Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии «Истиқлол», «Парвоз», «Равшан» ва «Хуҷанд»


Лаҳзае аз бозии Энергетик» бо “Истиқлол”

Лаҳзае аз бозии Энергетик» бо “Истиқлол”

Рӯзҳои 4-ум ва 5-уми май 4 бозии даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ доир шуд.

Рӯзи 4-уми май дастаи мизбон - «Энергетик»-и Душанбе - дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар аз тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Дилшод Восиев, капитани “Истиқлол” ва беҳтарин голзани мусобиқа, дар дақиқаи 21-ум ҳисобро боз кард. Ин голи 5-уми Дилшод дар мусобиқаи имсола ба шумор меравад. Тӯби дувумро Соҳиб Саванқулов дар дақиқаи 38-ум бо сар вориди дарвоза намуд. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 65-ум Дилшод Восиев зарбаи ҷаримавии 11-метра зад, вале тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд.

Дар бозии дигари рӯзи шанбе дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ бар тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 39-ум Ихтиёр Қобилов ба ҳадаф расонд.

Ду бозии дигари даври панҷум рӯзи якшанбе, 5-уми май барпо гардид. Дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе дар майдони худ аз тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Голро дар нимаи дувуми бозӣ дар дақиқаи 80-ум Индус Ҳусейнов ба самар расонд.

Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд бар тими меҳмон - «Истаравшан»-и Истаравшан бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Муҳаммад Гулипур, легионери эронии «Хуҷанд», дар дақиқаи 73-юм ва Манучеҳр Аҳмадов дар дақиқаи 86-ум заданд.

Бозии охирини даври панҷум рӯзи душанбе, 6-уми май миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода - “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ доир мешавад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» 4 4 0 0 14-3 12
2. «Хуҷанд» 4 2 1 1 4-2 7
3. «Парвоз» 4 2 1 1 3-1 7
4-5. «Равшан» 2 2 0 0 2-0 6
4-5. «Регар-ТадАЗ» 2 2 0 0 2-0 6
6. «Энергетик» 5 1 2 2 3-5 5
7. «Хайр» 3 1 1 1 4-4 4
8. ССКА «Помир» 4 0 3 1 1-2 3
9. «Истаравшан» 4 0 2 2 0-4 2
10. «Панҷшер» 3 0 1 2 3-9 1
11. «Вахш» 5 0 1 4 2-8 1

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 5 гол, Бахтиёр Ҳакимов («Панҷшер»), Юҷин Сепуйя («Истиқлол») ва Муҳаммад Гулипур ("Хуҷанд") – 2-голӣ.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум.

4-уми май, шанбе
.

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) – 0-2. Душанбе. Варзишгоҳи “Авиатор”. Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак). Голҳо: Дилшод Восиев, 21 (1:0), Соҳиб Саванқулов, 38 (2:0). Дар дақиқаи 65-ум Дилшод Восиев зарбаи ҷаримавии 11-метра зад, вале тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд.

«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) – 1:0. Гол: Ихтиёр Қобилов, 39. Ноҳияи Б. Ғафуров. Варзишгоҳи “Фурудгоҳ”. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

5-уми май, якшанбе.

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «РАВШАН» (Кӯлоб) 0-1. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофаи ҶТ. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе). Гол: Индус Ҳусейнов, 80.

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) – 2:0.
Хуҷанд. Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Голҳо: Муҳаммад Гулипур, 73 (1:0), Манучеҳр Аҳмадов, 86 (2:0).

Муҳаммад Гулипур (89) ва Шероз Абдуллоев ("Истаравшан", 90+1) аз майдон хориҷ шуданд

6-уми май, душанбе.
Оғози бозӣ - соати 17.00.

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ПАНҶШЕР» (Ҷалолиддини Румӣ).
Турсунзода. Варзишгоҳи “Металлург”. Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG