Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лигаи олӣ: Се даста – муддаиёни медалҳои нуқраву биринҷӣ


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Барои медалҳои нуқраву биринҷии мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон се даста – «Хайр» (Ваҳдат), “Далерон-Ӯротеппа” (Истаравшан) ва “Хуҷанд” (Хуҷанд) талош доранд.

Мубориза барои медалҳои нуқраву биринҷии мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон байни се даста – «Хайр» (Ваҳдат), “Далерон-Ӯротеппа” (Истаравшан) ва “Хуҷанд” (Хуҷанд) пуршиддат мегардад.

Дар бозии марказии даври 16-уми мусобиқа, ки рӯзи 1-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан байни дастаҳои “Далерон-Ӯротеппа” ва “Хуҷанд” бо ҳузури 10 ҳазор тамошобин баргузор шуд, мизбонон бо ҳисоби 1-0 ғалаба карданд. Голи ягонаи “Далерон-Ӯротеппа”-ро ҳамлагар Нуъмонҷон Ҳакимов дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 47-ум, ба самар расонд. Бояд гуфт, ки дар нимаи аввали бозӣ Манучеҳр Аҳмадов, бозигари “Хуҷанд”, тӯбро аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонида натавонист. Тӯбро дарвозабони мизбонон Қурбоналӣ Бобоев баргардонд.

Дар бозии дигар низ “Хайр” дар майдони худ бар тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд. Голи мизбононро Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронӣ, дар нимаи аввали дидор ба самар расонд.

Инчунин “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 2-1 шикаст дод. Бозии “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо дастаи меҳмон – ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 1-1 хотима ёфт.

Бозии ду дастаи Душанбе - “Энергетик” ва “Истиқлол” бинобар аз мусобиқа даст кашидани “Энергетик” баргузор нашуд. Бар асоси дастури мусобиқа “Энергетик” бо ҳисоби фаннии 0-3 мағлуб ва “Истиқлол” бо ҳисоби фаннии 3-0 ғолиб дониста шуданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

16

15

1

0

62-8

46

2

«Хайр» (Ваҳдат)

16

9

2

5

24-16

29

3

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

16

8

5

3

16-10

29

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

16

8

4

4

20-15

28

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

16

5

5

6

23-22

20

6

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

16

6

1

9

20-33

19

7

«Энергетик» (Душанбе)

16

5

4

7

17-24

19

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

16

4

1

11

8-27

13

9

ССКА «Помир» (Душанбе)

16

2

6

8

10-23

12

10

«Равшан» (Кӯлоб)

16

2

3

11

15-37

9

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 15 тӯб, Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 9 тӯб, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр») – 8 тӯб, Комил САИДОВ, Хуршед МАҲМУДОВ (ҳарду – «Истиқлол») – 7-тӯбӣ.

Бозиҳои боқимондаи мусобиқаи имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон

Даври 17-ум

16-уми ноябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:00

«Равшан» - «Хайр»

«Парвоз» - «Энергетик»

ССКА «Помир» - «Вахш»

17-уми ноябр (душанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:00

«Хуҷанд» - «Регар-ТадАЗ»

«Истиқлол» - «Далерон-Ӯротеппа»

Даври 18-ум

26-уми ноябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:00

«Энергетик» - «Далерон-Ӯротеппа»

«Регар-ТадАЗ» - «Истиқлол»

«Вахш» - «Хуҷанд»

«Хайр» - ССКА «Помир»

«Парвоз» - «Равшан»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG