Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1 октябр - рӯзи бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми ҶТ


Рӯзи сешанбе, 1-уми октябр, бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 оид ба футбол баргузор мешаванд.

Бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров дар пойтахти кишвар, рӯзи 1 октябр дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ барпо мегардад. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ – варзишгоҳи “Пахтакор” бо тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рақобат мекунад. Ҳарду бозии ҷавобӣ соати 15 шурӯъ мешавад.

Дастаҳои “Вахш” ва “Истиқлол” барои ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтан нисбат ба рақибони худ имкони бештар доранд, зеро ки дар бозии аввали ниманиҳоӣ дар меҳмонӣ пирӯз шудаанд. Ёдовар мешавем, дар бозии аввали ниманиҳоӣ "Вахш” бар “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 3:2 ва “Истиқлол” бар «Парвоз» бо ҳисоби 2:0 пирӯз гашта буданд.

Рӯи мусобиқаи имсолаи Ҷоми Тоҷикистон моҷарои бархоста дар атрофи бозии даври чорякниҳоӣ байни "Равшан"-и Кӯлоб ва "Парвоз" соя андохтааст. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи "равшан" анҷом ёфт, вале Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба ин далел ки дар нимаи дувуми ин бозӣ ба ҷои як бозигари ҷавони "Равшан" ҳамдастаи калонсоли ӯ ба бозӣ даромадааст, ба дастаи "Равшан" бо ҳисоби 0:3 бохти фаннӣ навишт ва ин дастаро аз имкони рақобат бо тими "Истиқлол" дар марҳалаи ниманиҳоӣ маҳрум сохт.

Мухлисони "Равшан" ин қарори ФФТ-ро як навъ талоши ҳамвор кардани роҳи "Истиқлол" ба даври ниҳоии Ҷом номиданд, зеро дар ҳарду бозии мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ "Истиқлол" аз "Равшан" шикаст хӯрда буд. Мақомоти ФФТ дар тавҷеҳи қарори худ мегӯянд, ки тибқи тағйироти ворида ба низомномаи мусобиқоти футболи миллӣ, аз 1 август ҳар даста бояд ҳатман дар бозиҳояш дастикам як бозигари то 19-соларо ба бозӣ бидарорад, вале "Равшан" дар рақобат бо "Парвоз" ин муқарраротро поймол кард.

Мухлисони "Равшан" аммо мегӯянд, ду бозигари ҷавони даста дар ҳайъати тими миллӣ дар Кувайт қарор дошт ва дар бозӣ бо "Парвоз" ин даста дигар бозигари ҷавоне надошт, ки ба ҷои Сафархони Амрохони латхӯрда ба бозӣ дарорад ва ин корро ҳам дар мувофиқат бо довар анҷом додааст. Мухлисони "Равшан" иддао доштанд, ки агар ҳадаф боз кардани роҳи "Истиқлол" набуд, ФФТ метавонист аз ҷазои сабуктаре кор бигирад. Вале раҳбарони тими футболи Кӯлоб дар ниҳоят аз даъвои бештар бо ФФТ даст кашида, изҳор доштанд, ки тамоми талошҳои худро барои даст ёфтан ба унвони қаҳрамонӣ тамаркуз хоҳанд кард.

Бо ин вуҷуд, акнун барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2013 дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 5-уми октябр барпо мегардад, маълум хоҳад шуд. Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 22-юм доир мешавад. То имрӯз 10 даста соҳиб Ҷом шудаанд.

Аз ҳама бештар – 6 дафъа - дастаи “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. Инчунин се бор дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд барандаи Ҷом шудааст. Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе, “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров ва “Истиқлол”-и Душанбе дуборӣ соҳибони Ҷоми Тоҷикистон гаштаанд. Дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷомро азони худ кардаанд.



Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) - «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) - 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар- ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 3:1.
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0.
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) - ССКА «Помир» (Душанбе) - 3:1
2010 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 5:0
2011 - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) - 1:0
2012- “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 6:5
XS
SM
MD
LG