Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н.Саидов: «Тоҷикфилм» бори нахуст дар бозори ҷаҳонии филмҳо ширкат кард»


Филми коргардони маъруфи тоҷик Носир Саидов «Оинаи беҷило» дар ҷашнвораи байналмилалии "Фаҷр" дар Эрон сазовораи ҷоиза барои беҳтарин филмнома шуд.

Ҷоизаи !Фаҷр" ба "Оинаи беҷило" рӯзи 7 феврал дода шуд. Муаллифи филмнома Бахтиёр Каримов аст, ки аслан пешааш ... сартарошист. Филм дар бораи падаре нақл мекунад, ки қотили писари ягонаашро мебахшад ва ба ӯ, ки бемории дил дорад, дили писарашро медиҳад. Носир Саидов, коргардони филм ва ҳамзамон директори киностудияи «Тоҷикфилм», ки тоза аз сафари Эрон баргашт, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Озодӣ гуфт, рӯйдоди фараҳбахши дигари ин ҷашнвора ширкати «Тоҷикфилм» дар бозории ҷаҳонии филмҳо буд.

Носир Саидов: Ман бори сеюм аст, ки дар ҷашнвораи "Фаҷр" ширкат мекунам. Филми қаблии ман «Қиёми рӯз» дорандаи се ҷоизаи ҷашнвора буд, ҷоиза барои беҳтарин филм, беҳтарин коргардон ва ҷоизаи ЭКО. Ин се сол пеш буд. Имсол ҳайати доварон филми «Оинаи беҷило»-ро, ки нахустнамоишаш дар шаҳри Пусони Корея баргузор шуда буд, ба ин ҷашнвора даъват карданд. Баъди он нахустнамоиш ин аввалин ҷашнворае буд, ки ин филм пешниҳод шуд ва ба гирифтани ҷоиза барои беҳтарин филмнома мушарраф гардид. Мо аз ин беҳад шод шудем, аммо барои ман бештар муҳим он буд, бори аввал «Тоҷикфилм» дар бозори филмҳо ширкат кард. Мо якчанд филмҳои классикӣ аз қабили «Рустаму Сӯҳроб», «Достони Сиёвуш», «Қисмати шоир», филмҳои бадеии нави «Оинаи беҷило», «Қиёми рӯз», филмҳои мустанад ва якчанд филмҳои тасвирии Бахтиёр Қаҳҳоровро пешниҳод кардем. Дар ин бозори филмҳо беш аз сӣ кишвар ширкат дошт. Баъди ин мо ба Ҷашнвораи Корея, ки соли оянда баргузор мешавад, барои ширкат дар бозори филмҳо, баъдан ба Туркия ва дигар кишварҳо даъват шудем, то бо муносибати бозорӣ ва фурӯши филмҳо сарукор дошта бошем. Зеро барои таҳиякунандаи филмҳо фурӯши филм хеле муҳим аст. Филм бояд пул пайдо кунад ва тақдири ояндаи филм муайян шавад. Филм давоми се-чор соли аввал метавонад ба фурӯш равад.

Радиои Озодӣ: Таваҷҷуҳ ба филмҳои тоҷикӣ чӣ гуна буд?

Носир Саидов: Бештар ба филмҳои таърихии мо таваҷҷуҳ мекарданд. Табодули кортҳои муаррифӣ сурат гирифт, чун марҳилаи аввал шиносоӣ аст. Баъдан онҳо мушаххас мекунанд, ки кадом филмро барои телевизион мехоҳанд бихаранд ва кадом филмро барои видео. Ба филмҳои мустанад ва тасвирӣ ҳам таваҷҷӯҳ зиёд буд. Чанд ширкат хостори он шуданд, ки дар ҳамдастӣ бо «Тоҷикфилм» дар Тоҷикистон филмҳои мустанад бисозанд. Хоҳишмандони таҳияи филмҳои мустанад аз ҷумлаи коргардонҳои эронӣ, аз арабҳо ва ҳам аз Аврупо буданд. Ҳолномаи Носир Саидов

Ҳолномаи Носир Саидов

Носир Саидов соли 1966 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Солҳои 1983-1986 дар Донишгоҳи санъати ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил кардааст. Солҳои зиёде Носир Саидов дар телевизионҳои давлатии "Шабакаи якум", "Сафина" ва "Баҳористон" ба ҳайси коргардон кор кардааст. Аз моҳи майи 2012 дар мақоми мудири киностудияи миллии “Тоҷикфилм” кор мекунад. Носир Саидов аз коргардонони машҳури даври имрӯзи тоҷик аст, ки аз филмҳои сохтаи ӯ «Қиёми рӯз» ва «Оинаи беҷило» дар сатҳи байнулмилалӣ намоиш дода шудааст.
Бархе коргардонҳо пешниҳод карданд, ҳамроҳ филмҳои тасвирие таҳия кунем, ки 100-150 қисмат дошта бошад. Дар ин самт машварат сурат гирифт ва мо мехоҳем мавзӯъҳои барои бачаҳо ҷолиб пайдо кунем. Ҳар гуна пешниҳодҳо буданд. Филми тайёр пешниҳод мекарданд, то мо бихарем. Ҳам пешниҳод мекарданд, ки як қисми маблағгузорӣ аз мо бошад, қисми дигар аз онҳо. Масалан, 70 дар сади буҷаро пайдо кардаанд ва мехоҳанд 30 дар сади буҷа аз мо бошад. Ҳоло машваратҳо идома доранд, шояд мо пешниҳод кунем, ки агар филм аз сад қисм иборат бошад, 50-тои онро коргардонҳои мо дар Тоҷикистон ба навор гиранд ва ҳамин тавр қисматҳои боқимондаи он дар кишварҳои дигар таҳия шавад. Мо дар бахши филмҳои тасвирӣ ду коргардони ҳирфаӣ дорем.
Ҳамчунин ният дорем, ду филми муштараки мустанад бо коргардонҳои эронӣ таҳия кунем. Номи яке аз ин филми мустанад «Рангҳо» аст. Яъне, рангҳое, ки дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, дар суннатҳои тоҷикӣ ё либоси занон ё рангҳое, ки мардуми тоҷик дӯст медоранд, ба рассомони тоҷик наздиктар аст.

Радиои Озодӣ: Дар ин масъалаҳо қарордод ба имзо расид?

Носир Саидов: Ду қарордод оид ба ҳамкориҳо ба имзо расондем. Аммо қарордод дар бораи таҳия шудани ҳар филм баъди мушаххас шудани мавзӯъҳо сурат мегирад. Ҳоло як коргардони эронӣ дар бораи худи «Тоҷикфилм», таърихи он ва фаъолияти имрӯзиааш филми мустанад месозад. Ин филм ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Эрон тариқи телевизион пахш хоҳад шуд.

Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, ки филмҳои тоҷикӣ шояд харидор пайдо кунанд. Як филм тақрибан чӣ қадар арзиш хоҳад дошт?

Носир Саидов
Носир Саидов
Носир Саидов: Нархи филм аз он ҳам ҳам вобаста аст, ки он бори чандум намоиш дода мешавад. Нархи намоиши якум баландтар аст. Аммо бахше аз филмҳои мо таърихианд. Ҳамзамон онҳо ба сифати филм ҳам эътибор медиҳанд. Ҳамаи филмҳое, ки пешниҳод кардем, зернависи инглисӣ доранд. Мо мехоҳем ин филмҳо дар Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон ҳам бо зернависҳои инглисӣ пахш шавад. Ба ин васила ин филмҳоро ҳам хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, тамошо мекунанд ва ҳам барои забономӯзии худи тоҷикон кӯмаки хубе мешавад. Мо наздики даҳ филми таърихӣ ва чор филми муосирро бо зернависи инглисӣ омода кардаем. Ният дорем намоиши як силсила филмҳои тоҷикиеро, ки зернависи инглисӣ доранд, баргузор кунем. Ба наздикӣ бо Бахтиёр Худойназаров ҳам дар ин масъала сӯҳбат доштем ва филмҳои нави ӯ ҳам дар ин радиф намоиш дода хоҳад шуд.

Радиои Озодӣ: Яъне, аз фурӯши ин филмҳо «Тоҷикфилм» метавонад даромади хуб ба даст орад?

Носир Саидов: Албатта, метавонад. Муҳим он аст, ки агар мо филмҳоро фурӯшем, намоиши филмҳо аз ҷониби мо назорат мешавад. Дар ҷашнвораи Пусон ҳам, ки соли гузашта дар он намоиши ҷаҳонии филми «Оинаи беҷило» баргузор шуд, бахши филмҳое буд, ки мардум надидаанд. Дар он мо филми «Ал-Бухорӣ» ва як филми Толиб Ҳомидовро ба намоиш гузоштем.

Радиои Озодӣ: Хуб, баргардем боз ба ҷашнвораи Фаҷр. Агар махфӣ набошад, маблағи ҷоиза чӣ қадар буд?

Носир Саидов: Ҷоиза маблағ надошт, аммо барои иштироки филм дар ҷашнвораҳои дигар як қадам ба пеш буд, ин эътирофи филм аст.

Радиои Озодӣ: Худи муаллифи филмнома Бахтиёр Каримов, ки муддатест дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад, дар ин ҷашнвора ширкат надошт?

Носир Саидов: Не, худи Бахтиёр ширкат надошт, аммо аз шунидани ин хабар ниҳоят шод шуд. Вай ба ман гуфт, ки ҳоло як филмномаи дигар навиштааст, ки рӯзҳои наздик ба ман ирсол мекунад.

Радиои Озодӣ: Пешаи Бахтиёр аслан сартарошист. Оё ӯ дар Русия ҳам бо сартарошӣ машғул аст?

Носир Саидов: Бале, ӯ сартарош аст, аммо дар Русия бо корҳои дигар машғул аст. Кори эҷодӣ ҳам мекунад. Бо дархости телевизионҳову студияҳо барояшон филмнома менависад.

Радиои Озодӣ: Бахтиёр нияти бозгашт ба Тоҷикистонро надорад?

Носир Саидов: Пештар меомаду мерафт, аммо шаш моҳ шуд, ки наомадааст. Бо баъзе корҳояш банд аст.

Радиои Озодӣ: Филми «Оинаи беҷило» боз дар кадом ҷашнвораҳо ширкат хоҳад кард?

Носир Саидов: Моҳи феврал дар Фаронса ва моҳи март дар Амрико намоиши филм баргузор мешавад, аммо ин намоиши озмунӣ нест. Барои пешниҳоди филм дар ҷашнвораҳо бояд гурӯҳи алоҳида фаъолият дошта бошад, ки мо мутаасифона, барои ин кор чандон фурсат намеёбем.

Радиои Озодӣ: Аслан, шумо ба ояндаи «Тоҷикфилм», ки гузаштаи пурифтихоре дошт, хушбин ҳастед?

Носир Саидов: Албатта, мо бо ҳамкасбонамон ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷ ҳамкории хуб дорем. Соли гузашта мо ду филми баланд таҳия карда будем, имсол ният дорем панҷ филми баланд, се филми кӯтоҳ ва се филми мустанад бисозем. Аз моҳи март давраи омодагӣ шурӯъ мешавад. Моҳи апрел наворбардории филми наве бо номи «Муаллим» оғоз мешавад, ки муаллифаш Сафар Ҳақдодов аст ва коргардон худам ҳастам. Филмномаи онро ба ҷашнвораҳои байналмилалӣ барои ширкат пешниҳод кардаем, ки хеле хуб қабул шуд. Аз ин хотир, ман хеле хушҳолу хушбин ҳастам.
XS
SM
MD
LG