Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Филми "Муаллим"-и Носир Саидовро дар Эрон намоиш доданд


Филми коргардони тоҷик Носир Саидов бо номи "Муаллим" дар бахши байналмилалии ҷашнвораи "Фаҷр"-и Эрон намоиш дода шуд. Ин филм зиндагии пурталотуми омӯзгор дар солҳои навадумро нишон медиҳад.

Бахши байналмилалии ҷашнвораи филми "Фаҷр" рӯзи шанбеи 25 апрел кори худро дар шаҳри Теҳрон оғоз кард ва дар баробари филмҳои эронӣ ва хориҷии ширкаткунанда дар ин ҷашнвора, филми "Муаллим"-и коргардони тоҷик Носир Саидов низ намоиш дод. Ба гузориши вебсайти ҷашнвораи байналмилалии филми "Фаҷр", ин филми коргардони тоҷик дар ҳамоиши бузурги фарҳангӣ ду дафъа намоиш дода шудааст.

Дар филми "Муаллим"-и Носир Саидов яке аз нақшҳои асосиро ҳунарпешаи эронӣ Маҳнози Афшор бозӣ мекунад. Маҳноз Афшор, яке аз ҳунарпешаҳои бисёр маъруфи синамо ва театри Эрон аст ва нахустин бор бо даъвати Носир Саидов, коргардони тоҷик дар филми ӯ бо номи “Муаллим” нақши аслиро бозид.

Филми мазкур моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе ба намоиш даромад ва аз тарафи мунаққидон баҳои баланд гирифт. Достони филм, зиндагии душвори омӯзгорони тоҷик дар охири солҳои пурталотуми 90 дар Тоҷикистон аст, ки дар он замон идеологияи шуравӣ рӯ ба таназзул овард ва баъдан муаллим мақому манзалати баландаш дар ҷомеаро аз даст дод. ​

Ин филм аз сӯи киностудияи “Тоҷикфилм” таҳия шуда ва нақшҳои асосиро Марат Орифов, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва Маҳнози Афшор, ҳунарманди эронӣ, иҷро кардаанд. Абдулкарим Машрабов ва Фаридун Раҳматов аз бозигарони дигар дар ин филм ҳастанд.

Бахши байналмилалии ҷашнвораи филми "Фаҷр" дар Эрон пас аз ҷудо кардани он аз бахши миллӣ, ки ҳар сол дар моҳи феврал баргузор мешавад, имсол барои аввалин бор аз 25 апрел то 2 май дар шаҳри Теҳрон баргузор мешавад.

МУАРРИФИИ ФИЛМИ "МУАЛЛИМ" (АЗ БОЙГОНӢ)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG