Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари “Хайр” ба Бейрут


Бозигарони "Хайр" дар фурудгоҳи Душанбе

Бозигарони "Хайр" дар фурудгоҳи Душанбе

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат шоми 14 феврал ба Лубнон парвоз кард. "Хайр" рӯзи 17 феврал дар Бейрут бо тими «Салом Ҷҳарта» бозӣ хоҳад кард.

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат барои бозии плей-оффи Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015 бо тими «Салом Ҷҳарта» шоми шанбеи 14-уми феврал бо хатсайри Душанбе - Дубай - Бейрут ба Лубнон парвоз кард. Ғолиби ин бозӣ, ки 17-уми феврал соати 13:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:45 ба вақти Душанбе) дар пойтахти Лубнон – шаҳри Бейрут – оғоз меёбад, ба ҳаққи ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 мушарраф мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи «Хайр» 23 нафар дохиланд, ки 18 нафарашон футболбозанд.

Ҳайати дастаи «Хайр»:

Дарвозабонҳо: Анатолий Старушенко (Украина), Рустам Ризоев;

Ҳимоятгарон: Далерҷон Шарифов, Баҳодур Шарифов, Идибек Ҳабибуллоев, Субҳон Хоҷамов, Ҳасан Рустамов, Парвизҷон Ҳомидов;

Нимҳимоятгарон: Дмитрий Медекис (Латвия), Сафаралӣ Каримов, Ҷаҳонгир Хайров, Мӯҳсинҷон Парпиев, Маҳмадалӣ Содиқов, Алишер Ӯлмасов;

Ҳамлагарон: Владимир Верёвкин (Қирғизистон), Мирзобек Мирзоев, Шодибек Ғаффоров, Меҳроҷиддин Музаффаров.

Сармураббӣ: Тоҳирҷон Муъминов.

Ёдовар мешавем, ки бозии даври дуюми интихобии Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё) – 2015 байни дастаҳои "Хайр"-и Ваҳдат ва "Sheikh Russel Krira Chakra"-и Бангладеш, ки 10-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда буд, бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1-0 хотима ёфт. Ҳамлагар Ҳасан Рустамов дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 22-юм, тӯбро бо сар ба дарвозаи меҳмонон ворид кард.

Тоҳир Мӯъминов

Тоҳир Мӯъминов

Тоҳир Мӯъминов, сармураббии «Хайр», дар як нишасти хабарӣ иброз дошт, ки вазифаи даста дар мусобиқоти кунунӣ дарёфти роҳхат ба даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё – 2015 мебошад. Бинобар ин, мекӯшанд, ки дар бозии даври навбатӣ дар Бейрут муваффақ шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG