Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Вахш” ва “Истиқлол” дар бозиҳои аввали нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон


Шоми имрӯз, 27-уми сентябр, дар ҳарду бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 оид ба футбол меҳмонон ғалаба карданд.

Дастаи "Вахш"-и Қӯрғонтеппа дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бар тими мизбон -“Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Голи ҳалкунандаро Фурқат Мирҳайдаров дар дақиқаи севуми замони изофӣ вориди дарвозаи мизбонон кард. Ду голи дигари “Вахш”-ро Хуршед Бекназаров дар дақиқаҳои 35-ум ва 50-ум ба ҳадаф расонд. Голҳои «Регар-ТадАЗ»-ро Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаи 22-юм ва Сардорбек Эминов, легионер аз Узбакистон, дар дақиқаи 51-ум заданд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ, дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бар тими «Парвоз» бо ҳисоби 2:0 пирӯз гашт. Ҳисобро дар ин бозӣ Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари “Истиқлол”, дар дақиқаи 38-ум боз кард. Голи дувуми “Истиқлол”-ро нимҳимоятгар Александр Кудряшов, легионери русиягии “Истиқлол”, дар дақиқаи 62-юм ба ҳадаф расонд.

Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоӣ миёни дастаҳои “Вахш” – “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол” – “Парвоз” рӯзи сешанбеи 1-уми октябр барпо мегарданд. Ҳарду бозии ҷавобӣ соати 15 шурӯъ мешавад. Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2013 дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мегардад, маълум хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки соли гузашта дастаи Регар-ТадАЗ” барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 рӯзи 5-уми октябр дар шаҳри Хуҷанд, дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” миёни ду дастаи лигаи олӣ - “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ бо ҳузури 8 ҳазор тамошогар баргузор шуд.
Замон асосӣ ва изофии ин дидор бо натиҷаи мусовии 1:1 поён ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 80-ум Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари "Регар-ТадАЗ", боз кард. Дилшод Восиев, капитани дастаи "Истиқлол", дар дақиқаи 90-ум аз ҷаримаи ёздаҳметра ҳисобро баробар намуд.

Бар асоси низомномаи мусобиқот барои муайян кардани дастаи ғолиб 30 дақиқа замони изофӣ дода шуд, вале он бидуни гол поён ёфт. Дар задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бошад, кори футболбозони "Регар- ТадАЗ" омад кард ва онҳо бо ҳисоби 6:5 ғолиб шуданд.

Ҳамин тариқ, "Регар-ТадАЗ" бо ҳисоби умумии 7:6 ғолиб омад ва барои бори шашум Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гашт. Бояд гуфт, ки барои аввалин бор Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастаҳои ғолиб ва мағлубшудаи бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон мукофоти пулӣ таъсис дода буд. Ба дастаи ғолиб - “Регар-ТадАЗ” ба ғайр аз Ҷому медалҳои тилло, ҷоизапулӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи "Истиқлол" барои ҷои дувум медалҳои нуқра ва ҷоизапулӣ ба мабағи 20 ҳазор сомонӣ супурда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 22-юм барпо мегардад. Ҳамагӣ 10 даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – 6 бор дастаи “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. Инчунин се бор дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд барандаи Ҷом шудааст. Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе, “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров ва “Истиқлол”-и Душанбе дуборӣ соҳибони Ҷоми Тоҷикистон гаштаанд. Дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷомро азони худ кардаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) - «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) - 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар- ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 3:1.
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0.
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) - ССКА «Помир» (Душанбе) - 3:1
2010 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 5:0
2011 - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) - 1:0
2012- “Регар-ТадАЗ(Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 6:5
XS
SM
MD
LG