Пайвандҳои дастрасӣ

С.Аслов дар бораи сармояҳои Чин ва ояндаи муносибатҳо бо Узбакистон


Сироҷиддин Аслов, акс аз сомонаи mfa.tj

Сироҷиддин Аслов, акс аз сомонаи mfa.tj

Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар мусоҳибааш бо Deutsche Welle гуфтааст, "мехоҳам шарикони дигари Тоҷикистонро итминони хотир бидиҳам, ки муносиботи босуръат афзояндаи мо бо Чин ба ҳеҷ сурат монеи тамосҳо бо кишварҳои дигар намешаванд."

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар як мусоҳиба бо радиои олмонии Deutsche Welle гуфтааст, рушди равобити Тоҷикистон бо Чин монеъи муносиботаш бо кишварҳои дигар нахоҳад шуд, балки Душанбе ба сиёсати “дарҳои боз”-и эълонкардааш пойбанд боқӣ мемонад. Аслов ҳамчунин гуфтааст, ки Душанбе барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар равобиташ бо Узбакистон омода аст.

Тоҷикистон ва Аврупо

Сироҷиддин Аслов, ки ҳафтаи гузашта ба манзури ишркат дар ҷаласаи чоруми Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупову Тоҷикистон ва ҳам ба хотири анҷом мулоқотҳои бо мақомоти аршади аврупоӣ дар Люксембург ва Брюссел қарор дошт, дар ин сӯҳбат бо Deutsche Welle ҳамчунин аз “пешрафтҳои қобили мулоҳиза” дар равобити Душанбе бо Аврупо ситоиш карда, гуфтааст, “талоши ворид шудан ба низоми ҷаҳонии муносиботи иқтисодӣ Тоҷикистонро ба тақвияти равобит бо кишварҳои аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи Аврупо тела медиҳад” ва ба ақидаи раҳбари сиёсати хориҷии Тоҷикистон, “Душанбе чизҳое барои пешниҳод ба Иттиҳодияи Аврупо дорад.”

Оқои Аслов дар ин замина аз ҷумла ба зарфиятҳои фаровони соҳоти обу энержӣ ва кишоварзии Тоҷикистон ишора карда, ёдовар шудааст, ки Бонки сармоягузории Аврупо дар чорчӯби тарҳи бунёди хаттҳои баландшиддати интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ то Афғонистону Покистон, мавсум ба CASA-1000, алакай ба Тоҷикистон 70 миллион доллар қарзи дарозмуддат додааст.

Тоҷикистон ва Узбакистон

Мавзӯи дигари матраҳшуда дар ин сӯҳбат равобити Тоҷикистон бо ҳамсояҳояш будааст. Сироҷидди Аслов дар мавриди мушкилоти равобит бо Узбакистон гуфт, “Тоҷикистон ба ҳамкории баробар ва сӯдманд бо Узбакистон манфиатдор аст.” Вале мушкилоти мавҷуда дар равобити ду кишвар, ба бовари ӯ, “ба вазъи умумии равбит таъсири манфӣ расонда, нафақат ба рушди кишварҳо, балки то ҷое ба мардуми оддӣ ҳам зарар мерасонанд.”

Мулоқоти Э.Раҳмон бо И.Каримов, Душанбе, 11 сентябр. Акс аз сомонаи president.tj

Мулоқоти Э.Раҳмон бо И.Каримов, Душанбе, 11 сентябр. Акс аз сомонаи president.tj

Оқои Аслов хостори рушди равобити Душанбеву Тошканд аз ҷумла дар заминаи тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ, осон кардани сафари мардум ба ҳарду кишвар ва ҳам афзоиши равобит дар соҳоти иқтисодиву тиҷорӣ, энержӣ ва дар бахши роҳу нақлиётро муҳим ва “ба манфиати мардуми ҳарду кишвар” хонда, вале эътироф кардааст ки: “Бидуни шубҳа, барои кушодани ҳама гиреҳҳои мушкилоти мавҷуда дар равобити Душанбе ва Тошканд вақт лозим аст. Тоҷикуимстон аз ҷониби худ барои муколамаи созанда бо Узбакистон омода мебошад. Мо тайёрем , ҳарчизи аз мо вобастаро барои рушди равобити дуҷонибаи мо дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ анҷом диҳем.”

Вазири хориҷаи Тоҷикистон мулоқоти руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Узбакистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар ҳошияи нишасти моҳи сентябри сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Душанберо “аломати хубу мусбате барои рушди ҳамкориҳои ду кишвар” номидааст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон

Аслов ҳамин тавр, масоили марзии ҳалношударо “реша”-и асосии мушкилот дар равобити Тоҷикистон бо ҳамсояи дигараш – Қирғизистон ном бурда, гуфтааст, “то имрӯз танҳо 506 километр (аз 971 километр) марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон таъйин шудааст, ки танҳо 52 дарсад аз тӯли умумиашро ташкил медиҳад.” Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо таъкид ба ин ки “ҳоло ҷараёни музокирот суръат гирифтааст” гуфт, “дар маҷмӯъ, тамоми масоили мавҷуда ҳалшавандаанд ва танҳо иродаи сиёсӣ ва кӯшиши самимӣ ба муколамаи созанда лозим аст.”

Тоҷикистон ва Чин

Deutsche Welle аз вазири тоҷик бо ёдоварӣ аз бо ваъдаи 6 миллиард сармояи Чин – бузургтарин ҳамсояи Тоҷикистон - ҳамчунин пурсид, ки оё Тоҷикистон метавонад бо чунин тақвияти мавқеи Ҷумҳурии мардумии Чин (ҶМЧ) дар ин кишвар хатти машши бисёрқутба дар сиёсати хориҷиашро нигоҳ бидорад?

Сироҷиддин Аслов ва вазири хориҷаи Чин Ван И

Сироҷиддин Аслов ва вазири хориҷаи Чин Ван И

Сироҷиддин Аслов дар посух ба ин суол гуфтааст: “Мо аз сатҳи баланди муносибот бо ҶМЧ розием. Муносиботи Душанбе бо Пекин табиати мушорикати стратегиро доранд. Вале мехоҳам шарикони дигари Тоҷикистонро итминони хотир бидиҳам, ки муносиботи босуръат афзояндаи мо бо Чин ба ҳеҷ сурат монеи тамосҳо бо кишварҳои дигар намешаванд. Тоҷикистон ҳамзамон муносиботи ба сӯди ҷонибайнро бо шарикони суннатии худ аз СНГ, ҳамчунин бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё ва Африқо идома медиҳад. Тоҷикистон дар сиёсати хориҷиаш асли “дарҳои боз”-ро дунбол мекунад.”

Дар моҳи сентябр дар ҷараёни сафари давлатии раҳбари Чин Си Ҷинтао ба Тоҷикистон эълон шуд, ки Пекин то соли 2020 ба иқтисоди Тоҷикистон боз 6 миллиард доллар сармоя хоҳад гузошт. Ин дар ҳолест ки алакай қарзи Душанбе аз Пекин аз марзи 1 миллиард доллар гузашта, беш аз нисфи 2 миллард доллар ҷамъи қарзҳои хориҷиашро ташкил медиҳад. Чунин вобастагии моливу иқтисодии Тоҷикистон аз ин ҳамсояи шарқиаш нигарониҳоеро аз ҷумла дар дохили кишвар ба по кардааст, ки оё Душанбе фардо ин қарзу сармояҳоро ба Чин чигуна бар хоҳад гардонд? Ва агар гардонда натавонист, оё Пекин дар иваз аз Тоҷикистон чӣ хоҳад хост?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG