Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Эсхата” ба ҳаштякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2014 роҳ ёфт


Дастаи футболи «Эсхата”-и Хуҷанд, пешсафи мусобиқаи лигаи аввал дар минтақаи Суғд, ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2014 роҳ ёфт.

«Эсхата” дар бозии ҷавобии давраи пешакии Ҷоми Тоҷикистон дар минтақаи Суғд бар тими “Зарафшон”-и Панҷакент бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд. Бозии аввал низ бо ғалабаи “Эсхата” бо ҳисоби 6-2 хотима ёфта буд. Ба ин тартиб, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ “Эсхата” ғолиб шуд ва ба ҳаштякфинал баромад.


Боз ду роҳхати дигар ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар даври дувуми марҳалаи пешакӣ дар минтақаи Суғд дар бозӣ байни дастаҳои «Ваҳдат»-и Ашт - «Шаҳристон»-и Шаҳристон ва «Сайҳун»-и Бобоҷон Ғафуров - «Исфара»-и Исфара маълум хоҳад шуд. Бозиҳои даври дувум авоили моҳи август барпо мегарданд.

Ҷоми Тоҷикистон-2014

Давраи пешакӣ

Даври аввал. Бозиҳои ҷавобӣ

«ЭСХАТА» - «ЗАРАФШОН» - 2:1

Голҳо: Ҷӯрабой Исоев, 6 (1:0). Мирҷамол Икромбеков, 29 (2:0). Комрон Муродов, 48 (2:1).

Бозии аввал – 6:2.

«СПИТАМЕН» - «САЙҲУН» - 2:0

Голҳо: Ғулом Дониёров, 43 (1:0). Фаррух Тухтабоев, 74 (2:0).

Бозии аввал – 0:6.

«КАНД» - «ИСФАРА» - 1:5

Голҳо: Рустамҷон Сабуров, 3 (0:1). Дилшод Бозоров, 26 (0:2). Дилшод Бозоров, 58 (0:3). Хусравҷон Бобоев, 82 (0:4). Фирдавс Мӯсоев, 88 (0:5). Мадамин Эгамбердиев, 90 (1:5).

Бозии аввал – 1:4.

МТО - «ШАҲРИСТОН» - 2:2

Голҳо: Ҳамза Улмасов, 15 (0:1). Ҷалолиддин Деҳқонбоев, 34 (1:1). Шарифҷон Шарифов, 36 (2:1). Ҳамза Улмасов, 85 (2:2).

Бозии аввал – 0:2.

Давраи дувум. Бозиҳои аввал

«ВАҲДАТ» - «ШАҲРИСТОН»

«САЙҲУН» - «ИСФАРА»

Давраи дувум. Бозиҳои ҷавобӣ

«ШАҲРИСТОН» - «ВАҲДАТ»

«ИСФАРА» - «САЙҲУН»

XS
SM
MD
LG