Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври 13-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон


Бозиҳои даври 13-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 14-15-уми сентябр баргузор мешаванд.

Се бозии даври 13-уми мусобиқот рӯзи шанбе миёни дастаҳои “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ССКА “Помир”-и Душанбе – “Энергетик”-и Душанбе ва “Истаравшан”-и Истаравшан – “Истиқлол”-и Душанбе барпо мегардад.

Бозии охирини даври 13-ум рӯзи якшанбе миёни дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд – “Хайр”-и Ваҳдат баргузор мешавад.

Даври 13-ум

14-уми сентябр, шанбе. Оғози бозиҳо – соати 16.30

«ПАРВОЗ» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Сардовар: Сафармаҳмад Шоймардонов(ноҳияи Хуросон). Варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

ССКА «ПОМИР» - «ЭНЕРГЕТИК». Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор). Варзишгоҳи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

«ИСТАРАВШАН» - «ИСТИҚЛОЛ». Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан.

15-уми сентябр, якшанбе. Оғози бозӣ – соати 16.30

«ХУҶАНД» - «ХАЙР». Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Равшан» (Кӯлоб) 10 10 0 0 16-2 30
2. «Истиқлол» (Душанбе) 10 8 0 2 28-4 24
3. «Хайр» (Ваҳдат) 10 6 2 2 19-11 20
4. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 10 6 1 3 13-10 19
5. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 10 3 3 4 9-10 12
6. «Энергетик» (Душанбе) 10 3 2 5 10-13 11
7. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 9 3 1 5 7-16 10
8. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 2 2 5 4-9 8
9. ССКА «Помир» (Душанбе) 10 0 3 7 5-15 3
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 10 0 2 8 5-26 2

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр”/ ”Истиқлол”) – 7 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 6 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол») – 5 тӯб.
XS
SM
MD
LG