Пайвандҳои дастрасӣ

6 ноябр - бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон


“Истиқлол”-и Душанбе

“Истиқлол”-и Душанбе

Рӯзи 6-уми ноябр бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2014 баргузор мешаванд.

Дар бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2014, ки 6-уми ноябр барпо мегарданд, “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бо “Саройкамар”-и Панҷ ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ бо “Хайр”-и Ваҳдат рақобат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар бозиҳои аввали ниманиҳоӣ “Истиқлол” бар “Саройкамар” бо ҳисоби бузурги 5-0 ва “Хайр” бар “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуда буданд.

Ба ин тартиб, “Истиқлол” барои ба финал баромадан заминаи устувор гузоштааст. Вале бозии ҷавобии ниманиҳоӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Хайр” хеле пуршиддат хоҳад гузашт.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/2 финал. Бозиҳои аввал

«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «САРОЙКАМАР» (Панҷ) - 5:0

Голҳо: Мануэл Бледа Родригес, 9 (1:0). Дилшод Восиев, 30 (2:0). Мануэл Бледа Родригес, 53 – аз пеналтӣ (3:0). Дилшод Восиев, 71 (4:0). Мануэл Бледа Родригес, 80 (5:0).

«ХАЙР» (Ваҳдат) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - 1:0

Гол: Баҳодур Шарифов, 49 – аз пеналтӣ.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

6-уми ноябр (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо - соати 14:00

«САРОЙКАМАР» - «ИСТИҚЛОЛ». Панҷ, Варзишгоҳи марказӣ.

«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ХАЙР». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG