Пайвандҳои дастрасӣ

“Муаллим” - филми таҳиягари тоҷик Носир Саидов аз ҷашнвораи байнулмилалии “Минбари тиллоӣ” дар шаҳри Қазони Русия бо ҷоизаи “Беҳтарин филмнома” ба ватан баргашт.

Дар ҷашнвораи байналмилалиии "Минбари тиллоӣ", ки аз 5 то 11 сентябри соли равон дар шаҳри Қазони Русия баргузор гардид, ду филми таҳиягарони тоҷик -- “Муаллим” ва “Гунҷишки сафед” роҳ ёфта буданд. Носир Саидов таҳиягари филми “Муаллим” 14 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки филм ба рӯйхати кӯтоҳи ҷашнвораи байнулмилалии “Минбари тиллоӣ” роҳ ёфт ва сазовори ҷоизаи “Беҳтарин филмнома” гардид.

Дар ин ҷашнвора 700 филм пешниҳод шуда ва танҳо 50-тои он ба феҳристи ниҳоӣ роҳ ёфта буд ва филми “Муаллим”-и таҳиягари тоҷик Носир Саидов дар раддабандии байни ин 50 филме, ки аз 25 кишвари дунё интихоб шудаанд, мақоми чорумро ишғол кард.

Носир Саидов ҳамчунин гуфт, дар баробари ин, филми “Гунҷишки сафед”-и Диловар Султонов ҳам, ки ба дарёфти ҷоизаи ҷашнвора дар озмуни филмҳои кӯтоҳ иштирок карда буд, ҷоизаи махсуси доваронро сазовор шуд.

Филми “Муаллим” дар бораи сарнавишти омӯзгор ва насли солҳои навадуми асри гузашта қмсса мекунад. Филми “Муаллим” соли 2014 бо ҷалби ҳунармандон аз хориҷи кишвар ба саҳна омада буд. Дар филм ҳунарманди маъруфи эронӣ Маҳнози Афшор нақши асосиро бозидааст.

Ичунин дар филм тамошобини тоҷик баъди зиёда аз 20 сол шоҳиди ба саҳна баргаштани ҳунарманди маъруфи кишвар Марат Орипов шуд. Филми мазкур қаблан дар кинофестивалҳое дар Эрону Озарбойҷон ва Австрия бо ҷоизаҳои мухталиф қадрдонӣ шуда буд. Аз ҷумла дар кинофестивали байнулмилалии Инсбруки Австрия, ки аз 2 то 7 июн баргузор шуд, ҷоизаи "Беҳтарин филм"-ро ба худ ихтисос дод. ​

Филми мазкур моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе ба намоиш даромад ва аз тарафи мунаққидон баҳои баланд гирифт. Достони филм, зиндагии душвори омӯзгорони тоҷик дар охири солҳои пурталотуми 90 дар Тоҷикистон аст, ки дар он замон идеологияи шуравӣ рӯ ба таназзул овард ва баъдан муаллим мақому манзалати баландаш дар ҷомеаро аз даст дод.

XS
SM
MD
LG