Пайвандҳои дастрасӣ

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон имрӯз, 17 январ, дар Санкт-Петербург дар Ҷоми Иттиҳод-2016 бо дастаи Русия рақобат мекунад.

Нахустин бозии дастаи мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистон дар 24-умин давраи мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016, ки аз 17 то 23 январ дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад, шаби якшанбеи 17 январ бо тими мизбон – Русия – барпо мегардад. Ин бозии гурӯҳи “В” соати 21:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар бо шумули 25 нафар, аз он ҷумла 19 бозигар, рӯзи шанбеи 16-уми январ ба Санкт-Петербург расид.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) дар Ҷоми Иттиҳод-2016:

Дарвозабонҳо: Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»), Шаҳром Исмоилов, Беҳрӯз Хайриев (ҳарду – «Вахш»);

Ҳимоятгарон: Алишер Шарифов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Соҳибҷон Ҳакимов («Хуҷанд»), Зиёвуддин Фузайлов («Истиқлол»), Табрези Давлатмир, Наврӯз Абдул (ҳарду – «Вахш»);

Нимҳимоятгарон: Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарифов, Ҷаҳонгир Алиев, Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»), Эҳсони Панҷшанбе («Вахш»), Амирбек Ҷӯрабоев (бе бошгоҳ);

Ҳамагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Фирӯз Раҳматов («Барқи тоҷик»).

Сармураббӣ: Роман Пилипчук.

Бар асоси тақвими бозиҳо, ки дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешаванд, мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” пас аз бозии аввал бо дастаи Русия (17-уми январ), дар даври дувум 19-уми январ бо мунтахаби Эстония ва дар даври ниҳоии сабқати гурӯҳӣ 21-уми январ бо мунтахаби Латвия вориди рақобат мешавад.

Мувофиқи дастури Ҷоми Иттиҳод-2016 ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувумро мегиранд, барои ҷойи севум мубориза мебаранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои севумро ишғол менамоянд, барои ҷойи панҷум рақобат мекунанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо дар ҷойҳои охир қарор мегиранд, барои ҷойи ҳафтум талош хоҳанд кард.

Маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа 17-уми январ соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 20:30 ба вақти Душанбе) ва маросими пӯшидашавӣ 23-юми январ соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 23:00 ба вақти Душанбе) баргузор мешавад.

Рустам Хоҷаев, мураббии калони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳарсе рақиби мо дастаҳои пурқувватанд. Тимҳои Русия ва Латвия барандагони Ҷоми Иттиҳод шудаанд. Ба андешаи ман тимҳои Русия, Латвия, инчунин Беларус довталабони аслии Ҷоми Иттиҳод-2016 мебошанд. Мо мекӯшем, ки муқобили рақибонамон бозии хуб нишон бидиҳем.”

Ҷоми Иттиҳод-2016

Гурӯҳи «А»: Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова.

Гурӯҳи «В»: Латвия, Эстония, Русия, Тоҷикистон.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2016:

Даври 1-ум

17 январ (якшанбе)

14:00 – Беларус – Қирғизистон
16:15 – Қазоқистон – Молдова
18:30 – Латвия – Эстония
21:00 – Русия – Тоҷикистон

Даври 2-юм

19 январ (сешанбе)

14:00 – Молдова – Қирғизистон
16:15 – Қазоқистон – Беларус

18:30Тоҷикистон – Эстония

21:00 – Русия – Латвия

Даври 3-юм

21 январ (панҷшанбе)

14:00 – Беларус – Молдова
16:15 – Қирғизистон – Қазоқистон
18:30 – Латвия – Тоҷикистон
21:00 – Эстония – Русия

23 январ (шанбе)

13:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум
15:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум
17:30 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм
21:00 – Бозии ниҳоӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG