Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Истаравшан” бар мунтахаби бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон


Рӯзи 16-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бозии дӯстона миёни дастаи «Истаравшан» ва мунтахаби бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон бо ширкати 12 ҳазор тамошогар баргузор шуд.

Ин бозии дӯстона, ки ба оғози мавсими нави футбол бахшида шуд, бо пирӯзии дастаи мизбон - “Истаравшан бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Тӯбро Ғайрат Абдураззоқов, легионери узбакистонии “Истаравшан”, дар дақиқаи 75-ум ба ҳадаф расонд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи мунтахаби бошгоҳҳои футболи Тоҷикистонро ба ин бозии дӯстона бо тими “Истаравшан” сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров (сармураббии «Вахш») ва мураббии калон Тоҳир Муъминов (сармураббии «Энергетик») омода карданд.

Дастаи мизбон - “Истаравшан” таҳти роҳбарии раиси ин бошгоҳ Асрор Шораҷабов ва сармураббӣ Шуҳрат Шамсиев ба майдон омаданд.


Бозии дӯстона

«Истаравшан» - Мунтахаби бошгоҳҳои Тоҷикистон - 1:0
Гол: Ғайрат Абдураззоқов, 75.

«Истаравшан»: Фаррух Бердив (Қурбон Бобоев, 79), Шероз Абдуллоев, Дилшод Аҳадов, Улуғбек Абдулҳаев, Фахриддин Сафарзода, Ойбек Абдуғаффоров, Ғайрат Абдураззоқов (Шариф Зиёев, 85), Беҳрӯз Сангинов, Насим Расулов, Руслан Раҳматов, Пирмурод Бурҳонов (Фозил Сатторов, 56).

Мунтахаби бошгоҳҳои Тоҷикистон: Анатолий Старушенко (Силванус Иванс, 46), Сиёвуш Асроров, Алишер Шарифов, Руслан Тиллоев, Комрони Мирзохон, Ҷамолиддин Зардиев, Шамсиддин Қосимов, Абдулло Саидов (Сергей Абрамов, 56), Фирӯз Қараев, Ихтиёр Қобилов, Абдухалил Боронов.

16-уми апрел. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 12 000 тамошогар.
XS
SM
MD
LG