Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Синамои тоҷик ва "миллионерҳои хаппак"-и Тоҷикистон


Лаҳзае аз наворгирӣ дар "Тоҷикфилм"

Лаҳзае аз наворгирӣ дар "Тоҷикфилм"

Киностудияи “Тоҷикфилм” бо ваъдаи даромади хуб ҷалби сармояҳои хусусиро барои тарҳҳои нави худ оғоз мекунад.

Агар Шумо барои таҳия шудани филми ҳунарие дар киностудияи “Тоҷикфилм” 1000 доллар диҳед, вобаста ба ин саҳми худ аз даромади филм солҳои сол, ҳар боре ки филм дар ҳар гӯшаи ҷаҳон ба намоиш дарояд, баҳра хоҳед гирифт. Ин шакли кор дар ҳамаи марказҳои синамосозии ҷаҳон, аз Ҳоливуд гирифта то Болливуд, таърихи дерина дорад, вале танҳо акнун ва ба оҳистагӣ дар Тоҷикистон роҳ меёбад.

Носир Саидов

Носир Саидов

Носир Саидов, раиси киностудияи “Тоҷикфилм”, мегӯяд, чанд рӯз пеш вай бо чанде аз сармоягузорони эҳтимолӣ вохӯрӣ дошт ва онҳоро ба ҳамкорӣ даъват кард. Чунин афрод дар Тоҷикистон зиёданд, манзур миллионер ва мултимиллионерҳо, вале Саидов мегӯяд: “Намедонам, онҳо миллионер ҳастанд ё на, вале ширкатҳои зиёд доранд ва ин ширкатҳо даромади хуб меоранд.”

Аммо ин филмсози машҳури тоҷик ҳанӯз аз ҳеч кадоми онҳо ваъдаи қатъӣ нагирифтааст. “Ман умедворам, хеле умедворам...”— мегӯяд Саидов. Ин дар ҳолест, ки сармоягузории хусусӣ ба синамои мустақил дар Тоҷикистон кайҳост, ба раванде мубаддал мешавад. Агар коргардон Сафарбеки Солеҳ филми худ “Комил”-ро, ки ҳусни оғози ҷашнвораи ахири “Дидор” шуд, бо харҷи худаш ба навор бардошта бошад, студияи нави "Вард Симо" тавонист барои наворгирии филми пурраметражи “Тасфия”-и Шарофат Арабова маблағи кофӣ ҷамъоварӣ кунад. Пас шуданист?

ТАЗОДИ ХУДНАМОӢ ВА ТАРС

Шумораи миллионерҳо дар Тоҷикистон маълум нест ва то ҳол номи ҳеч кадоме аз онҳо дар рейтинги маҷаллаи “Форбс” пайдо нашудааст. Онҳо “миллионерҳои хаппак”-анд ва намехоҳанд, шинохта шаванд. Як назарсанҷии одии даҳ сол пеш дар бораи афроди сарватманд бо номи даҳҳо нафар аз мансабдорон ва тоҷирон оқибат ба моҷаро кашонда буд. Аз он баъд чунин феҳрасте арзи вуҷуд накард. Шояд ба он сабаб, ки худнамоӣ метавонад сабаби зери фишор қарор гирифтан ва “шикаста шудан”-и онҳо шавад.

Шарофат Арабова, коргардони тоҷик

Шарофат Арабова, коргардони тоҷик

Аммо синамо ҷойи худнамоист. Чанде аз аввалин сармоягузорони хусусии синамои “мардумӣ”-и Тоҷикистон дар солҳои гузашта, на танҳо талош мекарданд, номашон дар титрҳои филм бо ҳуруфи калон навишта шавад, балки худашон низ ин ҷову он ҷо дар филм намудор шаванд ва баъзеи дигар филмсозонро маҷбур мекарданд, ки таҳияи филм дар деҳаи онҳо гузашта, ҷойҳои “хушманзар”-и даврони бачагияшонро “таърихӣ” кунад.

Носир Саидов, ки дар ду соли охир ҳолу ҳавои синамои тоҷикро иваз кард, акнун мехоҳад, ин раванд низ тағйир ёбад ва сармоягузорон сирфан аз рӯйи манфиати молии худ шарики “Тоҷикфилм” шаванд.

ДАРОМАД ЧАНД СОМОНӢ?

Чизе ки беш аз ҳама мумкин аст, сармоягузорони эҳтимолии синамои тоҷикро ба андеша водор кунад, сарбахш ё баҳраи пуле хоҳад буд, ки мумкин аст, онҳо ба саноати синамо гузоранд. То ҳоло аз даромади зиёди ягон филми тоҷикӣ хабаре нашр нашудааст. Биноан, гумон аст, касе пули худро ба чоҳе афканад, ки дигар аз он чизе гирифта натавонад.

Сафарбеки Солеҳ

Сафарбеки Солеҳ

Вале оғози роҳи филми нави Носир Саидов “Муаллим” бо ширкати ситораи театр ва синамои Эрон Маҳнози Афшор ва яке аз падарсолорони синамои тоҷик Марат Орифов метавонад, бовари сармоягузоронро нерӯ диҳад. Намоиши филм дар Тоҷикистон ва Эрон шурӯъ мешавад. Агар даромад аз Тоҷикистон начандон бузургр ҳам бошад, аудиторияи бисёрмиллионии синамои Эрон мумкин аст, ба иловаи пӯшондани харҷҳои “Муаллим” даромади зиёде низ оварад.

Коргардони тоҷик Шарофат Арабова мегӯяд, агар дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ метсенатҳо ё пулдорони фарҳангдӯст бештар ба синамои ҷиддӣ ва интеллектуалӣ сармоягузорӣ кунанд ва он ҳам асосан барои қаноати маънавии худ ва ифтихоре аз кӯмак ба боло рафтани обрӯйи кишвари хеш, дар Тоҷикистон хешу наздикон ва ёру дӯст барои филмҳое пул медиҳанд, ки фикр мекунанд, муваффақ мешаванд. Аммо пуле, ки онҳо медиҳанд, барояшон барнамегардад, зеро филмҳо гардиш ва бинандаи зиёд нахоҳанд дошт.

КИНОИ БЕ ТАМОШОБИН

Барои эҳёи аудитория ба зудӣ дар Тоҷикистон маъракаи “Кино ва тамошобин” оғоз мегирад. Мақсад – баргардондани бинанда ба толорҳои синамост. Аммо Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳодияи синамогарон ва ҳам муаллифи филмномаи “Муаллим” мегӯяд, дар кишвар қариб, ки кинотеатр намондааст. Сар аз давраҳои ҷанги дохилӣ садҳо кинотеатр ба моли шахсӣ табдил ёфта, тороҷу валангор шуданд. Ин дар ҳоле, ки ҳар деҳа ба камияш ду кинотеатр – як зимистона ва дигаре тобистона дошт.

Сафар Ҳақдодов

Сафар Ҳақдодов

Бино бар Барномаи рушди кинои тоҷик дар солҳои 2011-2015 мебоист дар саросари Тоҷикистон 52 толори синамо бозсозӣ ва эҳё мешуд. Аммо Сафар Ҳақдодов мегӯяд, дар сафарҳояш ба навоҳии кишвар надидааст, ки ин барнома иҷро шуда бошад: “Мо филмеро дар бораи Комил Ёрматов ба Кони Бодом бурдем ва хостем дар кинотеатри ба номи Комил Ёрматов намоиш диҳем. Ба ҳоли ин толор мурғони ҳаво мегиристанд. Маҷбур шудем, филмро дар ҷойи дигар ба намоиш гузорем.”

Дар шаҳри Хоруғ 10 толори синамо буд, ҳоло чизе намондааст. Кинотеатри ба номи Лоҳутӣ дар Қӯрғонтеппаро шахсе кироя гирифтааст ва бештар фурӯшгоҳ аст. Дар Душанбе кинотеатри машҳури “Ҷомӣ” аз байн хоҳад рафт, чанде аз толорҳои дигар ба идораву муассисаҳои дур аз риштаи синамо дода шудаанд. Дар гузашта як бахши даромади кинотеатрҳо ба рушди соҳаи синамо равона мешуд. Ҳар ҳафта ё ҳатто ҳар се рӯз ба ҳар кинотеатр филми наве меомад. Вале мешавад ҳадс зад, ки ҷалби бинанда ба толори синамо кори сахте хоҳад буд, чун филмҳои нав роҳи худро мустақим ба хонаи бинанда бо DVD ё USB ҳамвор мекунанд. Филмсозони тоҷик чанде пеш ба ҳукумат пешниҳод карданд, ки аз вуруд ҳар диски нав андоз ё боҷе ба фоидаи синамои миллӣ ситонда шавад, вале “ин гап нагузашт”.

СИНАМОИ МУСТАҚИЛ?

Носир Саидов, зоҳиран чанд сол пешро “дидааст”. Агар сармоягузорон ба соҳаи синамои миллӣ ҷалб карда нашаванд, аз эҳтимол дур нест, онҳо студияҳои худро хоҳанд сохт ва “Тоҷикфилм”-ро дар вазъи мушкили рақобати боз ҳам сахттари бозор қарор хоҳанд дод. Як намуна аллакай ҳаст – мудири пешини Корхонаи сементи Душанбе, Муҳаммадраҳим Каримов, ки барои рушди синамо маблағ медод, акнун ширкати “МК-Студио”-ро барпо кардааст ва худ филм таҳия мекунад. Гурӯҳи ҷавонон, ки бо ҷамъ овардани ёриҳои молии ширкату муассиса ва шаҳрвандон филмҳои “Ормонҳо” ва “Паймон”-ро сохт, дар пайи бунёди студияи “Синамои Суғд” аст. Рақобат як рукни табиии бозори озод аст, вале таҷрибаи зиёда аз 20 соли охир нишон дод, ки кори ғайриҳирфаӣ куллан ба эътибори тамоми ришта зарба мезанад. Сад задани сӯзангар ва як задани оҳангар.

Саҳнае аз филми "Муаллим"

Саҳнае аз филми "Муаллим"

Бартарие, ки ҳоло “Тоҷикфилм” дорад, базаи техникии замонавии он аст. Дар ду соли охир барои ин наздик ба 4 миллион доллар сарф шудааст. Буҷаи “Тоҷикфилм” агар дар соли 2005 ҳамагӣ 300 000 долларро ташкил медод, ҳоло ба 2 миллион доллар баробар аст. Биноан, ба ақидаи Саидов сармоягузории мустақили хусусӣ ба тарҳҳои бузург яке аз беҳтарин роҳҳои ҳал аст. Вай бовар дорад, ки маблағгузорӣ аз буҷаи давлатӣ афзоиш хоҳад ёфт ва барномаи нави 2016-2020 қабул хоҳад шуд.

Навтарин хабар ин аст, ки “Тоҷикфилм” дар соли 2015 нақша дорад, 4 филми ҳунарӣ, 3 филми кӯтоҳ, 3 филми мустанад ва 5-6 филми муштарак ба навор гирад.

Аммо сармоягузории хусусӣ ба ин тарҳҳо шояд замоне осон ва мумкин шавад, ки соҳибони сармоя конкурси аризаҳои ин филмҳоро бинанд ва киностудия доираи васеи синамогарон, аз ҷумла коргардонҳои мустақилро ба ин озмунҳо ҷалб кардаву тамоми раванд ба гунаи шаффоф ҷараён гирад. Бовари сармоягузори хусусӣ ба ояндаи саҳмаш аз ҳамин ҷо оғоз мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG