ҷанҷол барангехт.

Бинобар навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, бозӣ дар варзишгоҳи "Металлург"-и Братск бо ҳимояти мақомоти ин шаҳр баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи дастаи Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбӣ буд, вале замоне ки довар вақти иловагӣ таъин кард, як гуруҳи мухлисон ба майдони бозӣ ворид шуда, ба рафти он халал ворид карданд. Бархе аз расонаҳои Русия навиштанд, мухлисон замоне вориди майдон шуданд, ки миёни ду футболбози ҳарду даста ҷанҷол сар зад ва мухлисон барои пуштибонӣ аз бозигари худ вориди майдон шуданд.

Мақомоти шӯъбаи пулиси шаҳри Братск рӯзи 12 сентябр ба Озодӣ гуфтанд, ки дар дақиқаҳои охири бозӣ як гуруҳ мухлисон саддро убур карда, вориди майдони бозӣ шудаанд ва кормандони пулис барои берун кардани онҳо аз майдон фавран даст ба кор шуданд. Дар ин шӯъбаи пулис гуфтанд, барои ҷилавгирӣ аз беназмӣ нерӯҳои иловагӣ фиристода шуда, натиҷаи кори онҳое, ки масъули таъмини назму тартибот буданд, арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, сардовар тасмим гирифтааст, натиҷаи бозӣ бекор карда шавад ва дастаи Тоҷикистон аз натиҷаи 2 бар 1 маҳрум шудааст.

XS
SM
MD
LG