Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои аввали 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон


Рӯзи 27-уми август бозиҳои аввали ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2014 оид ба футбол баргузор шуданд.

Бозиҳои аввали ҳаштякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2014 бо ширкати 9 дастаи лигаи олӣ ва 5 дастаи лигаи аввал рӯзи чоршанбеи 27-уми август баргузор шуданд. Аз ҳафт бозӣ дар сетоаш мизбонон ва дар яктоаш меҳмонон ғалаба карданд. Се бозӣ бо ҳисоби мусовӣ хотима ёфт.

«Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби бузурги 6-1 шикаст дод. «Саройкамар»-и Панҷ ба дарвозаи дастаи меҳмон – «Ваҳдат»-и Ашт панҷ голи беҷавоб зад. «Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшанро бо ҳисоби 2-0 мағлуб кард. «Эсхата”-и Хуҷанд дар меҳмонӣ бар “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 3-2 пирӯз шуд.

Бозии “Ҳосилот”-и Фархор бо тими меҳмон – “Исфара”-и Исфара бо ҳисоби 2-2 ба охир расид. Ду бозии дигар байни дастаҳои «Энергетик”-и Душанбе – “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва ССКА “Помир”-и Душанбе – “Равшан”-и Кӯлоб бидуни гол поён ёфт.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/8 финал. Бозиҳои аввал

«ИСТИҚЛОЛ» - «ХУҶАНД» - 6:1

Голҳо: Дилшод Восиев, 11 (1:0). Умедҷон Шарифов, 15 (2:0). Дилшод Восиев, 32 (3:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 45+1 (4:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 50 (5:0). Сайриддин Ғаффоров, 69 (5:1). Ромиш Ҷалилов, 90 (6:1).

«ҲОСИЛОТ» - «ИСФАРА» - 2:2

Голҳо: Муҳаммад Абдураҳмонов, 17 (1:0). Дилшод Бозоров, 47 (1:1). Муҳаммад Абдураҳмонов, 65 (2:1). Акрам Файзиев, 80 (2:2).

«ПАРВОЗ» - «ЭСХАТА» - 2:3

«САРОЙКАМАР» - «ВАҲДАТ» - 5:0

Голҳо: Иброҳими Муҳтоҷзода, 4 (1:0). Соҳибҷон Ваҳҳобов, 30 (2:0). Соҳибҷон Ваҳҳобов, 54 (3:0). Иброҳими Муҳтоҷзода, 88 (4:0). Ҷонибек Ғаффоров, 90+3 (5:0).

«ХАЙР» - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - 2:0

«ЭНЕРГЕТИК» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 0:0

Аз майдон хориҷ шуд: Рустам Ризоев («Энергетик»), 90+5 – барои зарба ба рӯи рақиб, Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»), 90+5 – барои таҳқири рақиб.

ССКА «ПОМИР» - «РАВШАН» - 0:0

XS
SM
MD
LG